Пайвандҳои дастрасӣ

Ғаффор Мирзоев аз тасмими ҳукумат огоҳ буд?


Абдуқайюми Қайюмзод аз ноҳияи Панҷакент

Ғаффор Мирзоев - раиси собиқи Оҷонсии назорат бар гардиши ғайриқонунии маводи мухаддири Тоҷикистон қисмате аз иттиҳомоти нисбат ба ӯ эълоннамудаи додситониро эътироф кардааст.
Қаюм Юсуфов - яке аз вукалои мудофеъи Ғаффор Мирзоев рӯзи сешанбе ин хабарро таъйид кард, вале ҳамзамон ба хотири халал наафтодан дар ҷараёни бозрасӣ аз додани иттилоъи бештар дар мавриди эътирофи кадоме аз иттиҳомоти эълоншуда аз тарафи нафари зери ҳимояташ худдорӣ кард.
Қаюм Юсуфов, ки дар ҷараёни эълони расмии иттиҳомоти қаблӣ ба Ғаффор Мирзоев дар маҳбас ширкат кардааст, гуфт, генерал Мирзоев ду рӯзи қабл аз замони боздошт иттилоъи дақиқ дошт, ки вай дастгир мешавад. Аммо вай мутмаин буд, ки бегуноҳ аст ва аз ин рӯ аз кишвар ба хориҷ нарафт.
Вакили мудофеъи Ғаффор Мирзоев гуфт, дар мулоқоти аввалине, ки баъд аз зӯҳри рӯзи 16 август бо нафари зери ҳимояташ доштааст, масъалаи табдили шароити боздошти ӯро дар заминаи қавонин бо вай баррасӣ кардааст: "Мо дар бораи имконияти иваз кардани чораи пешгирии ӯ аз ҳабс ба гарав бо худи ӯ маслиҳат кардем."
Оқои Юсуфов гуфт, аммо ин пешниҳоди мазкурро танҳо мақомоти тафтишот метавонанд, қабул ва ё рад кунанд, зеро тибқи қавонини кайфарии кишвар тағйири шароит ва чораҳои қаблии боздошт дар салоҳияти мақомоти тафтишот вогузор шудааст.
Аммо Манучеҳр Нуров - сардори раёсати тафтишоти додситонии низомӣ ва роҳбари гурӯҳи бозрасии қазияи Ғаффор Мирзоев дар як сӯҳбати телефонӣ бо Радиои Озодӣ гуфт, ки ин масъала то ҳоли ҳозир матраҳ ва баррасӣ нашудааст. Оқои Нуров иллати коҳиши чанд мавриди ҷиноиро аз парвандаи Ғаффор Мирзоев ба ҳангоми эълони расмии айб чунин тавзеҳ кард: "Дар қисмате, ки аллакай айби ӯ ба пуррагӣ исботи худро ёфтааст, дар ҳамин қисмат мо ба ӯ айб эълон кардем. Боқимонда он лаҳзаҳои ҷинояте, ки мо гумонбараш мекунем, ин тарафашро дар давоми тафтишот агар исботи худро ёбанд, ба ӯ айб эълон карда мешавад."
Ба ҳамин тартиб генерал Ғаффор Мирзоев - раиси пешини Оҷонсии назорат бар маводи мухаддири Тоҷикистон ба иттиҳоми нигаҳдории ғайриқонунии силоҳу муҳимоти ҷангӣ, сӯиистифода аз мансаби хидматӣ, саркашӣ аз пардохти молиёт ва убури ғайриқонунии марз гунаҳкор дониста шудааст.
Аммо Қаюм Юсуфов - вакили мудофеъи генерал Мирзоев дар хатми конфронси хабарӣ гуфт, имкон дорад, иттиҳомоти эълоншуда ба шахси таҳти ҳимояти вай дар ҷараёни бозрасӣ боз ҳам тағйир ёбад. Вале аз он ки мақомоти тафтишот барои вай иҷозаи сӯҳбати хилватро бо Ғаффор Мирзоев надодаанд, нигаронӣ кард.
Абдуқайюми Қайюмзод аз шаҳри Душанбе
XS
SM
MD
LG