Пайвандҳои дастрасӣ

Чор рӯзномаи Душанбе интишор нашуд


Чаҳор ҳафтаномаи чопи Душанбе, ки мебоист рӯзи панҷшанбе нашр ва тавзеъ шаванд, интишор наёфтанд. Ҳафтаномаҳои мустақили "Нерӯи Сухан", "Рӯзи Нав", "Оламу Одам" ва "Наҷот" - нашрияи Ҳизби Наҳзати Исломии Тоҷикистон ба иллати баста шудани чопхонаи хусусии мавсум ба "Ҷиёнхон" аз ҷониби ходимони полиси андози кишвар натавонистанд, ба дасти хонандагони худ бирасанд.
Бобохон Нуруллозода - раиси чопхонаи "Ҷиёнхон" дар як тамоси телефонӣ бо Радиои Озодӣ гуфт, рӯзи 18 август ба думболи нашри шумораи навбатии "Нерӯи Сухан" чанд тан аз ходимони полиси андози кишвар бидуни кадом огаҳии қаблӣ вориди корхона шуда ва нусхаҳои интишорёфтаи ин нашрияро бо худ бурданд. Оқои Нуруллозода гуфт, бо дастури ходимони полиси андоз фаъолияти чопхона мутаваққиф ва дари он мӯҳр зада шудааст. Ҳамин манбаъ гуфт, ходимони полиси андоз ба иллати бештар аз теъдоди эъломшуда чоп намудани шумораи ҳафтанома онро мусодира карданд.
Бобохон Нурулллозода - раиси чопхонаи "Ҷиёнхон", ки аз идораи полиси андоз тавассути телефони ҳамроҳ сӯҳбат мекард, гуфт: "Феълан маълум нест. Ин ҷо аз ҳисоби як тираж як иштибоҳи компютерӣ шудааст. Аз ҳисоби тираж, ки дар он ҷо ду ҳазору ҳафтсад навишта шуда буд, фармоиши ин ҳафта ҳафт ҳазор нусха буд. Ҳоло баҳси мо дар ҳамин бора мондааст."
Аммо Мухтор Боқизода сардабири ҳафтаномаи "Нерӯи Сухан" гуфт, камтар зикр шудани теъдоди шумораи ҳафтанома танҳо як иштибоҳи техникӣ аст, вагарна дар мактуби расмӣ нашри ҳафт ҳазор шумора фармоиш шудааст.
Дар ҳамин ҳол Раҷаби Мирзо муассис ва сардабири нашрияи "Рӯзи Нав" яке дигар аз ҳафтаномаҳои мустақил, ки ба иллати баста шудани чопхона натавонистааст, мунташир шавад, гуфт, мақомоти полиси андоз тибқи қонунӣ мавҷуда метавонистанд, чопхонаро ба далели напардохтани молиёт ҷарима кунанд, вале набояд бо бастани чопхона садди роҳи интишори нашрияҳои дигар шаванд: "Ҳамзамон бо ин огаҳ кардани чопхонаҳои дигар, ки чопи "Рӯзи Нав", "Нерӯи Сухан", "Оламу Одам", ва "Наҷот"- ро ба гардан нагиранд, чӣ маъно дорад. Ин худ гувоҳӣ намедиҳад, ки ин нақшаи пешакӣ тарҳрезӣ шудааст."
Ин дар ҳолест, ки мақомоти давлат, аз ҷумла ходимони полиси андоз аз шарҳи қазияи мазкур сарфи назар карданд. Навбатдори полиси андоз, ки аз зикри номаш худдорӣ кард, дар посух ба саволи мо дар иртибот ба қазияи баста шудани чопхонаи "Ҷиёнхон" ва аз тавзеъи "Нерӯи Сухан" ҷилавгирӣ кардани ходимони ин идора гуфт, дар телевизиони давлатӣ шоми имрӯз ба таври муфассал маълумот дода мешавад.
Абдуқайюми Қайюмзод аз шаҳри Душанбе
XS
SM
MD
LG