Пайвандҳои дастрасӣ

Ришвахоронро дар Ғарб меҷӯянд, соҳибмансабони бемасъулият ва зиндагии мушкил


«Рӯзи Нав» навиштааст, президент Эмомалӣ Раҳмонов дар андешаи фиристодани як ҳайъати коршиносон ва мутахассисон ба хориҷи кишвар барои омӯзиши таҷрибаи мубориза зидди ришвахорӣ будааст. Муаллифи матлаб бо иқтисодшиносон масъалаи манфиати ин тасмими президент ба кишварро дар миён гузоштааст.
Ҳоҷимуҳаммад Умаров - доктори улуми иқтисод гуфтааст, дар Тоҷикистон фасод намудҳои хоси худро дорад, ки аз Ғарб фарқ мекунад ва фиристодани мутахассисон ба Ғарб ягон натиҷае нахоҳад дод. Коррупсия, гуфтааст ҷаноби Умаров, дар Тоҷикистон ба таври ошкоро вуҷуд дорад ва ҳоҷати омӯзиши таҷрибаи кишварҳои дигар барои пайдо кардани ришвахорон нест.
Ғафурҷон Расулов - сухангӯи вазорати иқтисод ва савдои Тоҷикистон бар ин назар будааст, ки ин тасмими президент ба манфиати кор аст, вале Ҳоҷимуҳаммад Умаров гуфтааст, ҳамон гурӯҳҳои мутахассисон агар ба ҷои хориҷа ду - се рӯз дар маршруткаҳо нишинанд, аз гуфтугузори мардум мефаҳманд, ки коррупсия дар куҷост.
«Рӯзи Нав» ҳамчунин бо такя ба ҳисоботи ҷаласаи ҳайъати мушовараи вазорати иқтисод ва савдои Тоҷикистон навиштааст, музди меҳнат дар Тоҷикистон ба ҳисоби миёна дар нимсолаи аввали соли ҷорӣ қариб 18 доллари амрикоиро ташкил додааст, ки нисбати ҳамин давраи соли гузашта қариб сӣ дарсад афзоиш ёфтааст.
Дар нимсолаи аввали соли 2004 дар Тоҷикистон 31 лоиҳаи маблағгузории созмонҳои байналмилалӣ бо маблағи беш аз ним миллиард доллар амалӣ гаштааст, хабар додааст «Чархи Гардун».
«Бизнес и Политика» дар матлабе навиштааст, омори расмӣ воқеъияти ҳолро нишон намедиҳад. Иқтисоди Тоҷикистон ҳамоно дар як ҷой мутаваққиф истодааст. Муаллифи матлаб менависад, зиндагӣ душвортар мешавад ва сабаб дар он будааст, ки мансабдорҳо аз ӯҳдаи иҷрои вазифаашон намебароянд.
Навишта шудааст, ки ҷобаҷогузории кадрҳо аз рӯи маҳал сурат мегирад, агар касе дар ҷое соҳибмансаб гардад, ҳатто посбонҳои он даргоҳро аз деҳаву ноҳияи худ меорад.
Барномаи ғизоии созмони миллал дар саҳифаи интернетии худ феҳрасти кишварҳоеро, ки мардумаш гуруснагӣ мекашанд, нашр кардааст. Тибқи ин феҳраст 70 дар сади тоҷикистониён аз гуруснагӣ ранҷ мебурдаанд.
Тоҷикистон танҳо чил дарсади талаботи аҳолии хешро бо ғалла таъмин мекардаасту ҳар соле як миллион тоннаи дигар аз хориҷа мехарад. «Одаму Олам» бо нашри матлабе дар ин мавзӯъ суол додааст, ки чаро Тоҷикистон худро бо маводи ғизоӣ таъмин карда наметавонад? Муаллиф ба ин суол чунин посух додаст, ки ислоҳоти соҳаи кишоварзӣ ба тарзи дуруст ба роҳ монда нашудааст. Дар матлаб омадааст, ҳарчанд, ки заминҳо ба иҷора дода мешаваду хоҷагиҳои фермерӣ ташкил мешавад, истиқлоли ин хоҷагиҳо танҳо дар рӯи коғаз аст. Навишта шудааст, ба хоҷагиҳои деҳқонӣ фишор оварда мешавад, ки дар бештари заминҳои худ пахта кишт кунанд. Аммо ин пахтаро низ аз деҳқонон ноинсофона харидорӣ мекунанд. Дар сурате, ки арзиши 1 кило пахта дар бозори ҷаҳонӣ 1 доллар будааст, аз деҳқони тоҷик он бо нархи 4 сент харидорӣ мешудааст.
Дар ҳамин ҳол, тибқи як хабари ҳафтаномаи «Тоҷикистон», Оқил Оқилов - сарвазири Тоҷикистон дар як ҷаласаи кормандони соҳаи кишоварзӣ аз бемасъулиятии руасои хоҷагии пахтакор изҳори норозигӣ кардааст. Дар бархе аз навоҳӣ нашъу намои пахта ҷавобгари талабот набуда пахтазорҳоро ҳашароти зараррасон фаро гирифтааст.
XS
SM
MD
LG