Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Сенарияи ҳукуматдорон, репетитсияи генералӣ, ояндаи тираву тор


Ҳафтаномаи «Вечерний Душанбе» таҳти унвони «Интихоботи соли 2005 аз рӯи сенарияи ҳукуматдорон мегузарад» матлабе нашр кардааст. Муаллифи матлаб, Искандар Асадуллоев - доктори улуми фалсафа навиштааст, дар Тоҷикистон баргузории интихоботи шаффоф ва демократӣ дар ҳоли ҳозир имконнопазир аст. Муаллиф навиштааст, ҳукуматдорони имрӯз тамоми ҷаҳду талоши худро ба харҷ хоҳанд дод, то зимоми ҳукумат дар дасташон боқӣ бимонад, зеро аз тағйири ҳукумат, амнияти ҳукуматдорони имрӯз ва хешу ақрабои онон мувоҷеҳи хатар мегардад.
Ҳаводиси ахири Гурҷистон ва тақдири наздикони Шеварднадзе ин хавфро тақвият медиҳад. Бино ба навиштаи матлаб, он афроде, ки имрӯз сари қудратанд, бо такя ба мансаби худ сарвати зиёде ҷамъ овардаанд ва агар бо дигар шудани ҳукумат амнияти ин одамон ва амнияти сарвати онҳо кафолат дода шавад ҳам, онҳо аз имкони афзудани сарвати худ маҳрум мемонанд, ки инро ба ҳеҷ ваҷҳ роҳ нахоҳанд дод. Муаллиф қавли ҳукуматдореро мисол меорад, ки ӯ гуфта будааст: «Мо бо ҷанг омадем, бо ҷанг меравем!»
Дар навишта ҳамчунин омадааст, як далели дигари пирӯзии комили ҳукуматдорони имрӯз дар интихобот, таваҷҷӯҳи Маскав ба онҳо мебошад, зеро барои ба истилоҳ «бародари бузург» ҷалби президентҳои ҳолии ҷамоҳири Осиёи Марказӣ ба Русия осонтар аст, нисбати мухолифони онҳо.
Интихоботи порлумонии соли 2005-ро муаллифи як матлаби «Рӯзи Нав» «репетитсияи генерали»-и интихоботи президентии соли 2006 номидааст. Муаллифи ин матлаб, Рустам Файзиев - ноибраиси ҳизби тараққиёти Тоҷикистон навиштааст, номзади ҳукумати имрӯз дар соли 2006 боз Эмомалӣ Раҳмонов хоҳад буд, зеро ӯ агар аз сари қудрат дур шавад, ҳамсафонашоро низ ин тақдир интизор хоҳад буд.
Зафар Абдуллоев - муаллифи як мақолаи дигар дар мавзӯъи интихобот, ки дар «Бизнес и Политика» нашр шудааст, низ ғалабаи Эмомалӣ Раҳмоновро дар интихоботи соли 2006 ногузир донистааст. Андешаи худро муаллиф бо он собит намудааст, ки нуфузи президенти ҳозираи Тоҷикистон дар ҷомеа баланд буда манобеъи идориву молӣ ҳама зери дасти ӯ қарор дорад.
Навишта шудааст, масрафоти қаблазинтихоботӣ беш аз 1,5 миллион долларро ташкил хоҳад дод, ки дарёфти он на ба ҳар кас муяссар хоҳад гардид. Ва аммо дигарон барои маснади раёсатҷумҳурӣ танҳо дар соли 2013 имкон пайдо хоҳанд кард ва номзади рақами як дар он Маҳмадсаид Убайдуллоев хоҳад буд, омадааст дар мақола. Вале як номзади дигари эҳтимолии қавӣ Ҳасан Саъдуллоев - раиси «Орийонбонк» будааст. Ба ҳар ҳол, интихоботи соли 2006 - ин омодагии ҳама номзадон барои маснади раисҷумҳурӣ дар соли 2013 хоҳад буд, хулоса шудааст дар навишта.
Дар ҳоле, ки бархе аз нашрияҳо дар бораи интихобот ҳарф мезананд, ҳафтаномаи «Азия - Плюс» дар бораи тақдири қисми асосии интихобкунандаҳо - муҳоҷирони тоҷик дар Русия навиштаеро ба табъ расонидааст. Матлаб бо он шурӯъ мешавад, ки на ҳамаи муҳоҷирон ба Ватан бармегарданд. Навишта шудааст, ки танҳо дар панҷ моҳи соли ҷорӣ аз Русия 127 ҷасади муҳоҷирони тоҷик оварда шудааст ва ин шумор дар қариб се соли охир ҳудуди 1000 нафарро ташкил додааст. Ва аммо ҳанӯз ашки чашмони модарони фарзандгумкарда ва занони
шавҳараздастдода хушк нашуда ҷавонону наврасони дигар роҳи Русияро пеш мегиранд. Ҳафтаномаи «Тоҷикистон» навиштааст, дар соли 2003 танҳо дар як деҳаи хурди Панҷакат мавсум ба Кӯлолӣ ҷасади шаш мардикори нокоми мақтулро ба хок супурдаанд. «Нерӯи Сухан» як саҳифаи томи худро ба аксҳо бахшида онро «Тоҷикистон бо ҳама буду набудаш» ном гузоштааст. Дар аксе агар бинои тозаву ободи Маҷлиси Олӣ ва дар акси дигаре агар ҳайкали азими Исмоилӣ Сомонӣ нақш ёфта бошад, дар тасвирҳои дигар атфоли як пора нони қоқ дар дасту дарзаи ҳезум дар пушт акс ёфтаанд. Риққатовартарин акси ин саҳифа писарбачаи наврасе мебошад, ки кунҷи деворе сархам нишастааст ва бо ду даст рӯяшро пӯшида дар фикри фардои торик ва норавшан мебошад.
XS
SM
MD
LG