Пайвандҳои дастрасӣ

Киштзорҳои тамоку дар Панҷакент васеъ мешаванд


Абдуқайюми Қайюмзод аз ноҳияи Панҷакент Майдони кишти тамоку дар ноҳияи Панҷакент соли равон чаҳор маротиба афзоиш пайдо кардааст. Убайдулло Иноятов - раиси идораи кишоварзии ноҳия гуфт, ду ширкати тиҷоратӣ яке мавсум ба "Идел Табак" аз Русия ва дуввуми бо номи "Ҳаҷ" аз вилояти Суғд бо ҳукумати ноҳия қарордод ба имзо расонида хостори афзоиши кишт ва парвариши тамоку шуданд.

Дар асоси ин қарордод ширкатҳои мазкур куллия хароҷоти кишт ва парвариши тамоку ба шумули маводи сӯхт, нуриҳои маъданӣ ва пардохти саривақтии маоши кишоварзонро ба ӯҳда гирифтааст.
Оқои Иноятов гуфт, ширкатҳои мазкур баҳои хариди тамокуро низ дар муқоиса бо солҳои пешин ду маротиба боло бурдаанд: "Баъд аз омадани сармоягузор ҳисобу китоб кардем, дар идораи кишоварзӣ, ки бо бистфоизӣ даромаднокӣ ба хоҷагӣ агар мо ҳамин сол як кило тамокуро ба як сомону панҷоҳучаҳор дирам нархгузорӣ карда, бифурӯшем ва на камтар аз ҳафтодупанҷ дирам ва ё якуним кило гандум ба тамокукорон бидиҳем, мо тамокукориро эҳё карда ҳисоб мекунем."
Оқои Иноятов афзуд, бо дархости мақомоти маҳалли ҳукумати Тоҷикистон қарореро содир карда ва чанде аз анвои молиёт минҷумла молиёт аз фурӯши тамокуро коҳиш дод. Бар изофа шароити дарёфти муҷаввизи фурӯш ва усули пешпардохт барои содироти тамоку, ки қаблан роиҷ буд, дар асоси қарори мазкур соддатар шуд. Ва ин тағйирот афзуд оқои Иноятов заминаро барои афзоиши майдони кишти тамоку мусоид кард.
Ва аммо кишт ва парвариши тамоку дар авохири солҳои шастуми асри гузашта дар ноҳияи Панҷакент оғоз шудааст. Кишти тамоку дар ноҳия ба тадриҷ ривоҷ ёфта ва тамоку ба зироати асосии соҳаи кишоварзӣ ва ба манбаи умдаи таъмини буҷаи ноҳия табдил меёбад.
Убайдуло Иноятов - раиси идораи кишоварзии ноҳия гуфт, дар авохири солҳои ҳаштод ва ибтидои солҳои навад танҳо аз фурӯши тамоку ноҳия ҳудуди панҷоҳ миллион рубл, ки муодили панҷоҳ миллион доллар аст, фоида ба даст меовард. Ва дар он замон бар ивази як кило тамоку аз Русия 26 кило гандум харидорӣ мешудааст.
Аммо баъдан ба иллати коҳиши равобити иқтисодӣ бо Русия, танҳо харидори тамокуи Тоҷикистон, гароншавии нархи интиқоли тамоку, ҷорӣ шудани муқаррароти нав барои фурӯш ва ниҳоят поин омадани арзиши тамоку кишт ва парвариши он зиёновар мешавад. Шоҳини Облоқулзода, коршиноси маҳаллӣ мегӯяд, яке дигар аз авомиле, ки тамокупарвариро ба соҳаи зиёнбор табдил кард, ба фаъолияти номуваффақи чанде аз ширкатҳои коркарди тамокуи ноҳия робита мегирад: "Ширкатҳое, ки хусусӣ буданд, албатта дар баробари оне, ки рақобат доштанд, лекин бо нархи ниҳоят паст аз деҳқон тамоку харидорӣ мекарданд, масалан ба бист дирам ба сӣ дирам. Яке аз сабабчои ба фурӯш нарафтани тамоку дар Русия паст шудани сифати тамоку бахусус аз ҷониби ҳамин ширкатҳое, ки харидорӣ карданду тамокуро нодуруст ва бесифат пухта ба Русия бурданд."
Оқои Облоқулзода афзуд, бар асари коркарди нодуруст ва ғайристандартии ширкатҳои коркарди тамоку садҳо тонна тамокуи ноҳия дар корхонаҷоти Русия бидуни харидор боқӣ мондааст. Ба назари оқои Облоқулзода коҳиши арзиши тамокуи Тоҷикистон дар бозорҳои Русия ва ба ҳамин тартиб то ба сӣ дирам ва ё ним кило гандум поин омадани қиммати он маҳз дар ҳамин замина сурат гирифтааст.
Масъулини умури кишоварзӣ дар ноҳияи Панҷакент гуфтанд, ки афзоиши майдони кишт ва парвариши тамоку сатҳи бекориро пойин хоҳад бурд. Аммо кишоварзони ноҳия дар ин маврид назари дигар доранд.
Абдураҳмони Аҳад як тан аз кишоварзон аз хоҷагии деҳқонии мавсум ба Зарафшон дар сӯҳбат бо хабарнигори Радиои Озодӣ гуфт, нархе, ки ҳоло ду ширкати асосии харидори тамокуи ноҳия "Идел Табак" ва "Ҳаҷ" барои тамоку гузоштаанд, онҳоро қонеъ намекунад. Оқои Аҳад гуфт, то замоне, ки килои тамоку бо нархи на камтар аз ду то се доллар харидорӣ нашавад, гумон аст тамокупарварӣ дар ноҳия ба мисли солҳои пешин ривоҷ гирад: "Мисол ҳамин панҷоҳ сотих тамоку мегирам. Барои кори ин миқдори замин ҳадди аққал панҷ нафар коргар бояд дошта бошам. Аз панҷоҳ сотих агар сӣ сентнерӣ ҳосил гиред, якуним тонна ва якуним ҳазор сомонӣ мешавад. Бо якуним ҳазор сомонӣ панҷ шаш хӯрандаро пӯшондаву хӯронда намешавад. Барои ҳамин барои килои тамоку се сомонӣ то чаҳор сомонӣ ҳақгузорӣ шавад, онгоҳ мардум ба тамокукорӣ ҷалб хоҳанд шуд."
Аммо масъулини соҳаи кишоварзии ноҳияи Панҷакент мӯътақиданд, ки тамокупарварӣ дар ноҳия ва ниҳоят дар Тоҷикистон ҷойгоҳи пешини худро ишғол хоҳад кард.
Убайдулло Иноятов - раиси идораи кишоварзии ноҳия гуфт, дар ҳоли ҳозир ҳамчунин миёни як ширкати тиҷоратии дигар бо номи "Ба пеш" ва мақомоти ноҳия гуфтӯгу барои ҷудо кардани замини иловагии кишти тамоку ҷараён дорад. Ба ақидаи ҳамин манбаъ ширкати мазкур барои кишт ва парвариши тамоку дар панҷсад гектар замин изҳори омодагӣ кардааст.
XS
SM
MD
LG