Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Кӯмаки Амрико ба вазорати дифоъи Тоҷикистон


Сафорати Амрико дар Душанбе як системаи ҷадиди мухобиротии муосир дар ихтиёри вазорати дифои Тоҷикистон қарор хоҳад медиҳад. Ин тавофуқ рӯзи чаҳоршанбе дар чаҳорчӯби қарордоди ҳамкориҳои вазорати дифоъ бо атташеи ҳамкориҳои низомии сафорати Иёлоти Муттаҳида дар Душанбе ба даст омадааст. Барномаи мазкур дар маҷмӯъ 1 миллиону 700 ҳазор доллар кумаки техникӣ ва фанниро дар бар мегирад.
Томас Армбрустер кордори сафорати Амрико дар Душанбе баъд аз имзои ин созишнома гуфт: "Ин қарордоде, ки имрӯз ба имзо расид, дар ихтиёри вазорати дифои Тоҷикистон вогузор кардани воситаҳои нави мухобиротӣ мутобиқи стандартҳои созмони НАТО-ро пешбинӣ мекунад. Ҳамчунин ҷиҳати омӯзиш додани усули истифодаи ин дастгоҳҳои мухобиротӣ як даври дуҳафтаинаи таълимӣ низ барои мутахассисони вазорати дифоъ доир хоҳад шуд."
Дар ҳамин ҳол Ромил Нодиров фармондеҳи ситоди нирӯҳои мусаллаҳи Тоҷикистон гуфт, ин кӯмакҳо дар чаҳорчӯби барномаи ҳамкории вазоратҳои дифои ду кишвар сурат мегирад ва дар оянда густариш хоҳад пайдо кард. Ӯ гуфт: "Ин нахустин иқдом дар ҷиҳати амалӣ шудани барномаи кӯмак ба вазорати дифои Тоҷикистон аст, ки дар оянда инчунин омӯзиши забони инглисӣ додани мутахассисони вазорати дифоъ, омодасозии кадрҳои низомӣ, мусоидат ҷиҳати ширкати намояндагони идораи низомии Тоҷикистон дар форумҳои байналмилалиро пешбинӣ мекунад. Барномаи мазкур бар изофаи ин омӯзиши масоили амниятӣ ва мубориза бо терроризм ва таъмини таҷҳизоти муҳандисиро дар бар мегирад."
Аз генерал Нодиров пурсида шуд, ки оё кумакҳое, ки гуфта шуд мутобиқ ба стандарти технологии НАТО дар ихтиёри артиши Тоҷикистон қарор гирифтааст, ба шароити созишномаи Паймони Амнияти Дастаҷамъӣ, ки Тоҷикистон узви он аст, муғойират надорад. Ӯ гуфт, Паймони Амнияти Дастаҷамъӣ ба Тоҷикистон ин ҳақро додааст, ки барои корбурди дохилии худ аз ҳар навъи воситаи мухобиротӣ истифода кунад. Ва аз ҷумла аз Чин ва Ирон низ чунин кӯмакҳое дарёфт кардааст, ки на ба меъёри НАТО ва на ба Паймони Амнияти Дастаҷамъӣ мутобиқ нестанд. Вале дар айни ҳол дар муносиботи усулӣ шароити созишномаи Паймони Амнияти Дастаҷамъиро муроот мекунад. Ва воситаҳои мухобироте, ки қарор аст дар ихтиёри нирӯҳои мусаллаҳи Тоҷикистон қарор бигирад, гуфта мешавад, тавлидоти ширкати амрикоии "Харрис" хоҳад буд.
Раҳматкарими Давлат аз шаҳри Душанбе
XS
SM
MD
LG