Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Чех дар роҳи тақвияти ҳамкориҳо


Алеш Фойтик - сафири мухтор ва фавқуллодаи Ҷумҳурии Чех баъди супурдани эътиборнома ва мулоқот бо Эмомалӣ Раҳмонов - раиси ҷумҳури Тоҷикистон ба хабарнигорон гуфт, дар ин мулоқот масоили мавриди алоқаи ду ҷониб аз ҷумла дар заминаи иқтисодӣ ва хусусан барномаи сармоягузории ҷониби Чех дар амри таҷдиди Корхонаи сементи Душанбе баррасӣ шудааст.
Ӯ аз ҷумла гуфт: «Масъалаи саҳмгирии Чех дар таҷдиди Корхонаи семент аз муҳимтарин масоили мавриди сӯҳбати мо дар ин мулоқот буд. Дар ҳоли ҳозир барномаи сармоягузории мо дар ҷиҳати таҳким ва афзоиши зарфияти тавлидотии ин корхона ва таҷдиди мошинолоти он баррасӣ мешавад. Ин барномаи сармоягузорӣ даҳҳо миллион доллар арзёбӣ мешавад.»
Ба гуфтаи сафири Чех дар Тоҷикистон, мароҳили аслии таҳияи санади сармоягузори кишвараш дар бозсозии Корхонаи сементи Душанбе мароҳили аслии худро тай карда ва қарор аст, то чанд вақти дигар ниҳоӣ шавад.
Аммо гуфта мешавад, Эмомалӣ Раҳмонов - раиси ҷумҳури Тоҷикистон аз ҷониби Чех ҳамчунин даъват кардааст, ки дар консорсиуми байналмилалӣ ба манзури идомаи сохтмони нирӯгоҳи барқи обии Сангтӯда низ саҳм бигирад.
Абдуфаттоҳ Шарифов - сухангуи раёсати ҷумҳурии Тоҷикистон мегӯяд: "Ҷонибҳо атрофи масъалаҳои ҳамкорӣ, бахусус дар ҷодаи саҳмгирӣ дар сохтмони нерӯгоҳи Сангтӯда тариқи воридшавӣ ба консорсиуми байналмилалӣ, инчунин коркарди зироатҳои кишоварзӣ, саноати сабук, хӯрокворӣ мубодилаи афкори судманд намуданд."
Вале ба гуфтаи сафири Чех дар Тоҷикистон, пешниҳоди мазкур дар дасти баррасӣ ҳукумати кишвараш қарор дорад ва то кунун дар ин замина тасмими ниҳоӣ гирифта нашудааст.
Раҳматкарими Давлат аз Душанбе
XS
SM
MD
LG