Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҳамлаи роҳзанон ба мусофирони тоҷик дар Қазоқистон


Шаш нафар шаҳрвандони Тоҷикистон дар вилояти Оқтубаи Қазоқистон дучори ҳуҷуми роҳзанонаи гурӯҳи ҷиноӣ шуданд. Аскар Ӯтаниёзов, сухангӯи идораи умури дохилаи вилояти Ақтуба дар сӯҳбати телефонӣ ба Радиои Озодӣ иброз дошт, ки ин ҳодиса субҳи 27 июл дар шоҳроҳи Ақтуба- Астрахан рух додааст.
Шаҳрвандони Тоҷикистонро, ки аз Русия ба Тоҷикистон мошин мебурданд, дар дукилометрии маркази вилоят ашхоси номаълуми савори ду мошини сабкурав нигоҳ медоранд. Оқои Ӯтаниёзов афзуд: "Роҳзанҳо бо таҳдиди силоҳ ва латукӯби мусофирон ду мошини сабукрави "Мерседес" ва мошини "Лексус"-и онҳоро мегиранд ва як мусофири тоҷикро ба бағоҷи мошин андохта, ба самти номаълум ғайб мезананд."
Аскар Ӯтаниёзов ҳамчунин гуфт, саривақт ба полис муроҷиат кардани ҷабрдидагон кофтуков ва пайдо кардани ҷинояткоронро осон намуд. Аз ҷониби кормандони полис дарҳол нақшаи боздошти ҷинояткорон тарҳрезӣ мешавад ва онҳо дар наздикии деҳаи Бештамақ дар ҷангал ду мошин, мошини "Мерседес" ва "Лексус"- ро пайдо мекунанд. Ҳамчунин кормандони полис дар роҳ мошинеро боздошт мекунанд, ки ронандаи онро мусофири латӯкубшудаи полис дарҳол мешиносад ва таъйид мекунад, ки ӯ яке аз аъзои гурӯҳи ҷиноӣ аст. Полисҳо ҳангоми талошӣ аз ҷинояткор туфангча пайдо мекунанд.
Дар натиҷаи кофтукови минбаъда шахсияти се гумонбари дигар низ маълум карда мешавад. Нисбати шахси боздоштшуда парвандаи ҷиноӣ боз карда шудааст. Бозҷӯии дигар аъзои гурӯҳ идома дорад.
Дар посух ба пурсиши хабарнигори РадиоиОзодӣ дар бораи шахсияти ҷабрдидагон ва вазъи сиҳҳатии онҳо оқои Ӯтаниёзов гуфт, ки аз ифшои номи онҳо алъон худдорӣ мекунад. Вале ба гуфтаи ӯ, мусофирон зодаи ноҳияҳои Ҳисору Бохтар ва шаҳри Душанбе буда, онҳо ба интиқоли мошинҳо аз Русия ба Тоҷикистон машғул будаанд.
Сухангӯи идораи полиси Ақтуба изҳор кард, ки сиҳҳатии ҳамаи мусофирони тоҷик хуб буда, онҳо таҳти ҳимояти полис қарор доранд, фақат ду нафарашон, ки аз ҷониби роҳзанон латукӯб шуда буданд, ҷароҳати сабук бардоштаанд.
Насибҷон Амонӣ аз шаҳри Алмаато
XS
SM
MD
LG