Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҳоли беморони тоҷик дар Сургут чӣ шуд?


49 нафари аввал аз 222 нафаре, ки бо гумони сирояти салмонеллёз аз аввали моҳи август дар бемористони шаҳри Сургути Русия табобат мегирифт, пурра сиҳҳат ёфта, аз бемористон ҷавоб шудааст.
Дар ин бора ба ожонсии ИТАР-ТАСС намояндаи маъмурияти сургут Александр Тупалов хабар дод.
Ҳамаи беморон коргарони ширкати туркии "Контек" буда, аз байни онҳо 154 нафар - аҳли Туркия, ду каси дигар аз Югославияи собиқ ва бақия шаҳрвандони Тоҷикистону Қирғизистон ва Узбакистон будаанд.
Табибон камии ғизоро феълан сабаби асосии ба салмонелёз печидани ин мардум меҳисобанд.
Мирзои Салимпур
XS
SM
MD
LG