Пайвандҳои дастрасӣ

Ғаффор Мирзоев чӣ гуна боздошт шуд?


Қаюм Юсуфов - раиси Конуни адвокатҳои Тоҷикистон усули боздошт ва эъломи гунаҳкории генерал Ғаффор Мирзоевро аз ҷониби додситонии кулли кишвар мухолиф ба Қонуни Асосӣ ва меъёрҳои байналмилалӣ арзёбӣ кард. Қаюм Юсуфов, ки аз ҳуқуқи Ғаффор Мирзоев дар ҷараёни бозрасӣ дифоъ хоҳад кард, рӯзи душанбе ба Радиои Озодӣ гуфт, боздошти нафари зери ҳимояти вай тавассути намояндагони додситонӣ ва амниятии кишвар бо қонуншиканӣ сурат гирифтааст: "Қонуншиканӣ ба ҳангоми дастгиркунӣ роҳ дода шуданаш дар он аст, ки аз лаҳзаи дастгиркунии Ғаффор Мирзоев ба сари ӯ халта пӯшида, дастҳои ӯро ба қафо тоб дода, занҷирбанд карданд, ки ин аз рӯи стандартҳои байналхалқӣ қонуншикании бисёр дағалона аст ва мувофиқи талаботи Конститутсия низ ин мумкин нест. Телевизиони тоҷик саросемавор ба мардум хабар расонд, ки Ғаффор Мирзоев дар содир кардани як қатор ҷиноятҳо гунаҳкор карда мешавад. Лекин гунаҳкор кардани ӯро боз мегӯям, ки танҳо ҳукми суд гуноҳи ӯро собит мекунад. Қонун ба прокурори генералӣ низ чунин ҳуқуқро надодааст."
Оқои Юсуфов гуфт, рӯзи чаҳоршанбеи ҳафтаи гузашта, яъне ду рӯзи қабл аз замони боздошташ генерал Мирзоев унвонии Эмомалӣ Раҳмонов - раиси ҷумҳур номае ирсол дошта, пуштибони худро аз сиёсати пешгирифтаи вай ва омодагиашро барои иҷрои ҳамагуна амру фармоиши сарфармондеҳи қувваҳои мусаллаҳи кишвар изҳор кардааст.
Бар изофа афзуд оқои Юсуфов, Ғаффор Мирзоев дар ҳузури вай бо додситонии кулл ва ҳамчунин бо додситони ҳарбии Тоҷикистон дар тамос шуда эълом кардааст, ки барои посух додан ба ҳамагуна саволу пурсиш омода мебошад.
Ин дар ҳолест, ки Бобоҷон Бобохонов - додситони кулли Тоҷикистон дар конфронси хабарие, ки ба думболи боздошти Ғаффор Мирзоев раиси Оҷонсии мубориза бо маводи мухаддир доир кард, гуфт, Ғаффор Мирзоев даъватҳои мукаррари ин идораро барои анҷоми сӯҳбат ва посух ба суолоти додситонӣ напазируфтааст: "Вақте ки органҳои прокуратура барои тафтишот барои пурсупос ба прокуратура даъват карданд, наёмад, саркашӣ кард, мо маҷбур шудем, ки вайро (Ғаффор Мирзоевро) дастгир кунему кори тафтишотро пеш барем."
Бино ба итиллоъи Қаюм Юсуфов - вакили мудофеъи Ғаффор Мирзоев ҳангоми боздошт, генерал Мирзоев бидуни кадом муқовимат ва саркашӣ ба нирӯҳои амниятӣ таслим мешавад. Аммо миёни муҳофизони вай ва нирӯҳои амниятӣ тиркушоӣ сурат мегирад, ки бар асари он се ходими амниятӣ ва як муҳофизи генерал Мирзоев ҷароҳат мебардоранд.
Дар ҳамин ҳол масъули додситонии Тоҷикистон хабари боздошти ду бародари Ғаффор Мирзоев ва ҳудуди даҳ нафар аз ҷонибдорони ӯро таъйид кард. Ба гуфтаи ин манбаъ, ҳангоми бозҷӯии манзили зисти Ғаффор Мирзоев дар Кӯлоб миқдори силоҳ ва муҳимоти ҷангӣ ошкор ва мусодира шудааст.
Бобоҷон Бобохонов - додситони кулли Тоҷикистон дар як сӯҳбати кӯтоҳи телефонӣ гуфт, субҳи 9 август дастури боздошти Ғаффор Мирзоев содир ва айбномаи ибтидоӣ ба вай расман эълон шудааст.
Аммо Қаюм Юсуфов - вакили мудофеъи Ғаффор Мирзоев гуфт, талошҳои вай ҷиҳати мулоқот бо нафари зери ҳимояташ бо гузашти чаҳор рӯз аз замони боздошташ бенатиҷа анҷом ёфтааст.
Ба гуфтаи оқои Юсуфов, масъулини додситонии кулли Тоҷикистон ваъда додаанд, ки дар ду рӯзи минбаъда шароити мулоқоти ӯро бо Ғаффор Мирзоев мусоид хоҳанд кард.
Абдуқайюми Қайюмзод аз шаҳри Душанбе
XS
SM
MD
LG