Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Амалиёти васеъмиқёси низомӣ дар Бишкек


Вазорати дифои Тоҷикистон як воҳиди зудамали худро ҷиҳати ширкат дар машқҳои низомии муштараки кишварҳои узви созмони Паймони Амнияти Дастаҷамъӣ ва нерӯҳои зудамали Осиёи Марказӣ таҳти унвони "Рубеж-2004" ба шаҳри Бишкек фиристод.
Зарробиддин Сироҷев, масъули дафтари матуботи вазорати дифои кишвар 30 июл ба Радиои Озодӣ гуфт, ҳадафи "Рубеж-2004" ҳамоҳангсозии нерӯҳои низомӣ дар ҳолати мубориза бо гурӯҳҳои террористӣ ва тундгароёни мазҳабӣ буда, ҳудуди 3 рӯз дар размоишгоҳи атрофи Бишкек пойтахти Қирғизистон сурат гирифта дар он нерӯҳои зиддиҳамлаи ҳавоии Русия ва баталёнҳои зудамали Қазоқистон, Қирғизистон ва Тоҷикистон иштирок мекунад.
Ба қавли ӯ, ҳанӯз 24 июл як воҳиди кӯҳгарди нерӯҳои мусаллаҳи Тоҷикистон, ки бар асоси барномаи машқи низомӣ дар амалиёти ҳарбӣ амал хоҳад кард, ба Бишкек фиристонида шуда буд.
Бар асоси иттилоъи вазорати дифои Тоҷикистон бори нахуст дар машқи низомии Рубеж-2004 аз тир ва гулулаҳо ва зиреҳпӯшу танк, ҳавопаймоҳо ва чархболҳои ҷангӣ ба монанди "Наҳанги сиёҳ" (Чёрная акула) истифода мешавад. Амалиёти мазкур густарда буда, дар он наҳваи ҳамоҳангии сиёсӣ ва низомии кишварҳои узви Созмони Паймони Амнияти Дастаҷамъӣ дар сурати ҳамлаи гурӯҳҳои террористӣ ва тундгаро тамрин хоҳад шуд. Бар пояи хабари вазорати дифои Тоҷикистон, дар рӯзи охири ин машқи низомӣ 6 август вазирони дифоъи кишварҳои узви паймон дар Бишкек ҷамъ омада, ба амалиёти ҷамъбастӣ назорат хоҳанд кард.
Мирзонабии Холиқзод аз шаҳри Душанбе
XS
SM
MD
LG