Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Тоҷикистон дар харитаи ҷаҳонии кишварҳои мӯҳтоҷ


Абдуқайюми Қайюмзод аз шаҳри Душанбе Ҳудуди чаҳоруним миллион ва ё ҳафтод дар сади ҷамъияти Тоҷикистон аз гуруснагӣ ва камбуди ғизо ранҷ мебаранд. Бар асоси гузориши Барномаи ҷаҳонии ғизои Созмони Милали Муттаҳид Тоҷикистон ҳамчунон дар феҳрасти кишварҳои фақир ва ниёзманд қарор дорад. Дар харита, ё худ нақшаи тартибдодаи ин созмон, ки кишварҳои фақир ва мӯҳтоҷ инъикос меёбад, Тоҷикистон низ дар ду соли ахир ба такрор шомил шудааст.

Фаррух Маҳмадшоев - як мақоми масъул дар намояндагии Барномаи ҷаҳонии ғизои СММ дар Тоҷикистон гуфт, коршиносони ин барнома сар аз соли 1993-уми қарни гузашта замоне, ки ҷанги шаҳрвандӣ дар кишвар идома дошт, ҳамзамон бо ироаи кӯмакҳои башарӣ вазъи таъмини аҳолӣ бо маводи ғизоиро омӯзиш мекунад.
Бар пояи таҳлилу баррасии коршиносони идораи мазкур, умдатан аҳолии деҳот ва афроде, ки аз ҳисоби буҷаи кишвар таъмини молӣ мешаванд, аз азоби гуруснагӣ ва нарасидани маводи ғизоӣ азият мекашанд.
Оқои Маҳмадшоев гуфт: "Аслан мардуме, ки дастарсӣ ба замин надоранд, замине ки фоидаи онро худашон гирифта битавонанд, яъне ки сад дар сад фоидаи он заминро ҳосилоте, ки аз ин замин меруёнанд, худашон истифода баранд. Якум ин мардум камбуди ғизоӣ доранд, дуввум мардуме, ки зиндагиашон ба гову мол вобаста аст, даромади асосиашон аз ҳисоби онҳост ва гову молро ба шумораи даркорӣ надоранд, онҳо танқисии ғизоӣ мекашанд, дигар оилаҳое, ки қувваи кор надоранд, фарзандони зиёд доранд, ҳамин оилаҳо мӯҳтоҷи ғизо ҳастанд, оилаҳое ки аъзои маълул ва корношоям доранд, мӯҳтоҷи маводи ғизоӣ мебошанд."
Фаррух Маҳмадшоев афзуд, ғизои асосии беш аз ҳафтод дарсади аҳолии Тоҷикистонро гандум ва равғану шакар ташкил медиҳад. Ва ба иллати набуди ҷойи корӣ, камбуди маош ва серфаразандии хонаводаҳо ҳамин анвои маводи ғизоиро низ ин қисмати аҳолӣ наметавонад, дастрас кунад.
Аммо мақомоти Тоҷикистон маълумоти Барномаи ҷаҳонии ғизоро дар робита ба гуруснагии ҳафтод дар сади аҳолии кишвар саҳеҳ намеҳисобанд.
Ихтиёр Ашӯров - муовини раиси Кумитаи омори Точикистон таъйид кард, ки як қисмати аъзами аҳолӣ дар кишвар азоби камбизоатӣ мекашад, вале вай ҳамзамон дар ҳоли гуруснагӣ қарор доштани ин шумори мардуми кишварашро рад кард: "Дар ҳуҷҷатҳо ва таҳлилҳое, ки ба мо мерасад, дараҷаи гуруснагӣ нест, дараҷаи камбағалӣ вуҷуд дорад, гурусна намемонанд, то он дараҷае, ки онҳо гурусна монанд, нест ва ба он дараҷа баҳое, ки дар ҷаҳон қабул карда шудааст, ки шиками сер ба чӣ баробар карда мешавад, ба ҳамон баҳо Тоҷикистон то он дараҷа сер нест, лекин камбағал астанд ва гуруснае, ки аз гуруснагӣ азият кашад ин хел баҳо дода нашудааст."
Оқои Ашӯров гуфт, ҳукумати Тоҷикистон ҷиҳати коҳиши шиддати қашшоқӣ дар кишвар аз тадобири муфид кор мегирад. Вай ба унвони намуна аз барномаи давлатии Стратегияи коҳиши сатҳи камбизотӣ, ки ҳукумати кишвар дар ду соли қабл бо пуштибонии Сандуқи байналмилалии пул роҳандозӣ кардааст, ном бурд. Ба гуфтаи муовини раиси Кумитаи омори Тоҷикистон ба маҳзи татбиқи ҳамин барнома иқтисоди кишвар тайи ду соли ахир нӯҳ дар сад рушд нишон додааст.
Аммо коршиносони тоҷик ба ин назари мақомот мувофиқ нестанд. Коршиносон мӯътақиданд, омори то нӯҳ дар сад боло рафтани сатҳи зиндагӣ ва ба ҳамин тартиб афзоиши тавлидоти нохолис дар кишвар ба воқеияти зиндагии ҳамарӯза муғойират дорад.
Шокирҷон Ҳакимов - ҷомеашиноси тоҷик мӯътақид аст, ки сохторҳои иқтисодии Тоҷикистон то ҳоли ҳозир натавонистааст, як барномаи дақиқ ва мукаммали раҳоӣ аз бӯҳрони иқтисодиро дар кишвар таҳия ва татбиқ созад: "Аз он ҷумла сабабҳои асосиаш набудани рақобат дар муносибатҳои иқтисодӣ, фасод, тақсим шудани бозор миёни доираҳои маҳдуди муайян, баланд будани фоизи қарз ва инчунин умуман қариб, ки аз кор мондани корхонаҳои тавлидотӣ ва ғайримақсаднок истифода бурдани сармояи хориҷӣ мебошад."
Ва аммо як сокини шаҳри Душанбе, ки наздики сӣ сол ронандаи як муассисаи давлатӣ буда ва дар феълан дар бозори "Баракат"- и пойтахт ҳаммолӣ мекунад, гуфт хонаводаи вай солҳост, лаззат ва таъми гӯштро фаромӯш кардааст: "Ман соҳиби ҳашт фарзандам, дар давоми чаҳор панҷ сол, ки ҳамин ҷо кор мекунам, ина бирав фарзандони маро пурс, ки ба ғайр аз гардоб (ордоб) ягон чиз хӯрдагӣ ҳастанд. Факат гардоб, гӯшт аз куҷо мебинанд, ина ҳамин як қобча (халта) ордро дар як моҳ кор мекунӣ, намекунӣ, мебаришон ба ҳамин гардоб, ҳатто шир намеёбӣ, ки ба ҳамон гардоб биандозӣ."
Фаррух Маҳмадшоев, мақоми масъули намояндагии Барномаи ҷаҳонии ғизои СММ дар Тоҷикистон гуфт, ҳадаф аз ворид кардани Тоҷикистон дар шумори кишварҳои фақир ва мӯҳтоҷ ҷалби таваҷҷӯҳи ҷомеаи байналмилал ба мушкилоти гуруснагӣ ва камбуди ғизо дар ин кишвар мебошад. Ба гуфтаи вай, коршиносони ин созмон то охири соли равон як гузориши ҷадид дар робита ба сабабҳои сар задани гуруснагӣ ва камбуди ғизо ва роҳҳои раҳоии Тоҷикистон аз ин мушкилотро таҳия ва пешкаши ҳукумат ва кишварҳои кӯмакрасон хоҳанд кард.
XS
SM
MD
LG