Пайвандҳои дастрасӣ

Фурсат аз даст рафт?


Барот Юсуфӣ аз шаҳри Душанбе

Вазорати энержии Тоҷикистон дар соли равон натавонист, 1 миллиарду 400 миллион киловат соат барқи пешбинишударо ба Русия содир кунад.
Ин дар ҳолест, миёни Тоҷикистон ва Русия дар мавриди судури барқ созишномае ба тасвиб расидааст ва бар асоси он бояд Тоҷикистон шурӯъ аз соли 2004 ҳамасола ба ин кишвар наздик ба якуним миллиард киловатт соат барқи изофаи дар фасли тобистон тавлидшавандаро интиқол медод. Аммо ба гуфтаи Рустам Раҳимов, муовини сармуҳандиси ширкати «Барқи Тоҷик» ҳанӯз судури ин миқдор нерӯи барқ ба Тоҷикистон даст надодааст.
Ба қавли ӯ, пас аз бенатиҷа анҷом ёфтани музокираи ҳайъати вазоратҳои энергетикаҳои Тошканду Душанбе, Тоҷикистон бар асоси қарордоди интиқоли якуним миллиард барқи худ аз Русия тақозо намуд, ки ин масъаларо бо Узбакистон ҳал намояд.
Оқои Раҳимов меафзояд, Русия низ то ҳанӯз бо Узбакистон ва Қазоқистон дар мавриди шароити транзити барқи Тоҷикистон аз тариқи шабакаҳои барқи ин кишварҳо, ба мувофиқа нарасидааст: "То ҳанӯз интиқол нашудани нерӯи барқ аз Тоҷикистон ба Русия бо чанд далел марбут аст. Дар ҳоли ҳозир низ гуфтушуниди Русия бо Узбакистон ва Қазоқистон барои шароити интиқоли нерӯи барқи Тоҷикистон аз тариқи шабакаҳои баландшиддати барқгузари ин кишварҳо идома дорад. Аз тарафи дигар хатҳои барқгузари баландшиддати шимолу ҷануби Қазоқистон фаъол нест. Ҳамчунин боду ҳаво имсол то андозае дар фасли тобистон сард омад ва пиряхҳо дар сарчашмаи дарёи Вахш ба оҳистагӣ об шуда истодаанд. Аз ин хотир мо натавонистем, то имрӯз миқдори зарурии обро ҷиҳати тавлиди нерӯи барқ барои фаслҳои сармо захира намоем."
Оқои Раҳимов ҳамчунин афзуд, бо фароҳам омадани имкон, Тоҷикистон фурӯши барқро ба Русия шурӯъ хоҳад кард, аммо дар ҳар сурат наметавонад, талаботи созишнома бо Русияро ба иҷро расонад. Ба эътиқоди ӯ, бо далели номуайян будани вазъи ҳарорати ҳаво барои моҳҳои оянда дар соли ҷорӣ интиқоли нерӯи барқи Тоҷикистон ба ин кишвар беш аз 200 миллион киловат соат нахоҳад буд.
Аммо ба назари Рашид Гулов, сардори департаменти сиёсати энержии вазорати энергетикаи Тоҷикистон шояд кишварҳое, ки нерӯи барқи Тоҷикистон аз тариқи онҳо ба Русия интиқол дода мешавад, имконоти техникии ба Русия интиқол додани барқи Тоҷикистонро надоранд.
Оқои Гулов гуфт: "Дар баъзе мавридҳо шароитҳои техникӣ вуҷуд дорад, ки сурати мувофиқ кардани ин шароит ба таҳвили нерӯи барқи Тоҷикистон аз тариқи Узбакистон ва Қазоқистон ба Русия шояд ҷониби Узбакистон зарар бинад."
Ин дар ҳолест, ҷониби Узбакистон иддао дорад, ки Тоҷикистон содироти ҳаҷми зиёди нерӯи барқи худро бо Тошканд доштааст. Миродил Абдураззоқов, консули Ҷумҳурии Узбакистон дар Тоҷикистон ин далелро таъйид кард ва гуфт: "Бар асоси маълумоти Кумитаи омори Тоҷикистон Узбакистон дар соҳаи табодули нерӯи барқ ҳамкори асосии Тоҷикистон дониста мешавад."
Дар ҳамин ҳол Рустам Раҳимов, муовини сармуҳандиси ширкати «Барқи Тоҷик» низ таъкид кард, дар ҳоли ҳозир Тоҷикистон миқдори зиёди неруи барқро ба Узбакистон содир мекунад, ки он наздик ба 550 миллион киловат соат мерасад. Бар асоси иттилоъи манобеъ аз вазорати энергетикаи Тоҷикистон ин кишвар дар соли гузаштаи милодӣ ҳудуди 1 миллиарду 40 миллион киловатт соат, аз ҷумла ба Русия 203 миллион киловатт соат нерӯи барқ содир кардааст.
Тоҷикистон бештар аз нисфи манобеъи обии минтақаи Осиёи Марказиро дар ихтиёр дорад ва гуфта мешавад, нерӯгоҳҳи барқи обии ин кишвар дар фасли тобистон имкони тавлиди то 3 миллиард киловатт соат барқи изофӣ аз ниёзмандиҳои дохилиро дорад. Дар сурати ба хориҷ содир кардани ин миқдор нерӯи барқ касри буҷаи Тоҷикистон метавонад чанд дар сад коҳиш ёбад.
XS
SM
MD
LG