Пайвандҳои дастрасӣ

"Градострой" дар Душанбе хона месозад


Ширкати сохтмонии Украина бо номи "Градострой" бар асоси тарҳҳои пешниҳод намудаи палатаи савдо ва саноати Тоҷикистон мехоҳад, дар ин кишвар биноҳои нави баландошёнаи истиқоматӣ бисозад.
Одил Сангов - муовини аввали раиси палатаи савдо ва саноати Тоҷикистон дар робита ба ин мавзӯъ ба Радиои Озодӣ гуфт, ахиран як созишномаи ҳамкорӣ миёни палатаи савдо ва саноати Тоҷикистон ва раиси ширкати "Градострой"- и Украина оид ба шурӯъи сохтмони биноҳои истиқоматӣ дар шаҳри Душанбе ба тасвиб расид: "Ин қадами нахустини сармоягузорони украинӣ ҳаст, ки мо ба онҳо имкон додем, худашон интихоб кунанд, ҷой ва биноҳоеро, ки ба фурӯш метавонанд раванд."
Оқои Сангов афзуд бар асоси қарордоди дуҷониба тамоми хароҷоти сохтмони биноҳоро ширкати "Градострой" ба зиммаи худ гирифтааст. Ӯ афзуд, ширкати мазкур бо пуштибонии молии сармоягузорони украинӣ манзили баландошёна месозанд, сипас бо фурӯхтани хонаҳо маблағи масрафнамударо пас мегирад: "Тоҷикистон ба чунин ҳамкорихо ниёз дорад.Чунки нархи хона дар ин ҷо хеле боло рафтааст.Ин гуна ҳамкорихо метавонанд, дар поён рафтани нархи хонаҳо кӯмак кунанд".
Бар пояи иттилоъи палатаи савдо ва саноати Тоҷикистон, қарор аст дар авоили моҳи августи соли равон барои раҳандозии барномаи мазкур як гурӯҳи кории иборат аз муҳандисон ва сохтмончиёни ширкати "Городстрой" ба Душанбе ояд.
Сафаргул Олимӣ аз шаҳри Душанбе
XS
SM
MD
LG