Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Посухи деринтизори Раҷаби Мирзо расидааст


Раҷаби Мирзо сардабири ҳафтаномаи «Рӯзи Нав» мегӯянд дар посух ба изҳороти вай аз таърихи 30 июл ба унвони раиси ҷумҳур, ки зимни он хостори ошкор ва муҷозоти авомили ҳамла ба ӯ шуда буд, додситонии кулли Тоҷикистон ба додситони шаҳри Душанбе дастур додааст, ки ҷараёни иҷрои ин парвандаро суръат бахшад. Сардабири «Рӯзи Нав» мегӯяд, дар посухи катбие, ки ба унвони вай омадааст, додситонии Душанбе то рӯзи 30 август фурсат дорад, ки дар бораи авомили ҳамла ба Раҷаби Мирзо ба ў ва додситони кулл гузориш диҳад: "Аз прокуратураи шаҳри Душанбе Прокуратураи генералии Тоҷикистон тақозо кардааст, ки то 30-уми август ба унвонии ҳафтаномаи "Рӯзи Нав" ва Прокуратураи генералии Тоҷикистон дар бораи натиҷаҳои тафтишот маълумот диҳад, ҳоло ман дар бораи дигар ҷузъиёт хабар надорам ва ҳатто муфаттишон ҳам ба мо доир ба ҷузъиёти иловагӣ хабар надодаанд."
Дар ҳамин ҳол Файзимат Каримов - сарпарасти додситонии Душанбе зимни сӯҳбат ба Радиои Озодӣ гуфт, тафтиши ин қазия зери назорати бевоситаи вай қарор гирифтааст. Вале аз ифшои ҳар гуна маълумоти бештар дар ин маврид худдорӣ намуд: "Қонунро вайрон накунанд, муҳлати мурофиавиро риоя кунанд, ягон қонуншиканӣ накунанд. Мо ҳамин хел назорат бурда истодаем."
Аммо сардабири нашрияи «Рӯзи Нав» мегӯяд, Анҷумани ҳуқуқии Тоҷикистон ахиран ба манзури мусоидат ба иҷрои парвандаи мазкур ва ҳимоят аз ҳуқуқи ў дар ҷараёни тафтиши парванда як вакили мудофеъ барои «Рӯзи Нав» таъйин кардааст.
Раҷаби Мирзо - сардабир ва соҳибимтиёзи нашрияи «Рӯзи Нав» дар таърихи 29 июл дар остонаи манзили маскуниаш мавриди ҳамлаи афроди ношинос қарор гирифт, ки бар асари он ҷароҳат бардошт ва то кунун бистарист. Ӯ зимни номаи худ ба унвони раиси ҷумҳур ҳамла ба ҷонашро як амали сӯйиқасд ва вобаста ба фаъолияти хабарнигориаш арзёбӣ карда буд.
Нахустин шумораи «Рӯзи Нав» дар як соли пеш мунташир гашт ва дар ҳоли ҳозир ин ҳафтанома яке аз нашрияҳои бонуфузи сиёсии чопи Душанбе дониста мешавад.
Раҳматкарими Давлат аз шаҳри Душанбе
XS
SM
MD
LG