Пайвандҳои дастрасӣ

Музокироти марзии Тоҷикистону Чин


Марзбонони Тоҷикистону Чин музокиротро дар мавриди ҳамкорихои дуҷониба дар бахши амният ва мубориза бо терроризм ва тундгароии мазҳабӣ шуруъ кардаанд.
Бино ба иттилоъи мақомоти кумитаи марзбонии Тоҷикистон, ахиран як ҳайъати марзбонии ин кишвар ҷиҳати густариши ҳамкориҳо дар бахши амният дар марзи муштараки ду кишвар дар музофоти сарҳадии Шинҷон -Уйғур бо намояндагони мақомоти марзбонии ин кишвар гуфтӯгу кардаанд.
Шоҳ Искандаров, сардори раёсати фаврии кумитаи марзбонии Тоҷикистон ва узви ҳайъати Тоҷиистон дар музокироти Шинҷон рузи 4 август ба Радиои Озодӣ гуфт, масъулини ниҳодҳои марзбонии музофоти Шинҷон - Уйғур бештар аз гурӯҳҳои террористие, ки дар Афғонистон фаъоланд, дар бим мебошанд ва ба хотири таъмини бехатарии манотиқи марзӣ омодаанд дар чанд замина бо марзбонони тоҷик ҳамкорӣ кунанд.
Оқои Искандаров меафзояд: "Онҳо 6 пешниҳоди мушаххас карданд. Якум, муборизаи муштарак бо терроризму ифротгароӣ ва сепаратизм дар сарҳад. Дуввум, таълиму тарбияи марзбонон ва мардуми муқими ду сӯи марз дар руҳияи дӯстиву ҳусни ҳамҷаворӣ. Севвум, фаъолиятҳои муштарак дар заминаи мубориза бо қочоқи маводи мухаддир. Чорум, таҳияи як механизми табодули маълумоти амниятӣ. Панҷум, бархӯрди инсонӣ бо онҳое, ки марзро саҳван ва бидуни силоҳ убур мекунанд. Ва шашум, хабардор кардани ҳамдигар аз ҳолоте ба мисли шуйуъи амрози сорӣ ё фоҷиаҳои дигар."
Шоҳ Искандаров мегӯяд, дар ин мулоқот ҳамчунин зарурати таъсиси як шабакаи иттилоъгузорӣ миёни ниҳодҳои марзбонии Тоҷикистону Чин таъкид шуда, ва ин масъала пас аз омода шудани асноди марбута матраҳ хоҳад шуд.
Тоҷикистону Чин беш аз 500 километри марзи муштарак доранд. Аз замони шуравӣ то авоили соли 2003 хатти ин марз аз тарафи марзбонони Русия, мустақар дар Тоҷикистон назорат бурда мешуд. Ва дар моҳи майи соли гузашта назорати марзи Чин ба ихтиёри марзбонони тоҷик вогузошта шуд.
Мирзонабии Холиқзод аз шаҳри Душанбе
XS
SM
MD
LG