Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Анҷумани пурмоҷарои Ҳизби Сотсиалист


Мирҳусайн Нарзиев - раиси Ҳизби Сотсиалисти Тоҷикистон, дар анҷумани панҷуми ғайринавбатии ҳизб, ки рӯзи шанбеи 14 август дар Душанбе доир гашт, дубора раиси ин ҳизб интихоб шуд. Ин дар ҳолест, аъзои Ҳизби Сотсиалист ба ду ҷиноҳ тақсим шуда, дар ин анҷуман ҷиноҳи мухолиф бо раҳбарии Абдуҳалим Ғаффоров ширкат надоштанд.
Аммо анҷуман бо ширкати 68 вакил аз манотиқи мухталифи Тоҷикистон доир гашта ва масоили пешгузоштаро баррасӣ кард. Мирҳусайн Нарзиев - раиси тозаинтихоби Ҳизби Сотсиалисти Тоҷикистон гуфт, нирӯҳое ҳастанд, барои ихтилоф ангехтан миёни аъзо ва пароканда сохтани ин ҳизб талош доранд, аммо пас аз анҷуман ӯ ихтилофотро барканор хоҳад кард: "Ҳамин вакилон аз манотиқи мухталифи кишвар сарҷамъ омаданд ва ба ман бори карда, бандаро аз нав раиси Ҳизби Сотсиалисти Тоҷикистон интихоб карданд. Ва ман ҳам дар навбати худ, то он ҷое имконият дорам, барои пешрафти ин ҳизб кӯшиш мекунам. Ҷудоихоҳӣ дар сафи ҳизб сунъӣ аст ва инро онҳое ба вуҷуд оварда истодаанд, ки ба Ҳизби Сотсиалистии Тоҷикистон ҳеҷ алоқамандие надоранд. Он маводеро, ки дар рӯзномаҳо ба чоп расониданд, нисбат ба ман таҳқир ва таҳдид буд ва бо ин рафторашон назди қонун ҷавоб мегӯянд."
Оқои Нарзиев ҳамчунин афзуд, Ҳизби Сотсиалисти Тоҷикистон дар ҳоли ҳозир наздик ба 15 ҳазор аъзо дорад ва барои ширкат дар интихоботи қарибулвӯқуи парлумонӣ омодагии ҷиддӣ мебинад. Ба гуфтаи ӯ, ки аз фаъолияти чаҳор соли қаблии ин ҳизб гузориш медод, аъзои кумитаи марказии ҳизб дар навоҳии мухталифи кишвар бо мардум ва аз ҷумла аъзои он мулоқот доштааст.
Ин дар ҳолест, мегӯяд оқои Нарзиев, Ҳизби Сотсиалисти Тоҷикистон дар бӯҳрони амиқи молӣ қарор дорад ва ин марбут бар он аст, пас аз қатли Сафаралӣ Кенҷаев, пешво ва поягузори ин ҳизб, бархе аз афроди тамаъҷӯ куллияи амволи ҳизбро ба ғорат бурдаанд. Вале ба эътиқоди ӯ, Ҳизби Сотсиалист дар ҳамин вазъи мушкил низ тавонистааст, фаъолияти худро идома диҳад.
Аммо дар ҳамин ҳол оқои Бобоев, корманди шӯъбаи назорат аз фаъолияти ойинномавии аҳзоби сиёсии вазорати адлияи Тоҷикистон, ки дар анҷуман ширкат дошт, аз гузориши раиси Ҳизби Сотсиалист хуш истиқбол накард Вай иддаои оқои Нарзиевро дар мавриди фаъол будани Ҳизби Сотсиалист дар манотиқи мухталифи кишвар бепоя хонд ва гуфт, фаъолияти минбаъдаи Ҳизби Сотсиалисти Тоҷикистон марбут ба хулосаи вазорати адлияи ин кишвар аст: "Дар вилояти Суғд ягона ноҳияе, ки мо раисашро дидем ва сӯҳбат кардем, ноҳияи Истаравшан буд. Дигар дар ягон ноҳияи ин вилоят мо намояндагони ташкилотхои ибтидоии Ҳизби Сотсиалистиро надидем. Дар навоҳии тобеи ҷумҳурӣ низ ягон намояндаи ташкилоти ибтидоии ин ҳизбро надидем. Ҳукуматҳои ноҳияҳо ба мо мактуб кардагианд, ки шумо дар маҳалҳо ташкилотҳои ибтидоӣ надоред. Лекин хулосаи дар оянда фаъолият кардани ҳизбро вазорати адлия медиҳад."
Оқои Бобоев ҳамчунин афзуд, вазорати адлияи Тоҷикистон Мирҳусайн Нарзиевро ба ҳайси раиси Ҳизби Сотсиалисти Тоҷикистон мешиносад. Ӯ гуфт, вазорати адлия мавҷудияти дигар ҷиноҳро дар дохили ин хизб, ки низ дар як анҷумани ғайринавбатии ду моҳ қабл нафареро ба ҳайси раҳбари Ҳизби Сотсиалист интихоб ва рӯзномаи онро бо номи «Иттиҳод» ба нашр расонидаанд, эътироф намекунад. Дар анҷумани ғайринавбатии панҷуми Ҳизби Сотсиалист намояндагони дигар аҳзоб, сафоратхонаҳои хориҷӣ ва созмонҳои байналмилалии муқими ин кишвар, ҳамчунин чанд нафар аз ҳукумати Тоҷикистон ширкат доштанд.
Барот Юсуфӣ аз шаҳри Душанбе
XS
SM
MD
LG