Пайвандҳои дастрасӣ

Президентро ҳабс карданд, Раҳмонов аз достони чархбол бохабар буд, атфоли гурусна ва дар паси торҳои анкабут


«Дар боло Худову сояи ӯ дар замин Раҳмонов аст.», мегуфт ҳамеша Ғаффор Мирзоев. Ойиша Мирзоева-хоҳари Ғаффор Мирзоев ба «Одаму Олам» гуфтааст, ӯ ҳеҷ бовар надорад, ки бародараш дар андешаи хиёнат ба давлат буд. Ойиша Мирзоева гуфтааст, Ғаффор Мирзоев ҳамеша ба хоҳару бародаронаш таъкид менамуд, ки дар боло Худову сояи ӯ дар замин Раҳмонов аст.
Боздошти Ғаффор Мирзоев - мавзӯъи рақами яки ҳамаи нашрияҳои Тоҷикистон дар ин ҳафта буд ва суратҳои ӯ сафҳаҳои нахусти ҳафтаномаҳоро оро медод. «Хидмат ва хиёнати Ғаффор Мирзоев», «Ғаффор Мирзоевро чӣ интизор аст?» «Ғаффор Мирзоев: Тулӯъ ва ғуруби авторитет», «Марди солро чӣ интизор аст?», «Ғуруби даврони ҷангсолор Ғаффор Мирзоев», «Президентро ҳабс карданд»,«Прокурори генералӣ генералро айбдор менамояд» ва бо амсоли ин сарлавҳаҳо нашрияҳо матолиби худро нашр кардаанд.
Аз 16 саҳифаи «Одаму Олам» 7 саҳифааш ба ин қазия бахшида шудааст. Дар яке аз ин саҳафот мактуби сарпӯшидаи Ғаффор Мирзоев ба Эмомалӣ Раҳмонов, ки 12 июли соли 2004, се ҳафта қабл аз боздошташ навишта будааст, нашр шудааст. Ғаффор Мирзоев дар мактубаш навиштааст, ҳеҷ гоҳ ба халқу ватан хиёнат накарда буд ва барои халал наёфтани кори президент аз баҳри баъзе рафиқони хатокораш низ гузашт. Ғаффор Мирзоев ҳайрон аст, ки кадом кору амалаш писанди президент ва атрофиёнаш нагардидааст, ки имрӯз ӯ пушти дар монда истодааст. Ғаффор Мирзоев навиштааст, иқтибос мекунам, пас аз гвардия рафтан, ман гумон доштам, ки мо акнун якдигарро фаҳмидем, аммо мебинам, ки Шумо кина гирифтаед. Поёни иқтибос.
Ғаффор Мирзоев дар номааш аз прокуратураи ҳарбӣ ва хадамоти амният гуфтааст, ки аз зери нохун чирк кофта ӯро бадном кардан мехоҳанд ва ба президент муроҷиат мекунад, ки охир, худи ӯ аз ин аслиҳаву аз вертолетҳо огоҳ аст, ки ба кадом ҳадаф истифода мешавад.
Дар охири номааш Ғаффор Мирзоев навиштааст, беҳуда аз дӯст душман тарошидан кори оқилона нест, вале ба ҳар ҳол ӯ ба хиради президент боварӣ дорад.
Дар байни ин мактуб «Одаму Олам» суратеро нашр кардааст, ки рӯи Ғаффор Мирзоев сӯи президент аст, аммо рӯи президент ба тарафи дигар...
«Азия-Плюс» бо баррасии иттиҳомоти зидди Мирзоев аз чанд далел изҳори тааҷҷуб кардааст. Доир ба куштори Абдулло Мирзоев - сардори шӯъбаи корҳои дохилаи Шаҳринав ҳафтанома навиштааст, он вақт ин парвандаро Умаршо Холов - собиқ муфаттиши прокуратураи ҳарбӣ ва айни ҳол прокурори ҳарбии гарнизони Қаротегин бозҷӯӣ менамуд ва хулоса карда буд, ки он «худкушӣ» аст, ҳарчанд тибқи андешаи муаллифон, дафтари кории шахси бегона на он қадар ҷои мувофиқ барои худкушӣ мебошад. Нашрия навиштааст, ё он вақт ҳукумат ба ин амали Ғаффор Мирзоев чашм пӯшиду тӯли шаш сол горди президентиро қотил сарварӣ менамуд ва ё он хулосаи тафтишот дуруст буд.
