Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Ҳизби Демократ ба Эътилофи аҳзоб пайваст


Муҳаммадрузӣ Искандаров - раиси Ҳизби Демократ рӯзи дуюми август бо имзои созишномаи Эътилофи аҳзоби сиёсии Тоҷикистон аз вуруди демократҳо ба ин эътилофи сиёсӣ расман эълон дошт. Ин чаҳорумин ҳизби расмии Тоҷикистон аст, ки баъд аз Ҳизби Сотсиал- Демократ, Наҳзати Ислом ва Сотсиалистӣ дар остонаи интихоботи порлумон вориди Эътилоф ба хотири интихоботи шаффоф шуд. Муҳаммадрузӣ Искандаров - раиси Ҳизби Демократ, ки дар оғози таъсиси ин эътилоф се моҳ қабл аз вуруд ба он худдорӣ карда буд ва маҳз имрӯз ба он пайваст, дар мавриди ин тасмими ҳизбаш гуфт: "Раиси ҷумҳур ваъда карданд, ки мусоидат мекунанд барои қабули қонуни интихоботи парламенти Тоҷикистон, ки ба як меъёрҳои байналмилалӣ ҷавобгӯ бошад. Мутаасифона имрӯз мову шумо шоҳид ҳастем, ки қонунаш аз будаш, аз қонуни кӯҳна бадтар қабул шуд. На танҳо он талабҳои асосие, ки мо пешниҳод кардем, гузаштанд, балки боз як садди иловагӣ гузоштанд. Ва мо ба ин хотир ба дигар аҳзоб пайвастем."
Ва сабаби дигари пайвастани Ҳизби Демократ ба ин эътилоф он будааст, ки Эмомалӣ Раҳмонов ваъдаи худ дар мавриди аз зиндонҳои кишвар озод намудани размандаҳои пешини оппозитсиюнро иҷро накардааст.
Раҳматулоло Зоиров - раиси Ҳизби Сотсиал- Демократии Тоҷикистон гуфт, бо пайвастани демократҳо эътилоф қавитар шуда, эътимоди мардум ба он меафзояд ва ин боис мешавад, ки ҳизбҳои дигар низ ба он пайванданд.
Оқои Зойиров таъкид намуд, ки бояд аҳзоби расмии кишвар дар баробари ҳизби ҳомии президент Раҳмонов муттаҳид шаванд, аз натоиҷи интихобот соли оянда натиҷаи некро метавон интизор шуд: "Манфиати умумии мо дар он аст, ки ҳама фалсификатсияҳое, ки дар интихоботҳои Тоҷикистон рӯй медиҳанд, танҳо ба манфиати ҳизби ҳоким аст. Ва аз ин нигоҳ панҷ ҳизб ба коалитсия ҳамроҳ шаванд. Мо умед дорем, Ҳизби Коммунист ҳам мавқеи худро аз нав дида мебарояд. Ва бояд ин коалитсия танҳо барои як чиз равона шавад, иродаи мардуми Тоҷикистонро дар интихобот нашикананад."
Дар ҳамин ҳол намояндаи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон Усмон Солеҳов - муовини бахши таблиғотии ин ҳизб гуфт, пайвастани Ҳизби Демократ ба эътилоф ба ҳеҷ ваҷҳ Ҳизби Халқӣ-Демократиро ба андеша намегузорад: "Аз рӯи теъдод аъзои он ҳизбҳо баробар ба аъзои ҳизби мо нест. Мо 100 ҳазор узв ва дар ҷомеа нуфузи қавӣ дорем."
Аммо муовини раиси Ҳизби Наҳзати Исломи Тоҷикистон Муҳиддин Кабирӣ гуфт, акнун мекӯшем, ки эътилофро фаъолтар созем ва дар шаҳрҳо ва навоҳии бузурги кишвар бахшҳои еътилофро ба роҳ монем.
Аммо дар расидагӣ ба ин суол, ки оё аҳзоби шомили эътилоф ба интихобот муштаракан хоҳанд рафт, ё дар танҳоӣ, намояндагони ин ҳизбҳо гуфтанд, дар танҳоӣ мубориза хоҳанд кард.
Мирзонабии Холиқзод аз шаҳри Душанбе
XS
SM
MD
LG