Пайвандҳои дастрасӣ

Чархболи Ғаффор Мирзоевро баргардонед


Вазорати умури хориҷаи Тоҷикистон бо ирсоли як ёддошт аз давлати Афғонистон хостааст, ҷиҳати бозпас гардонии чархболи мутаалиқи генерал Ғаффор Мирзоев - раиси пешини Оҷонсии назорат бар маводи мухаддир, ки бо дастури додситонии кулл боздошт гардид, аз он кишвар ба Тоҷикистон мусоидат кунад. Назрулло Назаров - сардори раёсати давлатҳои Аврупо ва Осиёи вазорати хориҷаи Тоҷикистон ин хабарро таъйид кард ва гуфт: "Бале мо дархост кардем, тариқи каналҳои дипломатӣ барои бозгардони ҳамон чархбол."
Тибқи маълумоти Бобоҷон Бобохонов - додситони кулли кишвар чархболи МИ-8 - и истеҳсоли Русияро генерал Мирзоев ҳангоми фармондеҳиаш дар Горди раёсати ҷумҳурии Тоҷикистон дар соли 1999 аз Русия таври ғайриқонунӣ вориди Тоҷикистон карда, сипас бар ивази яке аз ду чархболи Горди раёсати ҷумҳурӣ ба як ширкати амрикоӣ дар Кобул ба иҷора додааст: "Чархболи мазкур бештар аз як сол мешавад, ки дар Афғонистон аст ва дар ин кишвар ба чӣ кор машғул аст, барои ҳукумати Тоҷикистон номаълум мебошад."
Дар ҳамин ҳол Муҳаммад Довуди Панҷшерӣ - сафири Давлати Исломии Афғонистон дар Тоҷикистон гуфт, дар ёддошти вазорати умури хориҷа гуфта шудааст, мӯҳлати иҷора ва замони қарордоди истифода аз ин чархбол аз чанд вақти пеш хотима ёфтааст ва дар ҳоли ҳозир чархболи мазкур дар ин кишвар ба таври ғайриқонунӣ истифода мешавад.
Вай афзуд: "Ин қарордод ҳеҷ навъ мулоҳизае марбут ба тарафи Афғонистон ва сафорати Афғонистон матраҳ нест. Қарордод миёни Кумитаи миллии олимпӣ бар асоси мактуби вазорати хориҷа ва ширкати амрикоии муқим дар Кобул имзо шудааст."
Масъалаи чархболи мазкур ва баҳсҳои вобаста ба шароити ба иҷора додани он, яке аз чанд иттиҳомоти эълоншуда ба генерал Мирзоев аст, ки дар ҳоли ҳозир аз тарафи гурӯҳи мақомоти интизомии Тоҷикистон таҳқиқ мешавад.
Абдуқайюми Қайюмзод аз шаҳри Душанбе
XS
SM
MD
LG