Пайвандҳои дастрасӣ

Аз хона бадар ва муҳоҷир дар ватан


Барот Юсуфӣ аз ноҳияи Шаҳритус

Бархе аз муҳоҷирин, ки пас аз имзои созишномаи сулҳи Тоҷикистон дар соли 1997 ба ин тараф аз Афғонистон, Покистон, Қирғизистону Туркманистон ва Русия ба зодгоҳи худ бозгаштаанд, ё ба манзилҳои худ соҳиб нашудаанд, дар манзилҳои харобгашта ба сар мебаранд.
Сайидумрон Мирзошарипов, як сокини деҳаи Сайёди ноҳияи Шаҳритуси Тоҷикистон дар гармои тоқатфарсои тобистон рӯи кат нишастааст, мегӯяд, чаҳор сол пеш аз муҳоҷирати иҷборӣ аз Ҷумҳурии Қирғизистон баргаштааст, вале ҳанӯз бо ҳамсар ва ҳафт нафар фарзанд дар гӯшае аз ин сарои мошинҳои деҳа иқомат дорад. Вай гуфт, манзили бо меҳнат бунёдкардаашро нафари дигар, бо силоҳ ва иҷборан соҳиб шудааст. Ба гуфтаи Моҳиҷиён Давлатова, хонуми оқои Сайидумрон соли 1993 чанд нафар силоҳбадастон ӯ ва шаш нафар фарзандашро аз манзил иҷборан бадар кардаанд ва онҳо аз ҳарос рӯ ба кишвари ҳамсояи Қирғизистон оварданд: "Соли 1993 шабона чанд нафар бо автомат омада гуфтанд, ё хона мегӯӣ ё ҷон. Ман шаш фарзандамро гирифта, ба хонаи ҳеварам рафтам."
Хонум Моҳиҷиён меафзояд, ҷанг сарнавишти хонаводаи ӯро ду қисмат кард, агар худи вай бо фарзандон дар Қирғизистон паноҳ бурда бошад, шавҳараш чанд соли ҷудоиро дар Афғонистон паси сар намуд. Аммо оқои Сайидумрон мегӯяд, пас аз бозгашт дар соли 1994 афроди мусаллаҳ нагузоштанд, ки ӯ ҳатто ба манзили худ ворид шавад.
Ба гуфтаи вай, пас аз хатми ҷанги шаҳрвандӣ ва пойдории сулҳ дар Тоҷикистон Сайидумрон чун ҳазорҳо нафар муҳоҷирин, ки аз ғурбат баргаштанд, хостааст бо умед якҷо бо фарзандон дар кулбаи пешин зиндагӣ ба сар барад.
Вақте ӯ дар бораи зиндагии баъди паноҳандагиаш ҳарф мезад, мисли ин буд, ки талхтар аз даврони муҳоҷираташ будааст: "Ҷанг сар шуд, ман хеста Афғонистон рафтам, оилаам ин ҷо буд, ман омадам, ки онҳо ба Қирғизистон рафтаанд. Ман ҳам ба Қирғизистон рафтам ва дар онҷо ҳафт сол зиндагӣ кардем. Бозгашта ба ватани худамон омадем, вале манзиламонро ба мо надода истодаанд. Ба суд муроҷиат кардем, баррасӣ карда истодаанд, вале дар як сол бештар аст ду хонаи гурезаҳоро барнамегардонанд."
Вале он нафаре, ки дар манзили пешини оқои Сайидумрон имрӯз ба сар мебарад, низ иддао дорад, ин манзилро аз хонуми Сайидумрон харидааст. Аммо вай бар ин иддаои худ далел надорад, зеро миёни ӯ ва хонуми Сайидумрон қарордоде ба тасвиб нарасидааст ва санаде надоштааст, ки ин иддаои уро таъйид созад.
Дар ҳоли монанд ба мушкилоти оқои Саидумрон ҳамчунин шаш оилаи дигари қирғизтабори ноҳияи Шаҳритуси Тоҷикистон зиндагӣ доранд. Онҳо мегӯянд, аз ин деҳа дар солҳои ҷанги шаҳрванди 136 оила ба Қирғизистон гуреза шуда буданд. То ба имрӯз 21 оилаи аз муҳоҷират бозгашта аз тариқи муроҷиат ба додгоҳ манзили худро бозпас гирифтаанд ва боқӣ ҳама аз манзил маҳруманд.
Бар асоси иттилоъи Хадамоти муҳоҷирати Тоҷикистон раванди бозгашти оммавии муҳоҷирин аслан аз соли 1996 шурӯъ шуда, то соли 2001 ва ҳатто баъд аз он идома намуд. Як намояндаи Хадамоти муҳоҷирати Тоҷикистон мегӯяд, мувофиқи маълумоти расмӣ наздик ба 60 ҳазор нафар шаҳрвандони кишвар, аз ҷумла сокинони минтақаи Қӯрғонтеппа марзи Афғонистонро убур карда буданд.
Бо бозгашти онҳо бо иқдоми хадамоти муҳоҷират ва зеркомиссияи Комиссияи оштии миллии пешин ва созмонҳои байналмилалӣ аксари муҳоҷирин бо манзилҳои пешини худ таъмин шуданд ва бахши аъзами вайронаҳои онҳо таъмиру тармим шуданд.
Абдусаттор Исоев - ҳамоҳангсози барномаҳои Созмони Ҷаҳонии Муҳоҷират гуфт, созмони онҳо бар асоси муроҷиати муҳоҷирин барномаҳои кӯмаки худро таҳия месозанд: "На танҳо аз ноҳияи Шаҳритус, балки аз ҳамон минтақаи Қӯрғонтеппа ягон нафар муроҷиат накардааст. Дар бораи гурезаҳои аз Қирғизистон баргашта мо ягон маълумот надорем. Барномаҳои мо бо он нафароне, ки аз муҳоҷират аз Туркманистон, Покистон баргаштаанд, кор карда истодаанд. Вале бо гурезаҳои аз Қирғизистон бозгашта мо кор накардаем."
Вале дар ҳар сурат Сайидумрон Шарипов ба ҳалли одилонаи қазия дар мавриди бозпас гирифтани манзилаш ҳамчунон ба додгоҳ умед дорад. Аммо маълум нест, ки додгоҳ ин қазияро кай ба поён хоҳад расонд?
XS
SM
MD
LG