Теъдоди аз ҳама бештари аслиҳаро дар бинои Ожонсӣ ёфтаанд. Рустам Назаров - раҳбари бозтаъйиншудаи Ожонсӣ ба «Азия Плюс» гуфтааст, ӯ аз мавҷудияти ин миқдор аслиҳа хабардор буд, ҳафтанома суол мекунад, ки агар ин кор ғайриқонунӣ будааст, чаро ин аслиҳаро панҷ моҳ қабл нагирифтанд? Дар мавриди аслиҳаи аз Балҷувон ёфтшуда нашрия аз қавли Султон Қувват навиштааст, он аслиҳаро барои ҳифозат аз ҳуҷуми эҳтимолии Толибон бо огоҳии ҳукумат дар он ҷо пинҳон намуда буданд.
Дар як пурсиши «Рӯзи Нав» бархе аз сиёсатмадорон ва коршиносони сиёсӣ боздошти Ғаффор Мирзоевро дорои ангезаи сиёсӣ ва марбут ба интихоботи қарибулвуқӯъ номидаанд, бархи дигар гуфтаҳои Амирқул Азимов - котиби шӯрои амнияти Тоҷикистонро мисол овардаанд, ки Тоҷикистон айни ҳол то дараҷае нерӯманд аст, ки метавонад ҳама гуна мухолифатро, ҳама гуна ашхоси мухолифи давлатро аз байн барад. Навбати ҳар кас омад, ӯро мегиранд, гуфтааст ҷаноби Азимов, ки ин гуфтаҳоро ҳафтаномаи «Тоҷикистон» иқтибос овардааст. Аммо Сайид Абдуллоҳи Нӯрӣ - раиси Ҳизби Наҳзати Исломии Тоҷикистон ва раиси собиқи иттиҳоди мухолифини тоҷик маҳз аз ҳамин «навбати дигарон» нигаронӣ намудааст. Ҷаноби Нурӣ, ки суханронии томи ӯро дар як нишасти матбуотии вижа ҳафтаномаи «Наҷот» нашр кардааст, гуфтааст, вақте давлат як касеро, ки то имрӯз хидмат кардааст ва хидматҳои ӯро ҳеҷ кас инкор карда наметавонад, бо ин хушунат мегираду ҳабс мекунад, ҳар як қумондони оппозисюнро метавонанд ба чунин рӯз дучор намоянд. Вақте чунин тасаввур мекунанд, маълум мешавад, ки вазъ ҳатман муташанниҷ мегардад.
Ва аммо аз мавзӯъоти дигар. «Рӯзи Нав» дар матлабе бо такя ба як тадқиқи ЮНИСЕФ навиштааст, дар вилояти Хатлон аз 1000 кӯдак 80 кӯдак мемирад. Нашрия навиштааст, ҳар сеюмин кӯдаки тоҷик гурусна аст. Дар саҳифаи интернетии Барномаи озуқаи созмони милал омадааст, 70 дарсади аҳолии Тоҷикистон аз гуруснагӣ ранҷ мебарад. Ҳафтаномаи «Наҷот» дар матлабе бо номи «Дар паси торҳои анкабут» навиштааст, маҳз фақру қашшоқӣ ва гуруснагӣ майдони фаъолияти дину мазҳабҳои дигарро дар Тоҷикистон васеъ карда, теъдоди пайравони онҳо аз ҳисоби мардуми гуруснаи тоҷик афзоиш меёбад. Дар қариб кулли манотиқи Тоҷикистон ибодатгоҳҳои равияҳои динии зиёде бунёд гаштаанд ва акнун мубаллиғони ин динҳо ҳатто ба водии Қаротегин ва кӯҳистони Мастчоҳ рӯ овардаанд.

Машваратдодашуда

XS
SM
MD
LG