Пайвандҳои дастрасӣ

Чаро садои пойи НАТО дар Осиёи Марказӣ дили маҳофили сиёсии Русияро меларзонад?


Соҷидаи Мирзо Ба пурсише, ки НАТО дар Осиёи Марказӣ, аз ҷумла дар Тоҷикистон чӣ мехоҳад, посухи коршиносон тақрибан шабеҳи якдигар аст: "Ҷилавгирӣ аз хатарҳое, ки мустақиман ба амнияти Аврупо ва Ғарб таҳдид мекунанд, аз ҷумла қочоқи маводи мухаддир, ифротгароии мазҳабӣ ва терроризм."

Виктор Карменюк - таҳлилгари Пажуҳишгоҳи Иёлоти Муттаҳида ва Канада, мақари он дар Маскав гуфт, нуфузҷӯии Паймони Атлантики Шимолӣ дар Осиёи Марказӣ набояд бо назари интиқод ва ё манфӣ арзёбӣ шавад. Ӯ мегӯяд, масъалаи таъмини амнияти ин минтақаи басо муҳим торафт барои Аврупову Ғарб ва худи Русия муҳимтар мешавад. Вай афзуд, ки Русия, нуфузи пешини худро дар Осиёи Марказӣ аз даст додаст ва ҳамчунин аз тавони назорати комил ба мушкилоти минтақа бархурдор нест. Ва беҳтар ин аст, ки дар ин замина аз ҳамкорӣ бо НАТО баҳра бардорад.
Коршинос афзуд: "Аз ҷониби дигар ман мефаҳмам, ки дар Русия бо низомиён, бо хадамоти махсус, бо созмону аҳзоби миллатгаро робита доранд. Онҳо ҳузури НАТО дар Осиёи Марказиро куллан манфӣ арзёбӣ мекунанд, онро помолшавии мавқеъҳои глобалии Русия медонанд ва вобаста ба ин вокунишашон манфӣ ва пурқаҳру ғазаб хоҳад буд. Аз ин рӯ ин ҳузур метавонад, то дараҷае баҳсҳоро миёни Русия ва НАТО барангезад. Ва аммо аз нигоҳи ман баръакс ин имконест барои рушди равобити Русия ва НАТО аз ҳисоби назорати мушкилоти Осиёи Марказӣ."
Ҳамкории НАТО бо давлатҳои минтақа таърихи тӯлониву домани васеъ надорад ва умдатан дар чаҳорчӯби "Ҳамкорӣ ба хотири сулҳ" анҷом мешавад. Аммо ҳатто дар доираи ҳамин барнома низ кишварҳои Осиёи Марказӣ аз кӯмакҳои фаннӣ ва машвартҳои НАТО бархурдор шудаанд.
Тоҷикистон аз ҳама охир ба ин барнома шомил гардид ва ба думболи ин мақомоти низомии кишвар эътироф намуданд, ки ин иқдом як андоза дертар пиёда шудааст. Соли гузашта дар ҳоле, ки мақомоти НАТО тасмими густариши нирӯҳои паймон дар шимоли Афғонистон, дақиқтар бигӯем истиқрори низомиёни худро дар минтақаи Кундуз баррасӣ мекарданд, Ҷорҷ Робертсон, раҳбари собиқи НАТО сафареро дар кишварҳои минтақа анҷом дод ва бо президенти Тоҷикистон дидору гуфтӯгу намуд. Мавзӯъи мулоқот расман, баррасии вазъи Афғонистон арзёбӣ шуд, аммо баъзе манобеъи давлатӣ гуфтанд, ки НАТО хостори истиқрори тими ходимони худ дар қаламрави Тоҷикистон шудааст.
