Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Матбуоти оҷиз дар инъикоси дардҳои ҷомеа


Барот Юсуфӣ аз шаҳри Душанбе

Намояндагони васоити ахбори Тоҷикистон таъкид карданд, ки дар ҳоли ҳозир наметавон нақши матбуоти тоҷикро дар роҳи ҷилавгирӣ аз афзоиши нашъамандӣ дар кишвар муаасир гуфт.
Ин нукта дар як ҳамоиши намояндагони васоити ахбори Тоҷикистон дар Душанбе 3 август таъкид шуд, ки дар он хабарнигорон ва коршиносон ширкат доштанд. Ба эътиқоди бархе аз ширкаткунандагони ин нишаст, сатҳи касбии рӯзноманигорони Тоҷикистон дар баррасии амиқ ва ба мардум расонидани чунин як мушкили ҷомеа номукаммал ба назар мерасад. Азим Аминов, намояндаи созмони "Интернюс-Тоҷикистон" ба ин назар аст, агар журналистони кишвар нигоҳи худро дар ҳалли қазияи гирифторӣ ба нашъамандӣ тағйир надиҳанд, ин мушкили ҷомеи имрӯзи Тоҷикистон коҳиш нахоҳад ёфт.
Ӯ гуфт: "Аксари рӯзноманигорон ин барномаро сатҳӣ мефахманд, на ҳамчун масъалае, ки ҳалталаб аст ва бояд ҳал шавад. Вале аз сабаби он ки ба истилоҳот ва тадқиқотҳое, ки дар ин самт анҷом ёфтааст огаҳ нестанд, аксари маводи дар матбуот чопшуда ва дар телевизион ва радио пахшшуда хусусияти сатҳӣ доранд. Хусусияти таҳлилии онҳо кам ба назар мерасад. Ва ба одамоне, ки ба нашъамандӣ гирифторанд, ба ҳамчун одамони чорумдараҷа, одамоне, ки ба онхо дар ҷомеа роҳ нест, ба ҳамчун ҷинояткор, на чун беморе, ки бояд табобат шаванд, нигоҳ мекунанд."
Оқои Аминов афзуд, ба хотири он ки мавқеи хабарнигорони Тоҷикистон дар ҳалли мушкилоти нашъамандӣ рӯшан эҳсос шавад ва дар ҷилавгирӣ аз афзоиши шумори гирифторон ба ин беморӣ саҳм дошта бошанд, барои онҳо мо дастуру матолиби роҳкушоро дар шакли китобчаҳо таҳия намудаем.
Аммо Рустам Турсунов - сардабири хафтаномаи «Авиценна» бар он аст, ки воқеан ҳам дар Тоҷикистон васоити ахбор дар масъалаи пешгирӣ аз гирифторшавӣ ба бемории нашъамандӣ коре карда метавонад. Ба гуфтаи ӯ, иллати аслии то андозае номуайян арзёбӣ шудани нақши васоити ахбор дар ҳалли ин қазия равобити заъифи муассисоти тиббӣ бо васоити иттилоотии кишвар мебошад.
Ӯ мегуяд: "Адабиёту дастурҳое, ки дар ин семинар ба мо пешкаш карданд, ки дар асоси матолиби матбуоти даврӣ таҳия гаштаанд, масъалагузорӣ дида мешавад, проблема нишон дода шудааст, вале ҳалли он нест. Ба ақидаи ман, масъалаи нашъамандӣ дар ҷомеаи мо ба таври сунъӣ нишон дода мешавад, шояд дар асл мушкилот то ин андоза ҷиддӣ набошад. Шояд аз тарафи дигар ин бонги изтироб ба хотири он бошад, ки соҳиби грантҳову лоиҳаҳо, ки созмонҳои байналмилаливу кишварҳои хориҷӣ дастгирӣ мекунанд, шаванд."
Ба назари рӯзноманигорон масоили марбут ба қочоқи маводи мухаддир аз тариқи радио ва телевизиони дохили кишвар ба таври васеъ пайгирӣ ва пешниҳод намегардад. Масалан телевизион ва радиои ҷумҳурӣ танҳо аз ҳодисаҳои боздошту кашфи маводи мухаддир бо пахши хабарҳои кӯчак иктифо мекунанд.
Омори расмии Тоҷикистон бар он ишорат дорад, ки шумори гирифторони нашъамандӣ тайи солҳои ахир коҳиш ёфтааст ва онро наздик ба 7 ҳазор нафар арзёбӣ мекунанд. Аммо коршиносони мустақили ин кишвар иддао доранд, ки шумори аслии афроди нашъаманд дар Тоҷикистон ба 70 ҳазор мерасад. Ин дар ҳолест, Тоҷикистон ба яке аз кишварҳои асосии тавлидкунандаи маводи мухаддир - Афғонистон ҳаммарз аст. Бар пояи иттилоъи Оҷонсии назорат бар гардиши ғайриқонунии маводи мухаддири Тоҷикистон ин ниҳод дар якҷоягӣ бо мақомоти дигари масъули кишвар ва марзбонони Русия дар Тоҷикистон дар соли 2003 беш аз 9 тонна маводи мухаддир, ки бахши асосии онро ҳероин дар бар мегирад, кашфу мусодира карданд.
XS
SM
MD
LG