Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

"Хазинаи Ому"- ро ба Тоҷикистон бармегардонанд


Тоҷикистон барои баргузории намоишгоҳи осори "Хазинаи Амударё", ки то кунун дар осорхонаи Лондон нигоҳ дошта мешавад, омодагӣ мегирад. Ин хазинаи бебаҳо дар қарни 19-ум дар ҳудуди ноҳияи Қубодиёни вилояти Хатлони Тоҷикистон ёфт шуда буд. Мудири Осорхонаи бостоншиносии Тоҷикистон Саидмурод Бобомуллоев ба хабаргузории "Интерфакс" гуфтааст, Роберт Андерсен дар номаи расмии худ ба ин осорхонаи Тоҷикистон хабар додааст, соли 2006 намоиши вижаи осори "Фарҳанги замони Ҳахоманишиҳо" баргузор мешавад, ки дар чаҳорчӯбаи он "Хазинаи Амударё" низ дар осорхонаҳои шаҳрҳои Париж ва Берлин ба намоиш гузошта мешавад. Баъд аз сайри ин ду шаҳр эҳтимолан "Хазинаи Ому" ба ватани хеш, яъне Тоҷикистон низ бурда мешавад.
Ба гуфтаи Саимурод Бобомуллоев, барои нигоҳдорӣ ва таъмини амнияти ин хазинаи бебаҳо, соли равон Осорхонаи бостоншиносии Тоҷикистон аз ҳукумати Ҷопон 500 ҳазор доллар кӯмаки бебозгашт гирифтааст, ки онро барои бунёди витринаҳои тирногузар ва дигар системаҳои амниятӣ масраф хоҳад кард.
Ҳукумати Туркия низ барои таъмири бинои осорхона 35 ҳазор доллар ихтисос медиҳад.
Саидмурод Бобомуллоев гуфтааст: "Тоҷикистон моли осорхонаи британиявӣ будани экспонатҳо аз ҷумла ашёи тиллоӣ ва аз оҷи фил таҳияшудаи "Хазинаи Амударё"-ро эътироф мекунад ва барои бозгардонии онҳо ба кишвар даъво карданӣ нест."
Вай афзудааст: "Мо умедворем, ки мардуми Тоҷикистон нахустин бор имкони дидани маҳсули дасти ҳунармандони гузаштаи хешро пайдо мекунанд."
Хабаргузории "Интерфакс" аз қавли Бобомуллоев менависад, "Хазинаи Ому"- ро соли 1870 осорхонаи Британия қонунӣ харида буд. Ривоят мекунанд, ашёи тиллоӣ ва аз оҷи фил, аз ҷумла ҳайкалчаҳои ҳайвонот, тимсоли худоён 200 сол пеш таввасути сокинони маҳаллӣ пайдо ва ба тоҷирони бухороӣ фурӯхта шудааст. Аммо ин тоҷиронро дар ҳудуди Афғонистони ҳозира ғорат мекунанд ва як афсари британиявии таърихдӯстдор осори гаронбаҳоро аз ғоратгарон мехарад ва ба осорхонаи Британия месупорад.
Тоҳири Сафар
XS
SM
MD
LG