Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Нигаронии хабарнигорон аз вазъи озодии баён


Хазинаи байналмилалии гиромидошт ва дифоъ аз журналистони тоҷик бо интишори як баёния 3 август ҳамла ба ҷони сардабири рӯзномаи «Рӯзи нав» Раҷаби Мирзоро маҳкум намуд ва ин ҳодисаро барои фаъолияти матбуоти озод ва рушди ошкорбаёнӣ дар Тоҷикистон мояи ташвишу нигаронӣ унвон намуд.
Мухтор Боқизода - раиси хазинаи мазкур, дар нишасти матбуотӣ зимни номуносиб хондани авзоъи феълии сиёсии Тоҷикистон барои фаъолиятҳои матбуоти озод гуфт, ҳамла ба Раҷаби Мирзо - сардабири ҳафтавори «Рӯзи Нав» на дар заминаи авбошӣ, балки бар асоси ангезаи сиёсӣ сурат гирифтааст.
Оқои Боқизода дар ин робита афзуд: «Тайи чанд моҳи охир кормандони нашрияҳои мустақили "Рӯзи Нав", "Нерӯи Сухан" ва "Одаму Олам" дар заминаи инъикоси баьзе аз масоили сиёсии дохили кишвар бо мушкилот рӯ ба рӯ шудаанд. Дар ин давра фишору монеасозиҳои маснӯъи аз ҷониби мақомоти давлатӣ дар баробари ин нашрияҳо афзоиш ёфт ва бо таваҷҷӯҳ ба ин, ман бо итминон метавонам, бигӯям, ки ҳамла ба ҷони сардабири "Рӯзи Нав" бар асоси ҷанбаи сирф сиёсӣ сурат гирифтааст.»
Ин дар ҳолест, ки аксари ширкаткунандагони нишасти матбуотии мазкур ба ин нукта таъкид намуданд, ки сарфи назар аз чигунагии ангезаи ҳамла ба Раҷаби Мирзо бояд мақомоти марбутаи Тоҷикистон омилин ва созмондиҳандагони ин сӯиқасдро ба зудӣ ошкор созанд.
Мазҳабшоҳи Муҳаббатшо, як тан аз рузноманигорони саршиноси тоҷик ба ин назар аст, ки адами иқдоми ҷиддии ҳукумат дар ин самт метавонад, боиси бурузи мушкилоти нав дар ҷомеаи Тоҷикистон гардад.
Дар ҳамин ҳол сафорати Амрико дар вокуниш ба ҳамла ба сардабири ҳафтавори "Рӯзи Нав" бо пахши изҳорот аз вазъи озодии баён дар ин кишвар изҳори нигаронӣ намудааст.
Холиқи Сангин аз шаҳри Душанбе
XS
SM
MD
LG