Пайвандҳои дастрасӣ

Чеҳраҳо: Наргис Набиева - камонвари тоҷик


Наргис Набиева бори нахуст камонро дар понздаҳсолагияш ба даст гирифтааст. Ҳамакнун беш аз бист сол аст, ки онро аз даст намегузорад. Ва ин меҳри бепоён ба ин намуди варзиш акнун Наргисро ба мусобиқаи муҳимтарин дар ҳаёти ҳар як варзишгар - ба бозиҳои олимпӣ мебарад. Ва аммо Наргис танҳо ширкат дар ин бозиҳоро интиҳои орзуҳои худ намедонад. Ба андешаи ӯ, албатта муҳим ширкат аст, вале талош барои пирӯзӣ муҳимтар аз он. Вале шиори маъруфи олимпи, ки муҳим иштирок аст, на ғалаба, барои дилбардории варзишгарон мебошад, мегӯяд Наргис: «Ин шиор ҳама вақт аст, зеро барои мисол дар камонварӣ шасту чаҳор нафар ширкат мекунад ва ҳамаи онҳо ғалаба карда наметавонанд. Мумкин ин шиор барои дастгирии варзишгар аст, агар ӯ ғалаба карда натавонад.»
Пас оё Тоҷикистон метавонад ба медали тиллои олимпии Наргис Набиева умед бандад?
«Ҳеҷ чиз гуфта наметавонам, ин варзиш аст. Ба фикрам, ҳар як варзишгаре, ки ба бозиҳои олимпӣ меравад, мақсад дорад, ки албата ҷои аввалро гирад.»
Нахустин мактаби камонварӣ дар Тоҷикистон соли 1969 кушода шудааст ва аз аввалин шогирдони ин мактаб - албатта Зебуннисо Рустамова мебошад, ки пирӯзиҳои ӯву шӯҳрати ӯ соли 1980 ҷавондухтари понздаҳсолаеро бо исми Наргис Набиева ба камонварӣ овардааст. Ва ҳам ба донишкадаи варзиш. Наргиси варзишгар бахти худро низ дар варзиш ва аз миёни варзишгарон ёфт. Шавҳари Наргис мураббии футбол мебошад ва ҳамроҳаш дар донишкадаи варзиш таҳсил кардааст. Наргис ду духтар дорад ва ҳарду низ ба мисли модар дар камонварӣ шуғл меварзанд. Ва аммо дар ин оилаи варзишгарҳо камонвар зӯр аст ва ё футболбоз?
«Фақат ман аз он кас меҳаросам. Дар хона манн зани оддӣ ҳастам, ки либос мешӯяд, хӯрок мепазад, хонаро тоза нигоҳ медорад, гапи шавҳарро гуш мекунад, ҳамчун занҳои дигар.»
Наргис ҳунари кадбонугии худро дар хориҷа низ нишон медиҳад. Ахиран, Наргис аз Испания баргашт. Тӯли як моҳе, ки Наргис дар Мадрид будааст, тими камонварони Испания аз ӯ ҳамеша хоҳиши пухтани таомҳои тоҷикӣ менамудаанд. Наргис мегӯяд, ба испаниҳо аз ҳама бештар палави тоҷикӣ писанд омадааст:«Агар равғани зағер мешуду гӯшти гӯсфанди ҳақиқӣ. Ҳатто гӯшти гӯсфанд ёфта оварданд, лекин он гӯшт ҳатто равған накард, ки ҳатто бӯи гӯсфанд надошт.»
Вале ба худи Наргис бештар палави мепухтаи модараш писанд аст: «Як табақе дорем, ки он сивупанҷ сола аст. Ва мо ҳамаи аҳли оила рӯзи якшанбе дар хона ҷамъ меоем. Дар ин рӯз модарам ҳарчавнд пир аст, барои мо палав мепазад ва мо ҳама сарҷамъ гирди он табақ менишинем. Ин аст, таоми дӯстдоштатарини ман.»
Наргис бештар мусиқии оромро дӯст медорад. Боз ба мисли дигар занҳо чизҳои латифро дӯст медорад, ба мисли гул, паррандаҳои зебо: «Гулро нағз мебинам, дар хона бисёр гулҳоро парвариш мекунам . Ду тӯтӣ дорам, онҳоро дӯст медорам."
-Гап мезананд?
-Не, бисёриҳо мегӯянд, ки ба онҳо гап ёд деҳ, ман мегӯям, ки бо ҳамон забони тӯтигишон гап зананд беҳтар аст.»
Асарҳои романтикӣ:
«Дар ёдам ҳаст, ки дар як шаб ягон китоби дӯстдоштаамро ҳарчанд ба синну солам мувофиқ набошад ҳам, аз волидон пинҳонӣ дар як шаб хонда тамом мекардам. Чун субҳ падарам чашмони варами маро меди два ҳол мепурсид, мегуфтам, ки хоби дуруст надоштам. Солее манн ҳамин «Чаманоро»-ро чандин маротиба хонда тамом карда будам. Ҷалол Икромӣ ба манн хеле маъқул ҳастанд, Теодор Драйзер.»
Наргис мегӯяд, ҳолиё бештар китобҳои роҷеъ ба равоншиносиро мутолиа мекунад. Зеро ӯ имрӯз ҳамчунин мураббии атфолу наврасон аст ва дониши равоншиносӣ дар ин кор хеле зарур мебошад. Наргис ҳамчунин мегӯяд, кудакон дӯст медоранд, вақте мураббияшон бо онҳо механдаду шӯхӣ мекунад. Шояд аз ин сабаб буд, ки тӯли тамоми сӯҳбат ханда аз даҳону табассум аз лабони Наргис Набиева канда намешуд.
XS
SM
MD
LG