Пайвандҳои дастрасӣ

Дидори Эмомалӣ Раҳмонов бо Ҳабибуллои Бетараф


Ҳабибуллои Бетараф - вазири нирӯи Эрон, ки зимни як сафари корӣ дар Тоҷикистон ба сар мебарад бо Эмомалӣ Раҳмонов - раиси ҷумҳури ин кишвар дидор ва масоили мавриди алоқаи ду ҷониб дар заминаи ҳамкориҳои энержӣ, аз ҷумла амалисозии барномаи сохтмони нерӯгоҳи обии «Сангтӯда»- ро баррасӣ кардааст. Оқои Бетараф баъд аз мулоқоташ бо Эмомалӣ Раҳмонов ба хабарнигорон гуфт, то замони сафари Муҳаммади Хотамӣ - раиси ҷумҳури Эрон ба Тоҷикистон дар як моҳи дигар заминаи оғози амалии барномаи сохтмони нерӯгоҳи Сангтӯда фароҳам ва иҷроӣ шудани он шурӯъ хоҳад шуд.
Оқои Бетараф гуфт: "Хушбахтона тасмимоти асосӣ барои сохти Сангтӯда гирифта шуда, қарордоди таъмини молии пружа (лоиҳа) дар шуруфи анҷом ҳаст ва боздиди ман аз пружа мӯҷиб хоҳад шуд, ки корҳои иҷроӣ ҳам ҳарчӣ зудтар шурӯъ шавад."
Мувофиқат бар сари ташкили як консорсиум бо ҳадафи идомаи сохтмони Сангтӯда бо мусоидати Эрон дар як соли пеш миёни ду ҷониб ҳосил шуда буд. Тарҳи умумии сохтмони нерӯгоҳи Сангтӯда дар ҳудуди 400 миллион доллар баровард шудааст. Ба гуфтаи вазири нируи Эрон, то ҳоли ҳозир чанд кишвари дигар аз ҷумла Русия низ барои ширкат дар консорсиуми бунёди Сангтӯда изҳори омодагӣ кардаанд. Вазири нирӯи Эрон гуфт, барои иҷроӣ шудани ин барнома танҳо мушаххас шудани ширкати паймонкор боқӣ мондааст.
Вазири нирӯи Эрон ҳамчунин афзуд, ду санади тафоҳум миёни Эрон ва Тоҷикистон ба имзо расидааст. Ба гуфтаи оқои Бетараф бар асоси ин тафоҳумномаҳо аз ҷумла Эрон барои сохти 15 нирӯгоҳи кӯчаки барқи обӣ дар манотиқи мухталифи Тоҷикистон изҳори омодагӣ кардааст: "Ҳам дар заминаи масоили фаннӣ ва муассисӣ, ҳам омӯзиши мутахассисони тоҷикӣ ва ҳам таъмини таҷҳизоти мавриди ниёзи санъати барқи Тоҷикистон тавофуқоти куллӣ кардем."
Дар ин мулоқот ҳамчунин масъалаи ҳамкориҳои минтақавӣ ва аз ҷумла ҳамкориҳои сеҷонибаи Ирон, Тоҷикистон ва Афғонистон низ дар заминаи истифода аз захоири энержӣ баррасӣ шудааст. Вазири нирӯи Эрон гуфт, дар ҳоли ҳозир эҳдоси хати интиқоли барқ аз Марв ба Машҳад оғоз шуда ва баъди ду сол имкони комили интиқоли нирӯи барқи Тоҷикистон ба Ирон фароҳам хоҳад шуд.
Ҳамчунин гуфта мешавад, зимни мулоқотҳои вазири нирӯи Эрон ва мақомоти Тоҷикистон бар сари таъсиси як ширкати муштараки миёни ду кишвар ҷиҳати мутолиоти корҳои обӣ, омӯзиш додани мутахассисони тоҷик ва таҷдиди мудирияти идораи об дар Тоҷикистон тавофуқ шудааст.
Раҳматкарими Давлат аз шаҳри Душанбе
XS
SM
MD
LG