Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Кашфу забти 1 тонна ҳероин дар марз


Ҳангоми як амалиёти фаврӣ гурӯҳи марзбонони Русия мустақар дар Тоҷикистон дар мавзеъи наздимарзии Ҳамадонии Хатлон як махфигоҳи дорои 1 тоннаву 100 кило маводи мухаддирро, кашф карданд. Дар маркази матбуоти Нерӯҳои марзбонони Русия ба Радиои Озодӣ гуфтанд, ки тӯли 6 моҳи ахир бори аввал аст, ки чунин миқдори бузурги маводи мухаддир ёфт мешавад. Аз махфигоҳ 1008 кило ҳероин ва беш аз 70 килои дигар афюн мусодира шудааст.
Тайи 6 моҳи соли 2004 дар Тоҷикистон вазоратҳои қудратӣ беш аз 3 тонна маводи мухаддирро кашф ва мусодира карданд.
Сайёфи Мизроб аз шаҳри Душанбе
XS
SM
MD
LG