Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Вакили рус барои ҳимояти Ғаффор Мирзоев омадааст


Владимир Голубев - вакили мудофеъи генерал Ғаффор Мирзоев - раиси пешини Оҷонсии назорат бар гардиши ғайриқонунии маводи мухаддири Тоҷикистон иҷозаи мулоқот надодан бо шахси зери ҳимояташро аз тарафи додситонии кулли ин кишвар амали хилофи қонун ва нақзи ҳуқуқи башар унвон кард.
Владимир Голубев - вакили мудофеъ, ки бо даъвати пайвандони генерал Ғаффор Мирзоев ҷиҳати дифоъ аз ҳуқуқи ӯ дар ҷараёни бозрасӣ аз шаҳри Маскави Русия вориди Душанбе шудааст, гуфт тибқи муқаррароти қавонини кайфарии ин кишвар дар давоми 24 - соат аз замони боздошт мулоқоти нафари гумонбар бо вакили мудофеъ бояд сурат бигирад. Аммо бо гузашти шаш рӯз аз замони боздошт додситонии кулли Тоҷикистон иҷозаи мулоқоти вакилони мудофеи генерал Мирзоевро бо вай надодааст.
Оқои Голубев афзуд, ки вай субҳи рӯзи чаҳоршанбе бо Бобоҷон Бобохонов - додситони кулли кишвар ҷиҳати рафъи ин мушкилот мулоқот кардааст, вале додситони кулл гуфтааст, Ғаффор Мирзоев ба хидмати вакили мудофеъ аз хориҷи кишвар ниёз надорад: "Бале ман бо додситони кулл мулоқот доштам, аммо вай ба ман фаҳмонд, ки вакилони мудофеъи маҳаллӣ ҳастанд ва хеҷ зарурат барои истифодаи хидмати вакили мудофеъ аз Маскав вуҷуд надорад."
Владимир Голубев ҳамроҳ бо ду вакили мудофеъ аз Душанбе саввумин вакили мудофеъи генерал Ғаффор Мирзоев аст, ки барои ҳимоят аз ҳуқуқи вай ба ҳангоми бозрасӣ аз сӯи пайвандони Мирзоев ҷалб шудааст. Вай гуфт, ба ҳайси вакили дифоъ аз куллия имконоте, ки дар доираи қонунҳои Тоҷикистон ва меъёрҳои байналмилалӣ дорад, аз шахси зери ҳимояташ дифоъ хоҳад кард.
Дар ҳамин ҳол Юсуф Раҳмонов - додситони низомии Тоҷикистон, ки дар ҷараёни бозҷӯии яке аз манозили зисти генерал Ғаффор Мирзоев дар Душанбе иштирок мекард, гуфт тафтишот идома дорад ва вакилони мудофеъ низ тибқи қавонини Тоҷикистон бо Ғаффор Мирзоев мулоқот хоҳанд кард. Аммо додситони низомӣ ба ин суол, ки чаро то ҳоли ҳозир чунин имконият ба вакилони дифоъ фароҳам нашудааст, посух надод.
Ин дар ҳолест, ки пайвандони Ғаффор Мирзоев аз амали ногаҳонии кофтукоб ва бидуни иҷозаи манозили зисти худ аз тарафи нирӯҳои интизомии кишвар нигаронӣ мекунанд.
Ойиша Мирзоева, хоҳари генерал Ғаффор Мирзоев ва муовини раиси ноҳияи Восеъи вилояти Хатлон гуфт, дар ғайби ӯ беш аз чиҳил ходими амнияти мусаллаҳ хонаи ӯро бозҷӯӣ кардааст: "Ман дар ин ҷо будам. Ман дар хонаам набудам, дута бачам буду якта духтарчаи синфи нӯҳум буду якто бачаи дар институт мехондагиам. Ҳамон бачам намондашон, чил кас даромадаст ба хонаи ман. Гуфтаст, куҷо мерен, чӣ ҳақ дорен. Гуфтаст, ҳамаатон куҷо меравен, чор касатон дароен чизҳои очаи ман даркортон бошад бикобед."
Ва аммо Владимир Голубев нахустин вакили мудофеъи хориҷӣ, ки ба манзури дифоъи ҳуқуқи як шаҳрванди Тоҷикистон дар баробари мақомоти тафтишотии ин кишвар қарор дорад, гуфт, дар сурати идомаёбии мухолифат ба мулоқоти нафари зери ҳимояташ аз сӯи додситонии кулли Тоҷикистон ба ҳайси узви Созмони Байналмилалии Ҷурмшиносӣ ва узви Шӯрои Вукалои Русия бархӯрди додситонии кулли ин кишварро бо вукало ҳамчун шикасти қонун ва нақзи ҳукуқи инсон арзёбӣ намуда ва аз ин қазия ба додгоҳи Аврупо гузориш хоҳад дод.
Абдуқайюми Қайюмзод аз шаҳри Душанбе
XS
SM
MD
LG