Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Саъйи нокоми навбатии қочоқбарони "марги сафед"


Марзбонони Русия мустақар дар Тоҷикистон дар минтақахои марзии ин кишвар бо Афғонистон - Қалъаи Хумб ва Маскав аз гурӯҳҳои қочоқбар ҳудуди 300 кило маводи мухаддир бо шумули 160 кило ҳероин кашф ва мусодира карданд. Александр Кондратев - масъули дафтари матбуоти Нерӯҳои марзбони Русия дар робита ба ин ҳодиса гуфт: "Рӯзи 15 август марзбонон дар минтақаи марзии ноҳияи Маскав гурӯҳи чаҳорнафараи қочоқбарони афғонро дастгир намуданд, ки онҳо мехостанд, ғайриқонунӣ аз Афғонистон ба Тоҷикистон убур кунанд, аммо онҳо дучори муқобилияти марзбонони рус шуданд, ки дар натиҷа се нафар аз онҳо ақибнишинӣ карданд ва як тан аз онҳо дастгир шуд. Марзбонони Русия ҳангоми бозҷӯии ҷои ҳодиса се халтаи ҳомили ҳероин пайдо намуданд, ки дар маҷмӯъ аз 134 килову 800 грам ҳероин иборат буд."
Ба дунболи ҳодисаи ноҳияи Маскав дар минтақаи марзии Қалъаи Хумб низ дар ҳамон рӯз марзбонони Русия аз як гурӯҳи қочоқбар беш аз 25 кило ҳероин ва 132 кило афюн мусодира намуданд.
Дар ҳамин ҳол тибқи иттилоъи Кумитаи марзбонии Тоҷикистон як ҳайъат иборат аз мутахассисони ин кумита, намояндагони Оҷонсии назорат бар гардиши ғайриқонунии маводи мухаддири назди раёсати ҷумҳурӣ ва марзбонони Русия таҳти сарварии Ҷеймс Калахан намояндаи Идораи Созмони Милали Муттаҳид оид ба мубориза бо ҷинояткорӣ ва гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир ҷиҳати омӯзиши вазъи марзи Тоҷикистон ва Афғонистон бар манотиқи марзӣ сафар карданд.
Бар асоси иттиллоъи Кумитаи марзбонии Тоҷикистон, ин ҳайъат дар зарфи 10 рӯзи оянда масоил ва мушкилоти марбут ба марзи Афғонистону Тоҷикистонро дар баробари афзоиши қочоқи маводи мухаддир баррасӣ намуда, ҳангоми бозгашт ба пойтахти Тоҷикистон бо мақомоти аршади ин кишвар баррасӣ хоҳанд кард.
Сафаргул Олимӣ аз шаҳри Душанбе
XS
SM
MD
LG