Раиси бахши равобити байналмилаии вазорати дифоъи Тоҷикистон Маъруф Ҳасанов гуфт, ки ҳадафи НАТО аз барномаи ифтитоҳи ҳамин гуна як намояндагӣ дар кишварҳои Осиёи Марказӣ ба роҳ андохтани равобити беҳтар бо нирӯҳои паймон дар Афғонистон аст. Аммо афзуд, бидуни шубҳа Тоҷикистон ба ҳузури НАТО дар минтақа, бештар аз дигарон манфиатдор аст: "Албатта манфиат барои Тоҷикистон ҳам ҳаст, зеро Тоҷикистон яке аз кишварҳое мебошад, ки бевосита бо Афғонистон дар ҳудуди 1400 километр сарҳад дорад ва нахустин кишваре, ки оромии Афғонистонро мехоҳад, Тоҷикистон аст, зеро оромии Афғонистон оромии кишвари мо аст. Ва мо гуфтаем, раиси ҷумҳури Тоҷикистон, вазири дифоъ гуфтаанд, ки мо омодаем бо ҳар кишваре, ки мехоҳад бо мо ҳамкорӣ кунад, ҳамкорӣ намоем."
Аммо таҳлилгарон мегӯянд, агар НАТО барномаи ифтитоҳи намояндагӣ дар минтақаи Осиёи Марказӣ ва Қафғозро пайгирӣ мекунад, набояд омили нуфузи Русияро аз ёд бубарад. Алекс Ватанка сардабири маҷаллаи Ҷейнс Сентинел, ки масоили амниятии Русия ва кишварҳои ҷомеъаи ҳамсудро пайгирӣ мекунад, мегуяд, барои паймони Атлантики Шимол муҳим аст, ки дар минтақаи Осиёи Марказӣ якҷо бо Амрико кор кунад. Зеро меафзояд ӯ, агар Вашингтон ба Маскав собит кунад, ки НАТО ҳам як бахши маъракаи мубориза бо терроризм аст, кор осонтар мешавад ва Русия мефаҳмад, ки ҳадафи ин ҳар ду на коҳиши нуфузи Русия, балки ҷилавгирӣ аз таҳдидҳои амниятӣ аст. Ватанка ба пурсиши мо, ки паймон дар Тоҷикистон ва давлатҳои дигари минтақа чӣ нақше дошта метавонад, чунин посух дод: "Осиёи Марказиву Қафқоз аз нигоҳи стратегӣ манотиқи муҳим мебошанд. НАТО мехоҳад, онҳо нақши барозандатару фаъолтар дошта бошанд ва кӯшиш менамояд, ки равобити худро бо ҳукуматҳо дар ин кишварҳо тақвия намояд. Аҳдофи НАТО дар ҳоли ҳозир печида ба назар мерасад. Шумо дар бораи масоили амниятӣ сӯҳбат мекунед, шумо дар бораи аҳамияти стратегӣ гап мезанед, шумо дар бораи кӯмак ба ин кишварҳо сухан мегӯед, механизми ҷилавгирӣ аз қочоқи маводи мухаддир ба Аврупои Ғарбӣ ва ҳамин тавр НАТО бояд итминон ҳосил намояд, дар ҳар коре, ки дар ин минтақа анҷом медиҳад, бо Русия рӯ ба рӯст."
Давлатҳои Осиёи Марказӣ низ ҳассосияти мавзӯъи рақобати Русияро бо Амрикову НАТО эҳсос мекунанд ва аз ин рӯ мекӯшанд, ки дар ин ҷода санҷида қадам гузоранд ва ин қадамҳоро ба гунае тавҷеҳ кунанд. Барои намуна ҳар боре масъалаи муқоиса ва манфиати ҳамкориҳои низомӣ ба миён меояд, мақомоти Тоҷикистон бар сари шарокати сатратегӣ бо Русия таъкид мекунанд, аммо ҳамзамон мегӯянд, ки бидуни ҳамкории ҷомеаи ҷаҳонӣ наметавонанд, аз қочоқи маворди мухаддир таҳдидҳои дигар ҷилавгирӣ кунанд. Маъруф Ҳасанов - раиси бахши равобити байналмилалии вазорати дифоъи Тоҷикистон , ба як омили дигар ишора кард ва гуфт, дар байни Русия ва кишварҳои узви Паймони Атлантики Шимолӣ як созиши шифоҳӣ вуҷуд дорад, ки то замони таҳкими амният дар Афғонистон ин давлатҳо дар минтақаи Осиёи Марказӣ ҳузур хоҳанд дошт.
XS
SM
MD
LG