Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Боғи беҳамто ва меваҳои беназири омӯзгори дарвозӣ


Раҳматкарими Давлат аз Дарвоз

Як боғбони муваффақ воқеъ дар ноҳияи Дарвози Бадахшони Тоҷикистон дар пайи озмоиш ва таҷрибаҳои мустақилонаи хеш тайи даҳ соли охир дар бахши боғдорӣ ба дастовардҳои шигифтангез даст ёфтааст. Ғозибек Шодиев дар даҳ соли охир бар асари омӯзиши иқлими минтақаи Дарвоз ва имкони парвариши растаниҳои мухталиф дар он шароит ва муқоисаи он бо дигар манотиқ аз ҷумла муваффақ шудааст, ки аз 32 намуди анҷири мавҷуд дар ҷаҳон 24- тоашро дар боғи хеш мутобиқ сохта ба самар бирасонад. То чанд соли пеш, мегӯяд оқои Ғозибек дар ин минтақа, танҳо ду намуди анҷир парвариш мешуд: "Аз ҳамин 24 навъе, ки гуфтем, 4 навъаш сорти селексионӣ аст, яъне ин навъҳо гул мекунанд, аммо ҳосил намедиҳанд, инҳо барои ба вуҷуд овардани навъи дигар бисёр самараи хуб доранд."
Аммо хурмо, Ғозибек дар ин минтақа ба унвони роиҷкунандаи парвариши хурмо низ шинохта мешавад. Ӯ, ки худ дар риштаи набототшиносӣ тахассус дорад, мегӯяд, дар ҳеҷ яке дигар боғҳои намунавии ҷумҳурӣ ҳатто наметавон масалан 18 намуди хурморо дар якҷоягӣ пайдо кард. Масалан дар бозорҳои Душанбе маркази Тоҷикистон танҳо се намуди хурмо дар мавсими он дида мешавад. Аммо дар боғи ин қаҳрамони мо ман ва хабарнигорони ҳамроҳам анвоеро аз хурмо мебинем, ки бароямон ҳайратовар аст, яке ба шакли бодиринг яке ба шакли банан, дигаре ба намуди мандарин ва аз дидагиҳои мо яке ҳам ба гунаи калаи марди кулоҳдор. Аммо тавассути чӣ заҳмате ин кор ба ӯ даст додааст: "Аз ҳамин 24 навъи хурмо, ки дар дунё ҳаст, аз ҳамин 17 навъи хурморо ман паҳн кардаам. На танҳо дар Душанбе, балки дар дигар ноҳияҳои Тоҷикистон 17 навъи хурмо вуҷуд надорад. Ман бо боварӣ мегӯям, зеро ман баъзеи онҳоро берун аз ҷумҳурӣ аз Туркманистон ва кишварҳои дигар дастрас кардем. Баъзе навъҳое дорем, ки умуман дар ҷумҳурӣ нест, баъзе навъҳоро гӯем, ки худамон баровардем, хато намекунем, дурага кардем, пайванд кардем. Дар ин ҷо фақат як намуди ёбоӣ ангури чинӣ ва ё ба ибораи дигарон челон буд, ки андозааш бисёр хурд аст."
Аммо себ, ӯ номи аксари анвои себи боғашро ба забон меорад ва мегӯяд, ин номҳое мебошад, ки аслан Мичурин ба ин анвои себ гузошта аст. Аммо як себро хубонӣ ном мебарад ва ман аз ӯ мепурсам, ки оё таърихи ин номро ҳам медонад?
Ғозибек Шодиев қисса мекунад: "Ин як афсона барин то ҳозир омадааст. Кампире дар ҳавлиаш себ доштааст, вақте ки себ пайванд мекунанд, аз рӯи шунидаи ман вай илтимос мекунад, касе себашро пайванд намекунад. Ӯ мебинад ва худаш пайванд мекунад, пайванди кардааш мегирад. Вақте себаш ба ҳосил медарояд, себи он аз себҳои дигар тамоман фарқ мекунад. Бисёр себи маъруф мешавад ва ҳар касе барои пайвандгирӣ меравад, мегӯянд аз себи кампири Хубон биёред ва аз ин ҷо номи себи хубонӣ мебарояд ва то ҳозира мемонад."
