Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Тамаъи давлат аз кӯдакони аробакаш, сарнавишти империяҳои молии Ғаффор Мирзоев, кадр, пул ва иттилоъот


Дар ин ҳафта ҳатто матолиби иқтисодии нашрияҳои Тоҷикистон ба Ғаффор Мирзоев иртибот дошт. Ҳафтаномаи Ҳизби Демократи Тоҷикистон мавсум ба «Адолат» навиштааст, сарнавишти империяи молии генерал, ки поягузори бизнеси бозиҳои молӣ ва ё казино дар кишвар, шабакаи хидматгузорӣ дар умури нигаҳдории маҳсулоти гӯштӣ, дӯконҳо, тиҷорати амволу моликият, хидматгузории бонкӣ ва сервиси баланди тарабхонаву қаҳвахонаҳои шабонарӯзӣ чӣ мешавад?
«Рӯзи Нав» навиштааст, боздошти Ғаффор Мирзоев ҳатто ба нархи сигор таъсир расонидааст. Хабарнигори «Рӯзи Нав» як қуттии Pine-ро, ки қаблан як сомонию бист дирам арзиш дошт, як сомониву ҳафтод дирам харидааст.
Ҳафтаномаи "Тоҷикистон" бо нашри матлабе андозҳои имрӯзаро барои соҳибкорон гарон хондааст ва гуфтааст, сабаби аслии воридоти кам ба буҷа маҳз ҳамин андозҳои гарон мебошанд. Муаллиф навиштааст, аксари кулли соҳибкорон аз қонунҳо ба хубӣ хабардор нестанд ва хабардор будан ҳам намехоҳанд, зеро барояшон додани пора ба андозситон беҳтар аст аз пурра супоридани андоз.
Аз андоз ҳатто кӯдакони аробакаши Тоҷикистон шиква доштаанд. Нашрияи «Адолат» дар матлабе зери номи «Рӯзи давлат ба кӯдаки аробакаш монд?» навиштааст, имрӯз ҳатто аз кӯдакҳои аробакаш низ андоз ситонида мешавад. Навишта шудааст, андози якмоҳа барои аробакашҳо дар маҷмӯъ сивуяк сомониро ташкил медодааст ва аз ин рӯ аробакашҳо бо дидани пулиси андоз аробаҳояшонро гирифта мегурехтаанд.
Барои насупоридани андоз аробаҳо ситонида мешудаанд ва ҳол он ки нархи як ароба сад доллар аст. Кӯдакони аробакаш ба муаллифи матлаб гуфтаанд, онҳо даромади хеле кам ба даст меоранд, ки барои худашон нокофист, аммо онҳоро водор мекунанд, то аз ҳамин даромади ночизашон низ андоз супоранд.
«Адолат» дар матлаби дигаре дар мавзӯъи маориф навиштааст, рушди иқтисод ба хароҷоти кишвар дар соҳаи маориф марбут аст. Аммо дар Тоҷикистон барои донишандӯзии ҳар як фард давлат солона танҳо тақрибан панҷ доллар сарф мекардааст, ки дар муқоиса бо дигар кишварҳо хеле ночиз аст. Муаллифи матлаб, доктори улуми иқтисодӣ проефссор Ҳоҷимуҳаммад Умаров навиштааст, айни ҳол дар Тоҷикистон 13.000 муаллим намерасад ва қисмати дигаре аз муаллимони боқимонда дониши казоӣ надоранд, ки ин ду омил соҳаи маорифро ба варта дучор кардааст.
Дар як матлабе дар «Одаму Олам» Бӯрӣ Карим навиштааст, Тоҷикистонро аз бӯҳрон танҳо КАДР, ПУЛ ва ИТТИЛОЪОТ метавонад раҳо бахшад. Аммо Тоҷикистон идома додааст муаллиф, дар хазинаи худ танҳо ним миллиард доллар дорад ва аммо беш аз як миллиард доллар карздор мебошад.
Дар худи Тоҷикистон хоҷагиҳои пахтакори кишвар аз рӯи шартномаҳои фючерсӣ 160 миллион доллар қарздор шудаанд. Ношири ин хабар ҳафтаномаи «Бизнес и Политика» бо такя ба коршиносони масоили иқтисодӣ навиштааст, фаъолияти минбаъдаи ширкатҳои фючерсӣ барои рушди соҳаи пахтакорӣ оқибати нохуш ба бор хоҳад овард ва аз ин рӯ пас аз баргаронидани ҳамаи ин қарзҳо бояд низоми маблағгузории фючерсӣ аз байн бардошта шавад.
XS
SM
MD
LG