Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҳаштоду се тоҷик ҳаққи иқомат дар ИМА-ро соҳиб шуданд


Ҳаштоду се шаҳрванди Тоҷикистон имкон пайдо намуданд, то барои иқомат ба Иёлоти Муттаҳидаи Амрико бираванд. Ин имконро тоҷикистониён пас он пайдо намуданд, ки аз тарафи департаменти давлатии Амрико аз ҷумлаи ғолибони лотереяи раводиддиҳии Иёлоти Муттаҳида мавсум ба «Мухталифот - 2005» эълон гардиданд.
Алмос Сайфутдинов - сухангӯи сафорати Амрико дар Душанбе мегӯяд, қонуни Иёлоти Муттаҳида оид ба муҳоҷират додани 500 000 раводидро ба шаҳрвандони кишварҳое, ки дорои сатҳи пасти ҳиҷрат мебошанд, пешбинӣ намудааст.
Ҷаноби Сайфутдинов гуфт: «Иёлоти Муттаҳида ҳар сол миёни шаҳрвандони кишварҳои хориҷӣ лотерея барои додани раводиди иқомат дар ин кишварро доир менамояд. Аз рӯи натоиҷи имсола 100. 000 нафар аз сартосари ҷаҳон ба ҳайси пирӯзони лотерея эълон гардиданд. Ин пирӯзон аз миёни 9,5 миллион номзад дар муддати аз якуми ноябр то сиюми декабри соли 2003 баргузида шудаанд.»
Алмаз Сайфутдинов афзуд, барои гирифтани раводид номзадон аз сӯҳбат мегузаранд ва бояд ҳадди ақал шаҳодатномаи хатми мактаби миёна ва таҷрибаи дусолаи корӣ аз рӯи тахассуси худ дошта бошад. Номзадҳо бояд то сиюми сентябри соли 2005 раводидро ба даст оранд. Тибқи феҳрасти лотерея теъдоди бештари пирӯзон аз Бангладеш ташкил медиҳанд, ки шуморашон беш аз ҳафт ҳазор нафар будааст. Аз кишварҳои собиқ шӯравӣ аз ҳама бештар украиниҳо бо теъдоди наздик ба панҷу нимҳазор нафар имкони иқомат дар Амрикоро пайдо намудаанд. Ҳамаи кишварҳои собиқ шӯравӣ ба истиснои Русия ба феҳрасти давлатҳое шомил гардидаанд, ки ҷараёни сатҳи пасти ҳиҷратро аз сар мегузаронанд.
Ҳумойюни Шаҳриёр аз шаҳри Душанбе
XS
SM
MD
LG