Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Бунёди "Қасри Миллат" соли оянда ба поён мерасад


Баҳоваддин Зуҳуриддинов - муовини раиси кумитаи меъморӣ ва сохтмони ҳукумати Тоҷикистон, ки зимни як нишасти хабарӣ сӯҳбат мекард, гуфт, қарор аст, то соли ояндаи мелодӣ сохтмони муҷтамаъи мавсум ба «Кохи миллат» ба анҷом бирасад.
Оқои Зуҳуриддинов аз муаллифони аслии тарҳи «Кохи миллат» мегӯяд: "Тарҳи ин муҷтамаъро ман ва ширкати "Кодекс" таҳия кардем, сохтмони онро ширкати итолиёвии "Кодекс" бурда истодааст. Ман бовар дорам, бунёди муҷтамаъ то соли оянда ба поён мерасад."
Ба гуфтаи оқои Зуҳуриддинов, алорағми ҳамаи нигаронӣ ва эътирозот тамоми сохтмонҳои атрофи ин муҷтаъам, ба истиснои бозори "Баракат" мутобиқи тарҳи генералӣ тахриб ва ҳамвор хоҳад шуд. Бозори "Баракат" бояд мутобиқ бо меъёрҳои муосир бозсозӣ ва такмил шавад.
Муҷтамаъи "Кохи миллат", ки сохтмони он бо поягузории пайкараи Исмоили Сомонӣ дар соли 1998 оғоз шуда буд, дар қисмати маркази шаҳри Душанбе дар васати хиёбонҳои Саъдии Шерозӣ, Сомонӣ ва Ҳофиз ва Рӯдакӣ майдони пурвусъатеро фаро мегирад. Қасри аслии миллат, ки қароргоҳи ояндаи раёсати ҷумҳурӣ хоҳад буд, иборат аз чанд бино дар қароргоҳи собиқи лашкари 201-уми Русия, ки як баландии стратегии пойтахт маҳсуб мешавад, бунёд хоҳад шуд.
Муовини раиси кумитаи меъморӣ ва шаҳрсозии ҳукумати Тоҷикистон хамзамон ба масоили дигари марбут ба сохтмон ва шаҳрсозӣ пардохт ва гуфт, акнун фурсати он фаро расидааст, ки тарҳи генералии шаҳри Душанбе ҷиддан мавриди иҷро қарор бигирад. Ба гуфтаи ӯ, то кунун ин тарҳ 20 дарсад иҷро шудаасту халос. Ӯ аз ҷумла таъкид кард, дар бунёди иморатҳо ва хусусан манозили маскунӣ, ки умдатан аз сӯи шахсони алоҳида сурат мегирад, меъёрҳои пазируфташуда, аз ҷумла шароити тобоварӣ ба зилзила аксаран сарфи назар мешавад: "Дар ҳақиқат дар бисёр ҷойҳо ба ин аҳамият намедиҳанд, чунки имрӯз ҳама сохтмончӣ шудааст."
Ба гуфтаи оқои Зуҳуриддинов афзоиши бесобиқаи қиммати манзил дар Душанбе ба муҳоҷирати дохилӣ ва сохта нашудани биноҳои нав марбут мебошад. Аммо мегӯяд, у ахиран тавофуқ шудааст, ки як ширкати сохтмонии шаҳри Маскав дар маркази пойтахт ба зудӣ чанд бинои бисёрошёна бисозад.
Ин нахустин иқдом дар ҷиҳати идомаи иҷроӣ шудани тарҳи генералии Душанбе ва бунёди манозили маскунии шаҳрӣ баъди таваққуфи беш аз дувоздаҳсола мебошад.
Раҳматкарими Давлат аз шаҳри Душанбе
XS
SM
MD
LG