Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Кони Мансур таваҷҷуҳи тоҷирони инглису қазоқро ҷалб кардааст


Як ҳайъати тоҷирони инглису қазоқ таҳти раҳбарии лорд Брайан Маккензи барои баррасии масъалаи истихроҷи маъдан аз Кони Мансур, воқеъ дар шимоли шаҳри Хуҷанд рузи панҷшанбе вориди шаҳри Душанбе, пойтахти Тоҷикистон шуд.
Ношири ин хабар, ожонсии "Азия Плюс" менависад, тавофуқи қаблӣ дар бораи имкони мушорикати корхонаи "Музбел"-и Қазоқистон дар амри истихроҷи маъдани нуқраву қалъагӣ аз Кони Мансури Калон ва Кони Мансури Шарқӣ чанде пеш зимни дидори сафири Қазоқистон дар Душанбе Ерлан Абелдаев бо сарвазири Тоҷикистон Оқил Оқилов ҳосил шуда буд. Ширкати "Музбел" бар пояи сармояи ширкати бритониёии "Ориел Ресорсиз" таъсис ёфтааст.
Дар вазорати саноати Тоҷикистон ба Радиои Озодӣ гуфтанд, ки сафари ҳайъати тоҷирони инглису қазоқ ба Душанбе бо ибтикори корхонаи давлатии "Геологияи Тоҷик" сурат мегирад, чунки то ҳол дар Кони Мансур ҳеҷ гуна зербинои лозими саноатӣ бунёд нашудааст ва то таҳия шудани як барномаи мушаххаси истихроҷи маъданаш Кони Мансур ҳамчунон таҳти салоҳияти "Геологияи Тоҷик" боқӣ мемонад.
Кони Мансур, ки бо 380 000 тонна захираи танҳо маъдани нуқрааш дуввумин кони бузурги нуқра дар ҷаҳон дониста шудааст, аз конҳои бозу зерзаминии нуқраву қалъагӣ маҳсуб шуда, таърихаш ба асрҳои нуҳу ёздаҳи мелодӣ мекашад.
Дар маҳалли Кони Мансур чандин корхонаи қадимаи коркарди маъданро низ пайдо кардаанд, ки ҳануз дар замони то инқилоби Октябр ба истихроҷи дастии нуқраву қалъагӣ аз кони мазкур машғул будааст.
Тадқиқоти геологии Кони Мансурро заминшиносони рус ҳануз дар соли 1925 анҷом додаанд, вале бо ин вуҷуд ва сарфи назар аз вуҷуди маъдан дар умқи ҳамагӣ то 50 метри конҳои ин минтақа, то кунун аз ин ду кони Қарамазор ва Қаратошқутан, ки дар манобеъи заминшиносӣ ҳамчун Кони Мансур ёд мешаванд, истихроҷи саноатии маъдан оғоз нашудааст.
Мирзои Салимпур
XS
SM
MD
LG