Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Қонунҳои монеъи рушд, воридоти маҳсулоти пастсифат


Нофаҳмиҳо ва ихтилофот дар қонунгузории Тоҷикистон садди рушди соҳибкорӣ дар кишвар мегардад. Чунин хулоса кардааст ҳафтаномаи «Азия - Плюс» бо нашри матлабе дар бораи вазъи соҳибкорӣ дар Тоҷикистон. Ӯ мисол овардааст, ки соҳибкорони инфиродӣ аз рӯи бархе намудҳои соҳибкорӣ бар иловаи патент бояд чандин муҷаввизи дигар низ бояд бигиранд. Дар матлаб омадааст, коҳиши намудҳои соҳибкорие, ки бо гирифтани патент ба роҳ монда мешавад, метавонад боиси аз додани андоз сар кашидани соҳибкорон гардад. Дар ҳамин ҳол, вазъи соҳибкорони чун шахси ҳуқуқӣ сабтинома гардида боз печидатар будааст. Дар сурате, ки соҳибкорони инфиродии патентдор танҳо ду дарсади даромадашонро андоз месупоранд, беш аз нисфи даромади корхонаҳо ба ҳайси андоз ситонида мешудааст.
«Рӯзи Нав» гунаҳкори вуруди маҳсулоти пастсифат ба бозорҳои Тоҷикистонро ҷустааст. «Тоҷикстандарт» сабаби ворид шудани маҳсулоти пастсифатро дар адами ҳамкорӣ мийони «Тоҷикстандарт» ва департаменти гумрук дониста гуфтааст, қабл аз вуруд мол бояд аз санҷиши «Тоҷикстандарт» бигзарад, аммо департаменти гумрук беиҷоза ва санҷиши «Тоҷикстандарт» маҳсулот ворид месозад. Аммо департаменти гумрук гуфтааст, онҳо дар ҳамкорӣ бо «Тоҷикстандарт» фаъолият мекунанд ва танҳо пас аз санҷиши ин ниҳод гузаштани мол, онро ба расмият дароварда боҷи гумрукӣ меситонанд. Ба сифати мол бошад «Тоҷикстандарт» масъул аст.
Бузургтарин воридкунандаи мол ба Тоҷикистон Чин маҳсуб мегардад. Чин ба Тоҷикистон панҷоҳ миллион юан муодили шаш миллион доллар ба ҳайси кӯмаки бебозгашт додааст. Ношири ин хабар ҳафтаномаи « Азия-Плюс» навиштааст, ин маблағ барои пийода намудани силсилаи лоиҳаҳо дар соҳаи иҷтимоӣ- иқтисодии Тоҷикистон пешбинӣ шудааст. Дар мавриди ҳамкориҳои тиҷоратии ду кишвар, нашрия навиштааст, тӯли се соли охир дар Тоҷикистон беш аз даҳ корхонаи муштараки тоҷикӣ-чиноӣ боз гардида табодули мол байни Тоҷикистону Чин дар нимсолаи аввали 2004 беш аз 30 миллион долларро ташкил додааст. Аз ин ба маблағи 3 миллион доллар аз Тоҷикистон ба Чин мол содир шудааст ва ба маблағи 27 миллиони боқимонда Чин ба Тоҷикистон мол ворид кардааст.
Бино бар як хабари нашрияи «Бизнес и Политика» табодули мол дар нимсолаи аввали 2004 дар маҷмӯъ беш аз як миллиард долларро ташкил додааст. «Бизнес и Политика» ҳамчунин навиштааст, Ирон тасмим дорад, дар манотиқи кӯҳсори Тоҷикистон панҷ нерӯгоҳи хурди барқӣ-обӣ бисозад. Айни ҳол, бонки исломии рушд барои сохтани панҷ нерӯгоҳи хурди барқи обӣ нӯҳ миллион доллар ва бонки осийовии рушд барои бунёди боз чаҳор чунин нерӯгоҳ се миллион доллар тахсис додаанд.
Тӯли чор чоли охир аз тарафи бонки исломии Рушд, бонки осийовии Рушд ва бунйоди Сорос барои тараққийоти соҳаи маорифи тоҷикистон 42 миллион доллар тахсис шудааст ва ин маболиғ барои бунйоди макотиби нав, таъмири куллии биноҳои мактабҳо, муҷаҳҳазонӣ, нашри китобҳои дарсӣ сарф шудаанд. Дар ин бора ба нашрияи «Азия- Плюс» Сафаралӣ Раҷабов - вазири маорифи Тоҷикистон хабар додаст. Бар иловаи ин, вазорати маорифи Тоҷикистон бо 25 созмони байналмилалӣ ҳамкорӣ доштааст. Дар ҳамин ҳол, дар бастагӣ ба пули таъмир супурдани хонандаҳо вазири маориф гуфтааст, волидони талабаҳои мактаб агар хоҳанд барои эҳтиёҷоти мактаб метавонанд пул бигузаронанд.
XS
SM
MD
LG