Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Баҳси гузориши давлатӣ дар бораи ҳуқуқи зан


Ширкаткунандагони як нишаст дар шаҳри Душанбе зимни баррасии гузориши ҳукумати Тоҷикистон дар мавриди иҷроиши "Конвенсияи рафъи маҳдудияти ҳуқуқи зан" таъкид намуданд, бисёре аз мафоди ин конвенсия дар Тоҷикистон ҳануз мавриди иҷро қарор нагирифтааст. Ба гуфтаи онҳо, лоиҳаи ин гузориш умдатан аз зикри аснод ва қавонини дар ин маврид қабулшуда иборат аст ва вазъи воқеии иҷроиши ин қонунҳо сарфи назар шудааст. Гулҷаҳон Бобосодиқова, раиси ассотсиатсияи "Занҳои маълумотиолидор" дар ин маврид гуфт: "Маълумотнокии зан дар оила аз ҳама чизи бузургтарин аст.Ба фикри ман, дар ин маърузае, ки пешниҳод шуд, на ҳамаи паҳлуҳои маълумотнокӣ кушода шудааст. Мо, албатта, дар солҳои пешин пешравиҳои зиёде доштем ва дар ин 14 сол бештарини онро пурқувват ҳам кардаем. Вале дар ҳоли ҳозир ҳам проблемаҳои зиёде ҳастанд, ки мо бояд онҳоро ошкоро гуфта тавонем."
Хонум Бобосодиқова таъкид кард, созмонҳои ғайриҳукуматӣ қасд доранд, як тарҳи алтернативии гузориш аз ҷараёни иҷрои конвенсияи рафъи монеъаҳои ҳуқуқи зан дар Тоҷикистонро таҳия кунанд.
Дилбар Муқимова, яке дигар аз ширкаткунандагони ин нишаст мегуяд, дар таҳияи ин гузориш мебоист бештар ба воқеиятҳои ҷомеа ва иҷроиши қонунҳои қабулшуда дар мавриди таъмини ҳуқуқи зан таваҷҷуҳи бештар дода шавад. Ба назари у, баршумурдани қавонини қабулшуда ҳануз маънои таъмини ҳуқуқи занро надорад. Зеро, мегуяд хонум Муқимова, дар ҷомеаи суннатии тоҷикон, аз ҷумла занон бо вуҷуди зоҳиран бархурдор будан аз ҳуқуқ ва озодиҳо натавонистаанд аз ҳаққҳои худ истифодаи комил кунанд.
Дилбар Муқимова мегуяд: "Занҳо худ намедонанд, ки онҳоро чӣ гуна истисмор мекунанд.Чунки урфу одати мо, ки аз гузаштагонамон мондааст, гумон доранд, ки бояд ҳамин хел бояд зист. Сарқонуни Тоҷикистонро бо ҳуқуқи зан дар дини ислом муқоиса кардем, дидем, дар он ҷо низ гуфта нашудааст, ки занро бояд истисмор кард."
Нишасти мазкур ба манзури баррасӣ ва такмили тарҳи гузориши давлатӣ аз ҷараёни иҷроиши конвенсияи рафъи мавонеъ дар таъмини ҳуқуқи зан, ки бо ибтикори дафтари таҳкими сулҳи Созмони Милали Муттаҳид дар Тоҷикистон, дастгоҳи раёсати ҷумҳурӣ ва бо мусоидати ожонсии рушди байналмилалии Шветсия ифтитоҳ шуд, фардо, рузи ҷумъа низ идома хоҳад кард.
Бароти Юсуфӣ, Радиои Озодӣ, Душанбе
XS
SM
MD
LG