Пайвандҳои дастрасӣ

Чеҳраи Ҳафта: Ғаффор Мирзоев


"Инқилобҳое, ки мешаванд, пас аз инқилобҳо ҳар як кас ба манфиатҳои худу дар он ҷо ба хидматҳои худ мешавад. Бисёр одамон барои Ватану барои миллату чизҳои дигар ҷони худро фидо намуда, хидмат мекунанд. Баъд марҳалае меояд, ки марҳалаи барқароршавиву марҳалаи аз ғалбер гузарондан, дар ҳамон ҷо маълум мешавад, ки кӣ барои Ватанаш хидмат кардааст ва кӣ - барои манфиатҳои худаш."
Ин садои Ғаффор Мирзоев, дуввумин генерали боздоштшудаи тоҷик аз ҷумлаи фармондеҳони Ҷабҳаи Халқӣ буд, ки дар як соли баъди истиқлолияти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмонов, раисиҷумҳури феълии кишварро бар ҳарики қудрат нишониданд. Ва дар замони муқовимати дохилӣ ва то чанд соли пеш ин фармондеҳон, ки Ғаффор Мирзоев аз ҷумлаи саршиностарин ва пурнуфузтарини онҳо буд, омили аслии касби қудрати давлати оқои Раҳмонов маҳсуб мешуд.
Саид Абдуллоҳи Нурӣ, раиси ҲНИТ, аз ташаккулҳои умдаи сиёсӣ ва фармондеҳи нируҳои пешини мусаллаҳи мухолифи давлат, ки дар баробари нируҳои ҷонибдори давлат, аз ҷумла Ѓаффор Мирзоев меҷангиданд, мегӯяд: "Мо ҳамин Ғаффор Мирзоеву Саидшоҳ Шамолову Қурбони Чолову... хиёл мекардем, ки ҳаминҳо аз ҳукумати аз сохти конститутсиониаш дифоъ мекунанд. Агарчӣ ҷанг як мусибат аст ва ҳамаи мо ба он нафрат дорем, вале ҳамин ҷанг як идда аз салаҳшурон, одамони ҷасуру қаҳрамон ва шахсиятҳои азҷонгузаштаро ба мо ҳадя кард, аз ҷумла қумандонҳо ва фармондеҳони ҳам ҷониби оппозитсия ва ҳам ҷониби давлатро. Ман боварӣ дорам ва мутмаин ҳастам, ки душманҳои миллати мо дар хориҷ ана аз ҳамин қумандонҳо метарсанд. Онҳо пеш аз ҳама қудратҳои асосиеро, ки аз онҳо метарсанд, дур мекунанд."
Мирзоев Ғаффор Раҳмонович, генерал-лейтенанти нирӯҳои мусаллаҳи Тоҷикистон, ки бо лақаби "Седой" ё "Сарсафед" низ машҳур аст, 48 сол дорад.
Ӯ Донишгоҳи тарбияи бадани Тоҷикистонро дар соли 1978 хатм карда, як муддат устоди тарбияи бадан дар Донишгоҳи Кӯлоб ва баъд ҳам муовини раиси Донишгоҳи тарбияи бадани Тоҷикистон буд. Як дафъа дар миёнаи солҳои ҳаштод дар як муноқишаи миёни гуруҳҳо муттаҳам ва барои як муддати кутоҳ маҳкум шудааст.
Дар баҳори соли 1992 замони оғози бархурдҳои лафзии мухолифон ва ҷонибдорони ҳукумати Раҳмон Набиев, ки дар ду майдони Шаҳидон ва Озодӣ дар муқобили ҳам қарор гирифтанд, Ғаффор Мирзоев ва Ёқуб Салимов, генерали дигари зиндонии тоҷик ва вазири дохилаи собиқи ҳукумати Раҳмонов дар миёнаҷои ду майдон дар хамгашти хиёбонҳои Рудакӣ ва Шоҳтемур хайма заданд ва эълон карданд, ки ҳадафашон ҷилавгирӣ аз бархӯрди майдонҳо ва аз эҳтимоли ҷанг аст.
Аммо ба рағми ҳама талошҳои аксари гурӯҳҳо ҷилавгирӣ аз ҷанг муяссар нагашт. Вале аз ҷумла Ғаффор Мирзоев дар ибтидо мавриди эътимоди Ҷабҳаи Халқӣ ва нирӯҳои ҷонибдори барқарории сохти конститутсионӣ набуд ва аз Кӯлоб ба Душанбе муҳоҷир шуда буд. Аммо дар остонаи иҷлосияи Хуҷанд, ки таҳаввули куллӣ дар ҳаёти сиёсии Тоҷикистон маҳсуб мешавад, ба ҷамъи нируҳои Фронти Халқӣ пайваст ва бо таъйини ҳукумати нав фармондеҳи бригадаи зудамали вазорати умури дохила таъйин шуд.
У дар соли 1995 бо таъсиси Горди раёсатҷумҳурӣ фармодеҳи он таъйин шуд, ки дар муборизаҳои мусаллаҳона алайҳи нирӯҳои мухолифи давлат саҳми умда доштааст. Ҳамчунин як навбат намояндаи мардум дар Маҷлиси кишвар аз ноҳияи Тоҷикобод интихоб шудааст.
