Пайвандҳои дастрасӣ

Мактаб... дар ҳаммом


Абдуқайюми Қайюмзод аз ноҳияи Панҷакент Бонки Осиёии Рушд дар доираи як барномаи ҳукумати Тоҷикистон ҷиҳати таъмиру тармими бархе аз макотиби ноҳияи Панҷакент дар соли равон дуввуним миллион доллари амрикоӣ тахсис додааст.

Ҷалолиддин Камолов - мудири шӯъбаи маорифи ноҳия дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, маблағи мазкур барои тармиму таъмири 25 мактаби шаҳру деҳоти ноҳия масраф хоҳад шуд. Оқои Камолов кӯҳна ва фарсуда будани бинои аксари макотиби шаҳру рустои ноҳия ва тайи даҳсоли ахир аз таъмиру тармим канор мондани онҳоро як мушкилоти аслии соҳаи омӯзиши парвариш арзёбӣ кард. Масъули умури омӯзишу парвариши ноҳия дар иртибот ба мушкилоти дигари соҳаи мазкур дар ноҳияи Панҷакент чунин гуфт: "Солҳои тӯлонӣ таъмир нашудани биноҳои таълимгоҳҳои мактабҳо, ки ин яке аз проблемаҳои асосист. Дигар проблемае, ки пешорӯи мо ҳаст, ин нарасидани мизу курсӣ воситаҳои таълимӣ, ман дар назар дорам, ҳам мизу курсӣ ҳам воситаҳои таълим. Имрӯз аз ҳисоби сернуфус будани аҳолӣ махсусан дар деҳот ва вазъияти бади иқтисодӣ маблағи пардохти пули иҷоравии китоб ҳам барои мо камтар проблема шуда истодааст. Дигар проблемае, ки назди мо ҳаст, ин нарасидани кадр мебошад."
Ҷалолиддин Камолов гуфт, ки барои фаъолияти бидуни мушкилоти 135 мактаби таҳсилоти ҳамагонӣ ва умумии шаҳру рустои ноҳияи Панҷакент дар ҳоли ҳозир бештар аз 800 омӯзгор намерасад. Ин дар ҳолест, ки меафзояд мусоҳиби мо, дар соли таҳсили ҷорӣ аз тарафи вазорати маорифи кишвар ҳамаги се омӯзгори дорои таҳсилоти олӣ ба макотиби ноҳия фиристода шудааст. Ҷаноби Камолов дар робита ба масъалаи пардохти саривақтии маоши моҳонаи омӯзгорони ноҳия, ки то чанде қабл як мушкилоти ҷиддӣ дар ин соҳа дониста шуда ва боиси коршикании чанддафъаи муаллимон шуда буд, гуфт, дар соли таҳсили ҷорӣ ин мушкилот комилан ҳаллу фасл шудааст.
Аммо Абдуаҳади Юнус, як тан аз омӯзгорони мактаби таҳсилоти умумии рақами 30 гуфт, ки музди маоши омӯзгорони ноҳия ночиз мебошад. Ва камии маош омили аслии тарк кардани пеша ва мактаб барои омӯзгорон шудааст. Оқои Юнус гуфт, бар изофаи он ки аксари кутуб ва дастуроти таълимӣ ба ноҳия хеле дер дастрас мешавад, махсусан дар фасли зимистон макотиби чӣ шаҳр ва чӣ рустоҳои ноҳия ба иллати набуди гармӣ ва сардии синфхонаҳо борҳо масъулини соҳа маҷбур шудаанд, дари макотибро ба рӯи шогирдон бубандад: "Фасли сармо ҳоли мактабҳо хеле табоҳ мешавад. Сӯзишворӣ намерасад. Дар мактабҳо на бухорӣ ҳасту на воситаҳои гармидиҳӣ. Бо ангишт ҳам таъмин намешаванд."
Умуман Абдуаҳади Юнус афзуд, ки дар ноҳияи Панҷакент имконот ва шароити бо гармӣ таъмин кардани макотиб дар фасли сармо мавҷуд аст. Зеро Панҷакент дорои захоири бузурги ангишт мебошад ва танҳо ҳавсала ва масъулият мебояд мақомоти маҳаллиро, ки меафзояд оқои Юнус ин мушкилот ҳаллу фасл бишавад.
Замоне, ки аз мактаби таҳсилоти ҳамагонии рақами 64-и деҳаи Советобод дидан мекардам, дар ин ҷо тармими як қисмате аз бинои ин дабистон тавассути омӯзгорон ва волидони муҳассилин ҷараён дошт. Ба гуфтаи мудири шӯъбаи маорифи ноҳия, мактаби мазкур дар шумори макотибест, ки тавассути маблағи Бонки Осиёии Рушд дар соли равон тармиму таъмир хоҳад шуд. Рашид Калимуллоев - мудири дабистони мазкур гуфт, бинои мактаби деҳа ба замми он ки тайи даҳ соли ахир на аз тарафи ҳукумат ва на аз тарафи созмонҳои байналмилалӣ таъмиру тармим нашудааст, ҳамчунин дар ин муддат курсӣ ва мизи нав низ дарёфт накардааст. Вай гуфт, аксари асбоби хониш ва таълим дар ин мактаб кӯҳна ва ғайри қобили истифода шудааст: "Дар мактаб душвориҳо проблемаҳо бисёранд. Аз ҷумла, нарасидани синфхонаҳо. Ҳанӯз аз соли 1991 сар карда, муҳассилин дар биноҳои шӯъбаи алоқа, дармонгоҳ ва бинои раёсати хоҷагии Зарафшон, инчунин дар ҳучраҳои ҳаммоми деҳа таълим дода мешаванд."
Оқои Калимуллоев ҳамзамон аз қарори ҳукумат, ки тибқи он то соли 2009 макотиби Тоҷикистон соҳиби буҷа ва маблағи худ хоҳанд шуд, истиқбол кард. Ҷалолиддин Камолов - мудири шӯьбаи маорифи ноҳия гуфт, ин бори дуввум аст, ки Бонки Осиёии Рушд ҷиҳати тармиму таъмири макотиби ноҳияи Панҷакент маблағ тахсис додааст. Соли гузашта бо кӯмаки бонки мазкур ва бо маблаги 320 ҳазор доллар 8 мактаби шаҳру деҳоти ноҳия тармим ва бозсозӣ шуда буданд.
Мудири шӯъбаи маорифи ноҳияи Панҷакент афзуд, ки бо дархости мақомоти маҳаллӣ ва мусоидати ҳукумати вилояти Суғд дар заминаи омӯзишгоҳи омӯзгории шаҳри Панҷакент ба номи Лоиқ Шералӣ шӯъбаи Донишгохи давлатии Хуҷанд моҳи сентябри соли равон ифтитоҳ ва ба фаъолият шурӯь хоҳад кард. Ташкили ин шӯьба имкон хоҳад дод, то камбуди омӯзгори дорои таҳсилоти олӣ барои макотиби ноҳия ва водии Зарафшон бартараф шавад.
XS
SM
MD
LG