Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Замин то 5 балл ларзидааст


Рузи сешанбе, 10 август, соати тақрибан ҳафти субҳ дар Тоҷикистон як заминларза бо қудрати 5 балл тибқи ҷадвали Рихтер мушоҳида шуд.
Маркази ин зилзила дар 170-километрии ҷанубу шарқи Душанбе, дар марзи Тоҷикистон бо Афғонистон қарор доштааст.
Дар Душанбе қудрати заминларза 4 балл будааст.
Мақомоти изтирории кишвар мегуянд, дар бораи кадом хисороте дар асари ин офати табиӣ гузорише ба дасти онҳо нарасидааст.
Мирзои Салимпур
XS
SM
MD
LG