Пайвандҳои дастрасӣ

Хабарнигорон таппонча бигиранд, хомӯшӣ - ташвиқи нохалафон, чипта барои қатораи эътилоф


Лату кӯб шудани Раҷаби Мирзо - сармуҳаррири ҳафтаномаи «Рӯзи Нав» мавзӯъи аслии нашрияҳои мустақил дар ин ҳафта буд ва саҳифаи нахустини ин нашрияҳоро акси калони Раҷаби Мирзо оро медод. Ҳафтаномаи «Рӯзи Нав» дар саҳифаи нахустини худ изҳороти Раҷаби Мирзо унвонии президенти Тоҷикистонро нашр кардааст. Дар он гуфта мешавад, ки бори дуввум аст, ба ҷони Раҷаби Мирзо сӯиқасд мешавад ва ҷабрдида фармоишгари ин сӯиқасдҳоро тахмин мекунад. Вале аз ифшои исми ӯ ҳоло худдорӣ менамояд. Дар изҳороташ Раҷаби Мирзо дархости таъмини амният ва муҷозоти сӯиқасдчиёнро намудааст. Ин изҳоротро бархе аз нашрияҳои дигар низ чоп кардаанд. Чанд сафҳаи дигари «Рӯзи Нав»-ро изҳорот ва вокунишҳои расонаҳои хабарии маҳалливу хориҷӣ ва созмонҳои байналмилалӣ пур кардаанд. Аз ҷумла, Додоҷони Атовулло - сардабири нашрияи «Чароғи Рӯз» аз Олмон навиштааст, иқтибос мекунам, «Агар мо имрӯз аз Раҷаби Мирзо дифоъ накунем, фардо навбати ту, пасфардо навбати ман аст.» Поёни иқтибос.
«Одаму Олам» дар матлабе зери унвони «Шикор оғоз шуд?» пешниҳод намудааст, то ба журналистон барои бо худ доштани аслиҳаи газӣ иҷозат дода шавад. «Одаму Олам» ҳамчунин аз шоеъоте навиштааст, ки гӯиё пас аз қазияи Раҷаби Мирзо, Мухтор Боқизода - сармуҳаррири «Нерӯи Сухан» Тоҷикистонро тарк карда бошад.
Дар сӯҳбати кӯтоҳи телефонӣ бо Радиои Озодӣ як корманди «Нерӯи Сухан» гуфт, дар ҳақиқат Мухтор Боқизода айни ҳол дар Душанбе нест, аммо ин ба қазияи Раҷаби Мирзо иртиботе надорад. Дар ҳамин ҳол, худи «Нерӯи Сухан» навиштааст, агар имрӯз журналистон хомӯширо ихтиёр кунанд, фардо он дасти номуборак аз гиребони дигарон мегираду ба хун оғуштаашон мекунад ва ё синаашон медаррад.
«Азия-Плюс» тахмин задааст, ки сӯиқасд ба Раҷаби Мирзо шояд кори ба истилоҳ «қаҳрамон»-и ягон матлаби интиқодӣ бошад. Ва аммо яке аз фарзияҳои аслии худи «Рӯзи Нав» он будааст, ки сӯиқасд ба Раҷаби Мирзо аз тарафи кадом нафаре ва ё гурӯҳе сурат нагирифта бошад, иртиботи бевосита ба интихобот дорад.
«Рӯзи Нав» дар бастагӣ ба интихоботи қарибулвуқӯъи порлумонӣ ва ба эътилофи аҳзоб барои интихоботи шаффоф пайвастани ҳизби демократии Тоҷикистон низ матлабе нашр кардааст. Муаллиф сабаби ба эътилоф пайвастани демократҳоро дар он дидааст, ки интизороти раиси ҳизби демократии Тоҷикистон аз қонуни интихобот ва аз қонуни афв амалӣ нагаштанд ва ба ибораи муаллиф барои ба «қатораи эътилоф» савор шудани Маҳмадрӯзи Искандаров, худи ҳукумат ба ӯ «чипта» харидааст.
«Одаму Олам» бо нашри матлабе вазъи китобу китобфурӯшӣ дар Тоҷикистонро баррасӣ кардааст. Муаллифи мақола навиштааст, аз сабаби нашри ками китоб, қиммати баланди он ва адами таваҷҷӯҳи мардум ба китоб, дар кишвар қариб ҳама дӯконҳои китобфурӯшӣ савдои китобро бас карда, ба фурӯши амволи дигар машғуланд.
XS
SM
MD
LG