Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Консортсиуми Сангтуда моҳи сентябр таъсис меёбад


Як манбаъ аз вазорати умури хориҷии Тоҷикистон ба хабаргузории "Интерфакс" гуфтааст, ки дар ҷараёни боздиди раисиҷумҳури Эрон Муҳаммади Хотамӣ аз Душанбе дар моҳи сентябр байни ду кишвар қарордоди таъсиси консорсиуми байналмилалии зери назари Эрон барои ҷалби сармояи хориҷӣ ба идомаи сохтмони ниругоҳи Сангтуда имзо хоҳад шуд.
Руъасои ҷумҳуриҳои Тоҷикистону Эрон Эмомалӣ Раҳмонов ва Муҳаммади Хотамӣ зимни ин дидор масоили равобити дуҷонибаи сиёсиву иқтисодиву фарҳангӣ ва ғолибан масоили Ироқу Афғонистонро ҳам баррасӣ хоҳанд кард.
Зимнан ба навиштаи ожонсии "Интерфакс", давлати Эрон барои идомаи бунёди нақби Анзоб як кумаки билоивази панҷмилёндоллариро дар ихтиёри Душанбе гузоштааст ва қарор аст, бар пояи ин маблағ сохтмони нақби Анзоб то 2 соли дигар поён дода шавад.
Муҳаммади Хотамӣ, ки тахминан байни рузҳои 11 ва 12 сентябр ба Тоҷикистон меояд, рузи 14 сентябр дар Душанбе дар нишасти навбатии сарони кишварҳои узви Созмони Ҳамкориҳои Иқтисодӣ, ЭКО низ ширкат хоҳад кард. Ин дуввумин дидори оқои Хотамӣ аз Тоҷикистон аст. Сафари аввалини ӯ ба ин кишвар 30 апрели соли 2003 сурат гирифта буд.
Мирзои Салимпур
XS
SM
MD
LG