Пайвандҳои дастрасӣ

Ҷаллоди бешамшер, вале бераҳм


Абдуқайюми Қайюмзод аз Душанбе

Теъдоди гирифторони бемории СПИД ва ё норасоии масунияти бадан дар нимсолаи аввали соли равон дар Тоҷикистон дуввуним баробар афзоиш пайдо карда, ба 109 нафар расидааст. Ин дар ҳолест, ки дар шаш моҳи аввали соли гузашта дар кишвар 42 шахси мубтало ба бемории СПИД расман сабти ном шуда буд.
Аъзам Мирзоев - раиси Маркази ҷилавгирӣ ва мубориза зидди СПИД дар Тоҷикистон мегӯяд, афроде, ки бо нишонаҳои бемории мазкур ва ё норасоии масунияти бадан сабти ном шудаанд, пас аз муолиҷаҳои бенатиҷа ва аз даст додани тавони муқовимат бо ин беморӣ, ночор ба онҳо муроҷиат кардаанд. Ба гуфтаи оқои Мирзоев, шумораи воқеии гирифторони бемории СПИД дар кишвар бештар аз ин арқомест, ки эълон мешавад: "Мутахассисоне, ки аз ташкилотҳои ғайридавлативу байналхалқӣ баҳодиҳӣ кардаанд, миқдори ин ашхос то се ҳазор нафар мерасид. Аз 228 нафаре, ки имрӯз ба қайд гирифта шудааст, 182 нафарашонро мардон ва боқимондаашро занҳо ташкил медиҳанд."
Матлуба Раҳмонова, як тан аз пизишкони Маркази ҷилавгирӣ ва мубориза зидди СПИД ин бемориро як маризии ахлоқӣ ва иҷтимоӣ арзёбӣ кард. Вай гуфт, умдатан афроде мубтало ба ин маризӣ мешаванд, ки ё ба нашъамандӣ гирифтор шудаанд ва ё ба равобити ҷинсии номураттаб ва бидуни риояти меъёрҳои беҳдоштӣ машғул астанд.
Хонум Раҳмонова афзуд то ҳоли ҳозир се роҳи сирояти бемории СПИД ва ё норасоии масунияти бадан ошкор шудааст: "Ва асосан се роҳи сирояти ин беморӣ вуҷуд дорад. Аввалаш ба воситаи алоқаи ҷинсӣ, дуюм ба воситаи хуни сироятшуда ва сеюм аз модаре, ки ба ин беморӣ гирифтор аст, ба кӯдакаш дар вақти ҳамл ба ҷанин гузаштанаш мумкин, дар вақти таваллуд кардан ва баъди таваллуд дар вақти маконидан ба ҳамин беморӣ гирифтор шудани кӯдак мумкин мебошад."
Хонум Раҳмонова афзуд, аксари афроди мубтало ба бемории СПИД аз табақаи нодор ва камбизоати ҷомеа ҳастанд ва ба иллати мушкилоти иқтисодӣ наметавонанд ба табобати худ машғул шаванд. Зеро дору ва давои ин беморӣ маблағ ва масрафоти зиёдеро тақозо мекунад, ки афроди гирифтор қудрат ва имкони пардохти онро надоранд.
Ба гуфтаи хонум Раҳмонова, ба ҳамин далоил бештари вақт ин беморӣ ба пайвандон ва наздикони бемор сироят мекунад.
Ва аммо коршиносони тоҷик бар ин назаранд, ки муҳоҷирати кории шаҳрвандон ва махсусан ҷавонони тоҷик ба шаҳру вилоёти Русия, густариши танфурушӣ ва даст ба фаҳшо задани занону духтарон ва ниҳоят афзоиши шумори мӯътодони маводи мухаддир аз авомили аслии дуввуним баробар зиёд шудани гирифторони бемории СПИД дар Тоҷикистон шудааст.
Як хонуми 27- сола, сокини яке аз навоҳии ҷануби кишвар, ки тарбияти ду кӯдаки хурдсол ва бори заҳмати таъмини ризқи худ ва онҳоро ба дӯш дорад, гуфт ҳеҷ нафаре аз ҳамсояҳо намедонанд, ки вай гирифтори ин беморӣ шудааст. Вай, ки аз бурдани номаш иҷтиноб варзид, гуфт, ин беморӣ баъди бозгашти шавҳараш аз Русия ба вай сироят кардааст: "Ба духтур рафтем, анализ супоридем, гуфтанд, ки касали ВИЧ шудаед. Мумкин аз шавҳаратон гузаштааст. Шавҳарам чаҳор сол, ки дар Русия буд. Ҳозир мора ҳардумона дар қайди духтур гирифтагианд, пули бисёр талаб доранд, ки табобаташ мушкил будаст."
Ин хонум афзуд, ки шавҳараш дубора ба Русия барои дарёфти рӯзӣ рафтааст, вале чанд рубли фиристодаашро то ҳоли ҳозир фақат сарфи муолиҷа кардааст.
Аъзам Мирзоев - раиси Маркази ҷилавгирӣ ва мубориза зидди СПИД гуфт, то соли 2003 марокиз ва ё лабораторияҳои ташхиси ин беморӣ дар кишвар ба иллати набуди таҷҳизот ва технологияи махсус наметавонист, гирифторонро ба таври оҷил ташхис кунад. Дар ҳоли ҳозир бо кӯмаки молии Бунёди Глобалии оид ба ҷилавгири аз густариши амрози СПИД ва сил ҳамаи сездаҳ маркази ташхиси бемории СПИД бо таҷҳизоти махсус таъмин шудааст. Оқои Мирзоев гуфт, Бунёди Глобалӣ дар доираи як барнома барои ҷилавгирӣ аз густариши бемории СПИД дар Тоҷикистон ба маблағи 2 миллиону чаҳорсад ҳазор доллари амрикоӣ кӯмак кардааст. Ва бо истифода аз ин маблағ дар ҳафтаи пеш чаҳор нафар пизишк, ду нафар аз Копенгаген ва ду нафари дигар аз кишвархои муштаракулманофеъ бо даъвати марказ ба Душанбе омаданд. Ин пизишкон, ки дорои таҷрибаи фаровони корӣ будаанд, ҳамзамон бо муолиҷаи беморони норасоии масунияти бадан ба табибони Маркази ҷилавгирӣ ва мубориза зидди бемории СПИД роҳҳо ва усулҳои ҷадиди табобати ин маризиро омӯзиш хоҳанд дод. Ба гуфтаи оқои Мирзоев, ҳамчунин ин пизишкон барнома ва ё дастури омӯзишии марказро, ки барои пизишкон таълиф шудааст, таҳрир ва ба нашр тавсия хоҳанд дод.
XS
SM
MD
LG