Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

"Microsoft" дар ниҳоят тоҷикӣ мешавад


Дар назар аст, дар рӯзҳои наздик ин намуна ба ширкати "Microsoft" ирсол шавад ва дар моҳҳои наздик тугмахонаи комютер бо ҳуруфи сирф тоҷикӣ аз рӯи меъёри воҳид ба феҳрасти ҳуруфи забонҳои мухталифи барномаи компютерӣ ворид гардад. Пас аз амалӣ шудани ин кор, ҳарфи Ц -и рӯсӣ ҳазф ва ҷои он ҳарфи Қ, дар ҷои ҳарфи Щ ҳарфи Ҳ, дар ҷои Ы - ҳарфи Ҷ, Ӯ-и дароз, Ё ва Ғ дар назди арқом, ва ҳарфи Й дар ҷои аломати сакта гузошта хоҳад шуд.
Айни ҳол дар Тоҷикистон барномаҳои мухталифи алифбои тоҷикӣ дар компютер истифода мешавад, ки ҳуруфи барномаеро дар комютери дигарӣ хонда намешавад ва дигариро компютери саввумӣ қабул надорад. Зафар Усмонов - доктори улуми математикӣ, корманди Пажӯҳишгоҳи математикии академияи улуми Тоҷикистон мегӯяд, ӯ ҳанӯз соли 2000 ба ширкати "Microsoft" барои ҷорӣ намудани меъёри ягонаи ҳуруфи тоҷикӣ муроҷиат намуда буд, вале он вақт меъёри ягонаи ҳуруфи тоҷикӣ дар тугмахонаҳои компютер ҷорӣ нагардид: «Онҳо ваъда дода буданд, ки то моҳи августи соли 2000 ин корро ба анҷом мерасонанд, аммо фикр мекунам, аз сабаби он ки забонҳои зиёди дигар дар навбат буданд, ин кор амалӣ нашуд.»
Академик Усмонов бар ин назар аст, ки ҷорӣ намудани меъёри ягонаи алифбои тоҷикӣ дар барномаҳои компютерӣ барои куллияи созмону корхонаҳо ва афроде, ки ба тоҷикӣ менависанд, имкон хоҳад дод, то дар сартосари дунё ва аз компютери дилхоҳ бо тоҷикӣ хонанду нависанд. Роҳи осонтарин ва айни ҳол матраҳгардидаи ин амал дар тағйироти хурди тугмахонаи русии комютер дида шудааст. Дар назар аст, ба ҷои чанд ҳарфи русие, ки дар тоҷикӣ истифода намешавад, ҳарфҳои тоҷикӣ гузошта шавад ва аммо боқимонда ҳуруф аз рӯи ҳамон тугмахонаи русӣ корбурд гардад. Вале ба қавли академик Усмонов, ин меъёр муваққатӣ мебошад, зеро шакли тугмахонаи рӯсӣ ба забони тоҷикӣ дуруст намеояд ва он ҳангоми чопи чизе шахсро мувоҷеҳи душворӣ ва нороҳатӣ мегардонад:
«Масъала ин аст, ки ҳар як тугмахонаи компютер ба забони худаш мувофиқ аст. Тугмахонаи русӣ ба забони русӣ, англисӣ ба худаш ва бад-ин тариқ тоҷикӣ низ бояд ба худаш мувофиқ бошад, то чоп кардан осон шавад. Мо набояд ба ҳамин вазъи ҳолӣ қонеъ бошем, аммо дар қиёс бо меъёри муваққатӣ кори он душвортар хоҳад буд, аз ҷумла мо бояд ҷадвали рамзҳо тартиб диҳему ва ғайраву ва ҳоказо...»
Шералӣ Наҷмиддинов - муовини вазири алоқаи Тоҷикистон ва сарвари гурӯҳи вижаи масъули пиёда намудани ин тарҳ мегӯяд, меъёри ягонаи алифбои тоҷикӣ дар компютер ин танҳо қадами нахуст ба тоҷикикунонии барномаҳои дигари компютерӣ мебошад. Қадами дигарӣ - ба тоҷикӣ баргардонидани феҳрасти барномаҳо, тартиби луғатҳои комютерии тоҷикӣ ба дигар забонҳо ва дигар корҳо будааст: «Масалан, худи локализатсияи ин алифбо, яъне ба забони тоҷикӣ гузаронидани тамоми менюҳои дохили компютер, тамоми маълумоте, ки дар компютер ҳаст, ва дигар барномаҳо ҳама бояд бо забони тоҷикӣ бошад, ки ин кори хеле калон аст ва маблағ талаб мекунад.»
Ҷаноби Наҷмиддинов мегӯяд, аз дафтари маскавии ширкати "Microsoft" барои ин кор ҳудуди ним миллион доллар талаб кардаанд. Вале гузоштани ҳуруфи тоҷикӣ дар феҳрасти UNICODE ройгон хоҳад буд. Дар назар аст, таҳияи меъйори ягонаи тугмахонаи тоҷикӣ, таъвизи феҳрасти барномаҳо ба тоҷикӣ, тартиби луғатҳои компютерӣ ва дигар корҳо то соли 2008 анҷом бипазирад.
XS
SM
MD
LG