Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Шабаҳи Ҳизби Таҳрир дар Кулоб


Дар додгоҳи минтақаи Кулоб барои нахустин бор баррасии қазияи беш аз 20 тан аз аъзои Ҳизб-ут-Таҳрир шуруъ шуд. Дар ҳоле ки имрӯз додгоҳ қазияи як тан аз аъзои фаъоли ин ҳизбро баррасӣ дорад, Музаффар Мирамиршоев - муовини раиси додгохи Кулоб ба Радиои Озодӣ гуфт, додгоҳ рӯзи душанбеи 2 август ду тан аз аъзои дигари Ҳизби Таҳрирро ба муҳлати 12 сол аз озодӣ маҳрум кард. Ӯ мегӯяд, ин ду тан бо иттиҳоми ҷилавгир нашудан аз фаъолияти гуруҳҳои зиддидавлатӣ ба муҷозот кашида шудаанд: "Вайҳо дувоздаҳ сол гирифтаанд. Якеаш барои фаъолият ва дигарӣ барои хабар надодан ба мақомот дар бораи ин гуруҳ тибқи кодекси ҷиноии Тоҷикистон, банди 347 зиндонӣ шудаанд. Ин ду танро се моҳ пештар милисаи шаҳр боздошт карда буд."
Дар ҳамин ҳол, додгоҳ мегуяд, ҷавонони дигар, ки ҳамакнун зиндонианд, бо иттиҳоми сангинтар аз қазияи аъзои қаблии Ҳизб-ут-Таҳрир ҷазо мебинанд: "Қазияи бистнафара алоҳида аст, ҷинояти онҳо вазнинтар аст, онҳо аз руи банди сангинтари кодекси ҷиноӣ - таблиғи идеяҳои зиддидавлатӣ дар байни мардум - муттаҳам шудаанд. Онҳо ноболиғ нестанд, синну солашон 18, 19 ва 20 сол аст ва тибқи қонун онҳо бояд сад дарсад дар назди қонун ҷавоб гӯянд."
Ва аммо коршиносон мегуянд, аз озодӣ маҳрум кардани ҷавонон роҳи ҳалли қазия нест. Муҳиддини Кабирӣ - муовини раиси Ҳизби Наҳзати Исломи Тоҷикистон (ҲНИТ) мегӯяд, мақомоти қудратӣ дар баробари баррасии парвандаҳои ҷиноӣ бояд ин фарзияро ҳам ба назар бигиранд, ки Ҳизб-ут-Таҳрир тактикаи ҷадиди бечоранолӣ ва ва мавқеъи як гурӯҳи ҷабрдидаро пеш гирифтааст ва аз маҳкамаву зиндон низ ҳамчун як минбари дигари таблиғу ташвиқ кор мегирад. Ҷаноби Кабирӣ мегӯяд, мубаллиғини Ҳизби Таҳрир дар зиндон имкон доранд, чандин нафари дигарро шомили ин ҳизб кунанд.
Саидбироҳими Гадозода - дар собиқ муовини раиси ҲНИТ дар минтақаи Кулоб мегуяд, дар мавриди руи кор омадани аҳзоби ғайриқонунӣ ҳамчун Ҳизб-ут-Таҳрир мақомот ҳам саҳм доранд, ки дар баробари таъқибу фишор руи ҲНИТ аз будани Ҳизби Таҳрир дар Кулоб чашм пушидаанд: "На танҳо дар Кулоб, балки дар тамоми Тоҷикистон ва ҳам Узбакистон заминаҳои пайдоиши Ҳизби Таҳрир ин таъқибу фишор алайҳи исломиёни муътадил буд. Вақте мо мегӯем, ки дар Кулоб Ҳизб-ут-Таҳрир пайдо мешавад ва ҳатто онҳо дар хонаҳои ҳокимони кулобӣ пуштибону сарпараст меёбанд, ин натиҷаи ҳамон аст, ки аввалан, дар байни мардум шояд таълимоти исломӣ хеле заъиф бошад, баъдан руи як ҳизби исломӣ, ки дар чаҳорчубаи қонун амал дорад, вақте фишор меоранд ва аз фаъолияти он ҷилавгирӣ мешаванд, маълум аст, ки ҳаракатҳои ғайриқонунӣ пайдо мешаванд ва ин як падидаи табиӣ аст."
Муҳиддини Кабирӣ меафзояд, танҳо созмону аҳзоби динӣ имкон доранд, аз фарогиршавии Ҳизб-ут-Таҳрир дар минтақаи Кӯлоб ҷилавгир шаванд: "Ман фикр мекунам, ки ҳатто дар оянда ҳам, агар як хел ҳамоҳангӣ байни ниҳодҳои марбута ҳамчун Шурои Уламои Исломӣ, Кумитаи Дин ва Ҳизби Наҳзати Исломи Тоҷикистон набошад, ва агар онҳо дар дастаҷамъӣ оид ба ин масъала фикр накунанд ва пеши роҳи ин равандро нагиранд, Ҳизби Таҳрир ҳам набошад, дигар гуруҳу ҳаракатҳои ғайриқонунӣ метавонанд, ин гурӯҳи ҷавононро ба худ ҷалб кунанд. Ин омили асосӣ аст, аз нигоҳи ман."
Рузи чаҳоршанбеи 11 август дар додгоҳи Кулоб қазияи пурсарусадои 20 тан аз аъзои дигари Ҳизб-ут-Таҳрир баррасӣ хоҳад ёфт. Додгоҳ мегӯяд, ҳамаи ин ҷавонон ба мӯҳлати тулонӣ аз озодӣ маҳрум мегарданд. Парвандаи ҷиноии таҳририён, ки аксари эшон донишҷӯанд,аз ҷониби идораи амнияти минтақа боз шудааст. Бар асари ин қазияи пурмоҷаро чанд масъули ҳукумат, бо шумули муовини мири Кӯлоб Ҳуронбӣ Восиева ва баъдан худи шаҳрдор Бобоҷон Муродов аз вазифа сабукдӯш шудаанд.

XS
SM
MD
LG