Аз ин ҷиҳат мегӯяд, оқои Ғозибек, ӯ ҳамеша барои худ ва барои тамоми ҳамдиёронаш ба сурати бедареғ дар пайванд задани ниҳолҳо кӯмак кардааст.
Вале барои ман ҷолибтар аз дидани ҳудуди ду ҳазор намуди мева, помидоре буд, ки дар танаи картошка ва харбузае, ки ба каду пайванд зада буд: "Таҷрибаи пайванди картошкаву помидор вуҷуд дошт, лекин ин корро дар ҳамин ҷо ҳеҷ кас накарда буд. Ман ин корро барои он кардам, ки ҳавас пайдо шавад. Вақте ки вай мерасад аз боло помидор меканед аз зер картошка мегиред."
Ғозибек Шодиев мегӯяд, эҷоди боғ ва шароити кӯҳистон инчунин барои парвариши оруи асал низ мусоид мебошад. Ӯ бисту ҳашт сол ба парвариши занбӯри асал низ шуғл дорад. Мегӯянд агар якбора 100 занбӯри асал одамро бигазад, имкони мурдани у вуҷуд дорад, вале қаҳрамони мо мегӯяд: "Чӣ хеле ки занбӯри қуттӣ хест, аз сарам то поям ба баданам шишт. Ман одатан чӣ хеле ҳастам, ки бе ниқоб кор мекунам, вақте газиданд ва рафтанд, ман гуфтам, ки неши вайора аз бадани ман канед. Яке кам ҳаштод неш канданд, мумкин чанд таи дигараш газида бошад, лекин нешаш дар бадани ман намонда бошад. Чунон баданам дард кард, чунки агар бештар аз 100 ору одамро газад хатари мурданаш вуҷуд дорад, тоқат намекунад инсон. Оилаам (ҳамсарам) омад гуфт, ки рафта духтури маҳаллиро биёрам, гуфтам не, гуфтам мулло биёрӣ хубтарай. (механдад)"
Ӯ мӯътақид аст, ки дар шароити бисёр сангини иқтисодии имрӯз як тоҷик бидуни он ки ба Русия барои мардикорӣ биравад ва ё сарбози нирӯҳои русӣ бошад низ метавонад, таввасути заҳмати ҳалол шароити маишати хонаводаи худро таъмин кунад. Оқои Ғозибек мегӯяд, дар эҷоди ин боғ ва анҷоми таҷрибаҳои амалӣ танҳо аз воситаҳои худӣ истифода карда ва аз куҷое кӯмак дарёфт накардааст. Барои шодобсозии боғе, ки дар доманакӯҳ эҷод шудааст, аз дурии 1000 метр тавассути шикофтани дили кӯҳ ҷӯй кофта шудааст: "Хай ана ҳамин мавзеъе, ки ман хона кардам, як мавзеъе буд, ки бобоҳомон ҳатто дар ҳамин ҷа хона накарда буданд. Як сабабаш танқисии обу кам будани хоку..."
Аммо касби аслии қаҳрамони мо омӯзгорист. Вай мегӯяд, бо 30 сомонӣ маоши моҳонаи муаллимӣ наметавонад, рӯзгори хонаводаашро таъмин кунад. Агар боғаш набошад. Аммо ба мисли ҳамаи муаллимони дигари деҳа пешниҳод кардаанд, ки агар узвияти Ҳизби Халқӣ-Демократиро, ки ҳизби ҳоким аст, напазирад, бояд муаллимиро низ тарк кунад. Оқои Ғозибек мегӯяд, ин ба истилоҳ ба ҷои кӯмаки ҳукумат ба як муаллими деҳот аст. Ӯ мегӯяд бештар аз Ленин доҳии пролетарҳои ҷаҳон миннатпазир аст, ки дар соли 1919 пардохти молиёт аз парвариши занбӯри асалро лағв кард ва то кунун ин декрети Ленин дар Тоҷикистон қувваи қонунро дорад.
XS
SM
MD
LG