Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Намоиши асарҳои рассомони аврупоӣ


Барои нахустин бор мусаввараҳои нодире, ки дар хазинаи Осорхонаи миллии Тоҷикистон маҳфузанд, ба маърази тамошо гузошта хоҳанд шуд. Гулчеҳра Нуъмонова, раиси Осорхонаи миллии ба номи Беҳзод дар сӯҳбат бо мо гуфт, рассомон Муҳиддин Абдуқодиров ва Любов Сусанина ба эҳёи бархе аз ин мусаввараҳо шурӯъ намуданд. Миёни онҳо офаридаҳои мусаввирони давраи эҳё, аз ҷумла, Рафаэл Санти, асарҳои Жан Лоран Моне, Амберг, рассомони қарни ҳаждаҳ ва нуздаҳи Олмон, Ҳолланд ва Руссия низ ҳастанд, ки то ин вақт алоқамандони санъат ҳатто дар бораи мавҷудияти онҳо дар Тоҷикистон хабар надоштанд.
Гулчеҳра Нуъмонова афзуд, дар намоиши мусаввараҳои нодир, ки зимнан, бо кӯмаки Иттиҳодияи Аврупо моҳи октябр доир мегардад, дар маъмӯъ 33 асари нодир ба маърази тамошо гузошта мешавад: "Якумин маротиба асарҳое, ки дар намоиш набуданд, намоиш дода мешаванд. Ва дар ин ҷо асарҳои Фаронса, Олмон. Масалан, аз Олмон ин аз соли 1801 "Старик пишущий письмо", аз они Солье ҳаст, ин "Женский портрет" ин аз Фаронса ҳаст, офаридаи соли 1849. Он ҷо асари аз ҳама беҳтарини Рафаэл Сантин ба намоиш гузошта мешавад." Тамошобинон бори аввал бо асари машҳури рассоми олмонӣ Лисин "Модар ва тифл", офаридаи мусаввири ҳоландӣ Верук Ховин "Барраҳо" низ ошно хоҳанд шуд.
Ба суоли мо дар мавриди он ки ин мусаввараҳои нодир чӣ гуна вориди Осорхонаи миллии Тоҷикистон шудаанд, хонум Нӯъмонова посух дод, ки ин ҳама эҳдои Эрмитажи Санкт Петербург аст.
Ба гуфтаи хонум Гулчеҳра Нуъмонова, айни ҳол дар хазинаи осорхонаи миллии ба номи Беҳзод ҳудуди 5 ҳазор мусаввараву нигора маҳфуз аст.
Саидқосими Қиёмпур
XS
SM
MD
LG