Ғаффор Мирзоев дар солҳои 1997 ва 1998 фармондеҳии амалиёти саркубии нируҳои полковники шуришгар Маҳмуд Худойбердиев дар вилояти Хатлон, ноҳияи Регар ва шаҳри Хуҷандро бар уҳда доштааст. Худи ӯ мегӯяд: "Дар баъзе табаддулотҳо бисёртар афсарону аскарони ман ҳалок шуданд. Ҳуҷуми Маҳмуд Худойбердиев, ҳуҷуме, ки шабона ва номардона ба Горди президентӣ карданд дар соли 1997, соли 1998 дар Хуҷанд, дар Чкаловск."
Генерал Мирзоев дар моҳи январи соли равон аз фармондеҳии Горди раёсатҷумҳурӣ барканор шуд, ки ба ин иқдом мухолифат варзид ва мавриди мухолифати худ бо Эмомалӣ Раҳмоновро рӯшан кард ва онро доман зад. Аммо бо назардошти вазъи пешомада ва эътирози ҷонибдорони Мирзоев, ӯ ба масъулияти Оҷонсии назорат бар гардиши маводи мухаддири Тоҷикистон таъйин шуд. Вай ҳамчунин то кунун раиси Кумитаи Олимпии Тоҷикистон низ мебошад.
Аммо акнун дар боздошт ба сар мебарад. Вале қаблан гуфта буд, ба адолати қонун ва дасти поки додситоне, ки акнун раводиди боздошти ӯро содир кардаст, бовар дорад: "Ба прокурори генералӣ Бобоҷон Каримович ман боварӣ дорам. Боварӣ дорам, ки у як шахси бисёр одил аст. "
Аммо аз оқои Бобохонов, додситони кулли Тоҷикистон пурсидам, ки оё генерал Мирзоев бо ҷамъоварии силоҳу муҳимоте, ки ном бурдед, магар қасди барандохтани низомро доштааст? У гуфт: " Шумо чӣ фикр доред? Ҳар рӯз дар рӯзномаҳо мебароранд, дар "Рӯзи Нав", "Чароғи Рӯз", "Нерӯи Сухан", "Бизнес и политика". Ин аз чӣ дарак медиҳад? Эҳтимолан ӯ кадом мақсадҳое дошт. Вақт нишон медиҳад."
Аммо Султон Қувватов, раиси собиқи идораи мубориза бо ҷароими созмонёфтаи вазорати дохилаи Тоҷикистон мегӯяд, агарчанд Ғаффор Мирзоевро ба гуруҳи олами ҷиноӣ дар гузашта марбут медонад, аммо силоҳу муҳимотеро, ки аз махфигоҳҳои у пайдо кардаанд, мегӯяд сарҳанг Қувватов, бо дастури ҳукумат барои кӯмак ба нируҳои Ҷабҳаи Шимоли Афқонистон бурдаанд, вале чун Толибон сарнагун шуданд, ниёзе ба ирсоли ин муҳимот боқӣ намонд. Оқои Қувватов мегуяд: "Яроқҳоро бо супориши худи раисиҷумҳур ба он ҷо бурда буд. Вақте ки Толибон ҷумҳуриро таҳдид мекарданд, худи ман ҳам омода будам ба ҷанги зидди онҳо бархезам. Гуфтам, ки Ғаффор, ҳамин хел масъалаҳо баромада истодааст, чӣ фикр дорӣ? Мебинем, маслиҳат мекунем, гуфту рафт. Баъди як ё ду моҳ гуфт, ки бо супориши раисиҷумҳур ман он қадар аслиҳае бурдам, ки мо метавонем ба муқобили Толибон се соли дигар ҷанг кунем."
Ҳарфи аввалу охир дар маҳофили сиёсӣ, бозору оши наҳор ва чойхонаҳои Душанбе қазияи боздошти Ғаффор Мирзоев аст. Як далели дигари ин боздошт нигаронии гуруҳҳои молӣ ва рақибони Мирзоев аз дасти тавоно ва нуфузи Ғаффор Мирзоев дар эҳтимоли масъалаи хусусигардонии корхонаи алюминиюми Тоҷикистон гуфта мешавад. Зеро гуфта мешавад, генерал Мирзоев метавонистааст, дар сурати эълон шудани музояда дар муомилаи ин корхона таъсир гузорад.
Ва дар ҳоле, ки ҳамин барнома таҳия мешуд, хабари бархе аз расонаҳо ба нақл аз манобеъи ҳукумати Тоҷикистон, ки гуфтаанд, ду генерали боздоштшуда Мирзоев ва Салимов то рузи 9 сентябр - санаи истиқлолияти Тоҷикистон афв хоҳанд шуд, сарфи назар аз сиҳат доштан ё надоштани ин хабар ҷонибдорони онҳо ва хусусан фармондеҳони дигари ду ҷониби дар гузашта ба ҳам рақибро, ки ҳамчунон дар интизори сарнавишт ва нигаронӣ нишастаанд, хушҳол кардааст.
Аммо генерал Мирзоев низ ба назар мерасад, ки умедро аз даст надодааст: "Мегӯянд-ку, банда ба умед аст. Худо одамро дар пастӣ назанад. Аммо банда ба умед аст."
Раҳматкарими Давлат, Радиои Озодӣ, Душанбе
XS
SM
MD
LG