Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ёздаҳ муҳоҷири тоҷик ба салмонеллёз мубтало шудаанд


Ёздаҳ нафар шаҳрвандони Тоҷикистон, ки дар як ширкати туркӣ дар шаҳри Сургути Русия кор мекунанд, бинобар истеъмоли ғизои нохуш заҳролуд шудаанд, вале ба саломатии онҳо хатари ҷиддӣ таҳдид намекунад. Ҳамаи онҳо таҳти назорати духтурон қарор доранд. Дар ин бора сухангӯи мақомоти Сургут Олга Соколовская ба Радиои Озодӣ хабар дод. Вай ҳамчунин гуфт, шумораи тоҷикони мубталои бемории салмонеллёз метавонад зиёд бошад, зеро ширкати туркии "Контекиншаат" аслан муҳоҷиронро ғайриқонунӣ ба кор мегирад ва ҳанӯз маълум нест, чӣ миқдор одамон заҳролуд шудаанд.
Сухангӯи мақомот ба нақл аз табибон гуфт, ангезандаи беморӣ пухтани нодурусти хӯрок аст, аммо натиҷаи ниҳоии ташхис охир ҳафта эълон мешавад. Ғизоро барои коргарон ошпазҳои турк тайёр мекунанд, дар ошхона, хобгоҳ ва ҷойи кор меъёрҳои беҳдошт риоя намешавад. Аз истеъмоли ғизо ҳамчунин 140 нафар шаҳрвандони Туркия ва чанд тан аз атбои Русия ва Узбакистон ҳам бемор шудаанд.
Ширкатҳои бинокории Туркия дар Русия тайи даҳсолаи ахир дар эҳдоси сохтмонҳои муҳим иштироки фаъол доранд, ин ширкатҳо аз муҳоҷирон, аз ҷумла муҳоҷирони тоҷик ҳамчун нерӯи арзони корӣ зиёд истифода мекунанд.
Муҳаммадраҳими Сайдар аз шаҳри Маскав
XS
SM
MD
LG