Пайвандҳои дастрасӣ

Дастури бандӣ кардани қочоқбарон


Намояндагии Созмони Байналмилалии Муҳоҷират дар Тоҷикистон як роҳнамои мубориза бо қочоқи инсонро барои мақомоти қудратии ин кишвар пешниҳод кард. Ба ин муносибат масъулини ин созмон 19 август, нишасте доир намуда, ин роҳнаморо, ки «Машваратҳои амалӣ барои кормандони интизомӣ» унвон дорад, муаррифӣ карданд.
Фирӯз Сатторов - ҳамоҳангсози барномаҳои Созмони Байналмилалии Муҳоҷират гуфт, мизони қочоқи инсон дар кишварҳои Осиёи Марказӣ, аз ҷумла Тоҷикистон рӯ ба афзоиш ниҳодааст, аммо ҷараёни мубориза бо он аз тарафи мақомоти қудратии ин кишварҳо нокофӣ ба назар мерасад ва сабаби аслии нашри як чунин китоби машваратӣ низ ҳамин аст: "Воқеан ҳам ин дастур манфиатбахш ва роҳнамои амалии кормандони мақомоти қудратӣ дар мубориза алайҳи қочоқи инсон аст. Аллакай нишондодҳои ин дастур дар амалияи мақомоти қудратӣ, гуфтан метавон, мавриди истифода қарор гирифтааст."
Оқои Сатторов, афзуд бар асоси ҳамкорӣ бо Созмони Ҷаҳонии Муҳоҷират раёсати мубориза алайҳи ҷинояткории муташаккилонаи вазорати умури дохилаи Тоҷикистон тӯли се моҳи ахир дар мавриди қочоқи инсон 14 парвандаи ҷиноӣ боз кардааст.
Қочоқи инсон ба гуфтаи Карим Самиев, корманди Академияи вазорати умури дохилаи Тоҷикистон гуфт, барои ин кишвар аз қабили ҷиноёти нав аст. Вай мегӯяд, заминаи ҳуқуқии мубориза зидди ин ҷиноят Қонун дар бораи қочоқи инсон» аст, ки аз ҷониби парлумони ин кишвар моҳи июли соли равон қабул шудааст: "То солҳои навадум дар Тоҷикистон ин қабил ҷиноят вуҷуд надошт, паҳн нагашта буд. Аз сабаби он ки ин ҷиноят афзоиш ёфта истодааст, давлат, ҷамъият зарур мешуморад, ки механизмҳои худро кор карда барояд."
Оқои Самиев ҳамчунин афзуд дар Академияи вазорати умури дохилаи Тоҷикистон курси махсуси омодасозии мутахассисон дар мавриди мубориза бо қочоқи инсон созмон дода шуд ва гуфт, роҳнамои мубориза бо қочоқи инсон мавриди таълимӣ мутахассиони мазкур қарор хоҳад гирифт.
Фирӯз Сатторов, ҳамоҳангсози барномаҳои Созмони Ҷаҳонии Муҳоҷират мегӯяд, шаҳрвандони Тоҷикистон аксар дар Қазоқистону Русия ва кишварҳои Халиҷи Форс мавриди хушунати ҷинсӣ қарор гирифтаанд ва дар аксар маврид ин қазияро ба муҳоҷирати онҳо марбут медонанд.
Барот Юсуфӣ аз шаҳри Душанбе
XS
SM
MD
LG