Пайвандҳои дастрасӣ

Эълони айбномаи генерал Ғаффор Мирзоев


Додситонии низомии Тоҷикистон рӯзи душанбе айбномаи пешакии Ғаффор Мирзоев - раиси собиқи Оҷонсии назорат бар гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир дар ин кишварро эълон кардааст.
Юсуф Раҳмонов - додситони низомӣ ба хабаргузории "Интерфакс" гуфтааст, ки айбнома ба генерал Мирзоев дар ҳузури ду вакили мудофеъи ӯ ва бо риояти тамоми муқаррарот аз рӯи панҷ банди Кодекси Ҷиноии Тоҷикистон эълон шуд.
Аз ҷумла Ғаффор Мирзоевро тибқи моддаи 355-уми кодески мазкур, яъне убури ғайриқонунии марз, моддаи 291, қисми 2 (саркашӣ аз пардохти боҷи гумрукӣ), моддаи 293 (саркашӣ аз пардохти андоз), моддаи 391 (сӯистифода аз мансаб) ва моддаи 191-ум (ҳифзи ғайриқонунии силоҳ ва муҳимоти ҷангӣ) гунаҳкор медонанд.
Юсуф Раҳмонов ба "Интерфакс" гуфтааст, ин ҷиноятҳо ба андешаи муфаттишон комилан собит ва далелҳои қатъӣ доир ба гунаҳкории генерал Мирзоев ҷамъ карда шудаанд. Ба гуфтаи додситон, "айбдоршаванда" қисман ин айбҳоро эътироф кардааст. Аммо Абдуқайюм Юсуфов - вакили мудофеъи Ғаффор Мирзоев, ки бо ӯ мулоқот доштааст, мегӯяд, Ғаффор Мирзоев ба айбномаи додситонӣ розӣ нест.
Ба гуфтаи додситони низомии Тоҷикистон, таҳқиқи иттиҳомоти дигар ба Ғаффор Мирзоев аз ҷумла куштори раҳбари Идораи умури дохилаи ноҳияи Шаҳринав, забти ғайриқонунии замин, фаъолияти ғайриқонунии тиҷоратӣ идома дорад. Ғаффор Мирзоевро, ки 6 август дар Душанбе боздошт шуд, қаблан дар куштори ин мансабдори тоҷик гумонбар медонистанд.
XS
SM
MD
LG