Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Садама дар истгоҳи марказии тасфияи оби Душанбе


Маҳмадуллоҳ Ҳалимов - раиси ситоди кулли ҳолатҳои изтирории вазорати ҳолатҳои фавқуллодаи Тоҷикистон 27 июл дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, дар натиҷаи таркиш дар хати интиқоли моеъи хлори истгоҳи марказии обрасонии пойтахт чаҳор нафар кормандони Корхонаи обу корези Душанбе зарар диданд: "Тибқи супориши Маркази санитарӣ-эпидемиологии Душанбе миқдори хлоронии об то 2 - 2,5 миллиграм дар як литр зиёд карда шудааст. Барои ҳамин қубурҳои пластмассӣ тоб наоварда, якеаш кафидааст, он чор нафар заҳролуд шудаанд."
Оқои Ҳалимов ҳамчунин афзуд, дар пайи инфиҷори рухдода партоби гази хлор ба муҳит ба мушоҳида расидааст, аммо номбурда гуфт, мизони таъсири партоби суратгирифта зиёновар нест.
Аммо дар ҳамин ҳол Ҳабибулло Хоҷаев як масъули аршади техникии Корхонаи обу корези шаҳри Душанбе бидуни ишора ба ҷой доштани инфиҷор дар истгоҳи марказии обрасонии пойтахт гуфт, ҳодисаи партоби гази хлор зимни анҷоми корҳои тармимӣ як ҳодисаи маъмулӣ аст ва чунин маворид дар кори рӯзмарраи ниҳодҳои марбутаи Корхонаи обу корези шаҳри Душанбе ба мушоҳида мерасад.
Дар ҳамин ҳол бино ба иттилоъи манобеи Идораи обу корези шаҳри Душанбе ин ниҳод барои аввалин бор дар 15 соли охир интиқоли оби поккоришудаи ошомиданиро ба сокинони қисматҳои марказии пойтахти Тоҷикистон аз сар гирифтааст.
Мақомоти идораи оби пойтахт мегӯянд, ин кор дар пайи насби чанд адад дастгоҳи ҷадиди тасфияи об имконпазир гардидааст.
Холиқи Сангин аз шаҳри Душанбе
XS
SM
MD
LG